ХАБАРИ ДОҒ

Шаҳрдории пойтахт бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеис сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, 1 қатор чорабиниҳои фарҳангиву фароғатиро барои сокинони шаҳри Душанбе омода намудааст.

 

Чуноне ки ба мухбири мо дар дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, пагоҳ соати 09-00 Ниммарафони ҳафтуми байналмилалии Душанбе  оғоз ёфта ширкаткунандагогни ин ниммарафон ба масофаи 21 километр хоҳанд давид.

Ҳамзамон, сайругашти оммавӣ дар боғҳои Дӯстии халқҳо, Устод Рӯдакӣ, майдони 800-солагии Москва ва Кӯли ҷавонон сурат гирифта соати 11-00 дар Қасри теннис Мусобиқаи варзишии теннис ва соати 14.00 ҷаласаи тантанавӣ ва ҷамъбасти озмунҳои касбии соҳавии шаҳрдорӣ , Ниммарафони байналмилалӣ ва қадргардонии ғолибон дар Муассисаи давлатии «Душанбе – Плаза» бо ширкати Маҳмадсаид Убайдуллоев ва дигар фаъолони пойтахт баргузор хоҳад гашт.

Соати 17-00 бошад консерти устодони санъат дар Боғи устод Рӯдакӣ баргузор гашта сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд дар ин чорабиниҳои идона иштирок намоянд.

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter