ХАБАРИ ДОҒ

Иғвои навбатӣ дар марз: 1 кушта ва 11 нафар маҷрӯҳ

  • Сешанбе, Июл 23 2019

Амали иғвогарона ва муноқишаи мусаллаҳонаи ҳамсояҳои моҷароҷӯ, ки бо марги 1 нафар омӯзгори тоҷик анҷомид. 

 Тавре дар Изҳороти паҳншудаи маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ омадааст, дар натиҷаи истифодаи силоҳи оташфишон аз ҷониби истиқоматкунандагони деҳаи Оқсойи н.Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон дар раванди муноқишаи наздисарҳадӣ, ки рӯзи 22.07.2019 дар марзи ҷамоати деҳоти Ворухи ш.Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон рух дод, бар асари тирпарронӣ 1 нафар шаҳрванди ҶТ-сокини ҷамоати деҳоти Ворух, Қароев Ҷалол, соли таваллудаш 1967, омӯзгори МТМУ№23 ба ҳалокат расида, 4 нафар сокинони дигари деҳа маҷрӯҳ гаштанд. Дар пайи сангпартоӣ 7 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Ворух ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд.

Парчам ва аломати роҳ-сабаби муноқиша?

Ин ҳодисаи фоҷиабор дар натиҷаи амалҳои навбатии иғвогаронаи истиқоматкунандагони деҳаи Оқсойи н.Боткон, ки мехостанд монеъи корҳои ободонӣ, насби Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симчуби ҳудуди ҷамоати Ворух гарданд ва ҳам таҳти ҳимояи мақомоти қудратиашон дар ҳудуди қаламрави Тоҷикистон навиштаҷоти «Оқсой», аломати ҳаракат дар роҳ (на зиёда аз 40 км/соат)-ро устувор ва парчами кишварашонро насб карданд, рух дод.

Муноқишаи лафзӣ ба сангпартоӣ ва ахиран истифодаи силоҳи оташфишон аз ҷониби ҳамсоягони моҷароҷӯи деҳаи Оқсой ба сӯйи сокинони бесилоҳи деҳаи Ворух мубаддал гаштааст. Бино ба иттилои Иқбол Илёсзода, котиби матбуотии раиси ш.Исфара, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ш.Исфара Саломзода Сиҷоуддин, сарварони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвар аз бегоҳирӯзии 22 июл то ба ҳоло дар марз қарор  дошта баҳри ба эътидол овардани вазъият дар марз бо ҳамтоёни қирғизи худ гуфтушунид ва талош доранд. Бояд таъкид намуд, ки Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 2 моҳ қабл дар арафаи ҷашни Ваҳдати Миллӣ дар маркази деҳоти Ворух гузошта шуда буд…

Роҳ баста, ҳатто барои «Ёрии таъҷилӣ»

Бино бар маълумоти дастрасшуда, бар асари тирпарронӣ 1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон-сокини ҷамоати деҳоти Ворух, Қароев Ҷалол, соли таваллудаш 1967, омӯзгори МТМУ№23 ба ҳалокат расида, 4 сокини дигари деҳа - Тешаев Мағлуб, соли таваллудаш 1976, Шомирсаидов Расул соли таваллудаш 1977, Бобомаллаев Аминҷон соли таваллудаш 1977 ва Ҷураев Абдумубин маҷрӯҳ гаштанд ва дар шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи деҳаи Ворух бистарӣ карда шудаанд. Мутахассисони соҳаи тандурустӣ таҳти сарварии сартабиби беморхонаи марказии ш.Исфара Таибиддин Муҳаммедов дар шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи Ворух бо анҷом додани амалиёти ҷарроҳӣ ба маҷрӯҳон кӯмаки тиббӣ мерасонанд, баъзе аз маҷрӯҳон ба амалиёти ҷарроҳии мураккаб эҳтиёҷ доранд. Аз соати 17-00-и рӯзи 22 июл то ба ҳанӯз- субҳи рӯзи 23.07 роҳи самти Исфара- Ворух баста буда, ҷониби Қирғизистон ҳатто ба мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ”, ки мебоист маҷрӯҳонро аз беморхонаи деҳаи Ворух ба беморхонаи марказии ш. Исфара интиқол диҳанд, имкони гузар надодаанд. Маҳз дар остонаи вохӯрии сатҳи олии сарони 2 кишвари ҳамсоя дар ш.Исфара рух додани ҳодисаи мазкур шаҳодат медиҳад, ки баъзе аз доираҳои манфиатҷӯйи қирғиз сулҳу субот ва тинҷиву оромиро дар хати марз намехоҳанд ва ба иғвогарӣ даст мезананд.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter