ХАБАРИ ДОҒ

Нафақаи алам ва алами нафақа!

  • Чоршанбе, Июл 24 2019

 

Салом, СССР! Банда «Мо ва нафақаи мо» ном мақоларо дар СССР хонда, ба хулосае омадам, ки мушоҳидаҳои худро бигӯям. Дар МТМУ №6 муаллими собиқадор Абдулҳамид Абдуллоев 56 сол дар синфҳои ибтидоӣ-бо хурдсолон кор кард. Магар ин кори осон аст? Дар ин қадар сол асаби муаллим хароб ва ба ҳар гуна бемориҳо гирифтор мешавад, қувваи кориро аз даст медиҳад, аз нури чашм мемонад. Ӯ 10 нафар фарзандро дар замони шӯравӣ хононд, соҳиби касбу ҳунарҳои гуногун ва хонаю дар кард. Фарзандонаш агроном, духтур, муаллим, коркуни дастгоҳи ҳукумати ноҳия… мебошанд. Шогирдонаш то сатҳи ҳукумати марказӣ соҳиби коранду ифтихори ӯ! Дар замони Ҳукумати Советӣ ба нафақа баромада, 120 сӯм мегирифт, ки ба зиндагиаш мерасид. 

Нафақаи муаллим 1 кило шакар!!!

Бо барҳам хурдани давлати сағерапарвари СССР нафақаи ӯро бо 7 сомонӣ иваз карданд, ки баробар ба 1 кг қанд шуд. Магар ин беинсофӣ дар ҳаққи муаллим нест? Ҳол он ки дорои унвонҳои Аълочии маорифи халқи ҶТ, Аълочии маорифи халқи СССР, собиқадори меҳнат буд. Барои зиёд кардани нафақаи ночизаш даводави зиёд карду 70 сомонӣ (10 кг қанд) шуд. Муаллим баъд аз чанд сол гирифтани ин нафақаи «пурарзиш» аз дунё гузашт. Худи ман 42 сол дар МТМУ №6 дар паҳлӯи устод Абдуллоев, дар синфҳои ибтидоӣ бе танаффус, софдилона кор кардам. Борҳо бемор шудам, ба шифохона нарафтам, аз духтурон бюллетен талаб накардам. Шогирдонам бесавод намонад гуфта, корро давом додам. Борҳо аз Вазорати маориф, шуъбаҳои маорифи вилояту ноҳия комиссия омада, дар дарсҳоям ширкат карда, санҷиданд, таҳлил карданд, аз фанҳои забони модарӣ ва математика имлою кори санҷишӣ гирифтанд, таърифу тавсиф карданд.

  Нафақаи баланд-1 рони гов

Вазорати маориф с.2009 маро бо унвони «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр кард. С.2009 бо…236 сомонӣ ба нафақа баромадам. Баъди 2 бор зиёд кардан нафақаи ман ҳоло 460 сомонист. Ба инаш ҳам шукр! Лек бо ин нафақа имрӯз зистан басо мушкил. Зеро нарху наво дар бозор хеле боло рафтааст. 1 халта орди навъи дуюми 45-кг 160 сомонӣ, орди дуюми 50 кг 165 сомонӣ, орди якуми навъи олӣ 50 кг 180-185 сомонӣ, 5 литр равғани пахта 50 сомонӣ, 1 кг гӯшти гов 40-45 сомонӣ. Яъне дар нафақаи ман 10 кило гӯшт, ё худ 1 рони гов метавон хариду бас…Нархи доруҳо дар дорухонаҳо низ дандоншикан. Аз ҳисоби нафақа каме сарфа карда, пули барқ, об, суғуртаи замин ва амволи хонаро месупорам. Болои ин нафақаро ҳар моҳ дер мегирем. Аз мағозаҳо орд, равған, собун, гӯгирд, қанд, чой ва дигар чизҳои дар рӯзғор лозимбударо қарз мегирем. Нафақаро, ки гирифтем бурда, қарзро адо мекунем. Фарзандон ба падару модар ёрӣ расонда наметавонанд, зеро ҷои кор надоранд ва пули ночизе, ки меёбанд, ба рӯзгори худ намерасад. Ҳукумат муваззаф аст, дар вақти зиёд кардани нафақа собиқаи кори пиронсолонро ба назар гирифта, ба онҳо маоше таъйин кунад, ки дар пирӣ муҳтоҷи фарзанд нашаванд. Магар аламовар нест?

Ҳазратқул Бобохонов,

муаллими собиқадор, н.Вахш

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter