ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Алмосбек Отамбоев боз 1 голи бе ҷавоб ба тӯри дарвозаи Ҷеенбеков зада, довталабона таслим шуд. Акнун ҳукумат ҳайрон аст, ки бо ӯ чӣ кор кунад. Зеро аз эҳтимол дур нест, ки дуру дароз маҳбасӣ кардани экс-президент метавонад бо моҷарои хунин ва ҷанги гражданӣ оғоз бахшад.

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон, рӯзи 8-уми август, баъди штурми бебарори хонаи Алмосбек, дар нишасти Шӯрои амнияти кишвараш гуфт:

-Отамбоев ва ҳамроҳонаш аз силоҳи оташфишон истифода карданд ва муқовимат нишон доданд. Онҳо қонунро дағалона вайрон карданд. Мутаассифона, чанде аз одамон маҷруҳ шуданд. Корманди сохтори ҳифзи ҳуқуқ аз тири силоҳи оташфишон кушта шуд. Баҳои ҷоне, ки аз даст рафт, аз қудрат, сарват ва баъзе манофеи сиёсӣ болотар аст!

Худи ҳамон рӯз, 08.08. Алмосбек изҳор дошт, ки тарафдоронаш силоҳ надоштанд ва танҳо ӯ мусаллаҳ буд. Ҳамзамон қатли 1 афсари Алфа ва захмӣ шудани чанд афсари дигари спецназро Отамбоев бар дӯш гирифт:

-Дирӯз низомиён нагуфтанд, ки барои ба бозпурсӣ бурдани ман омадаанд. Онҳо мисли роҳзанҳо ворид шуданд ва ба паррондани одамон сар карданд. Дар инҷо танҳо ман силоҳ дорам. Мардуми одиро гунаҳкор накунанд. Онҳо ҳатто камон надоштанд. Мумкин аст, санг дошта бошанд…

Баъди ин изҳорот, экс-президент дар гуфтушунуфт бо муовини Вазири Корҳои Дохила- Курсан Асанов гуфт, таслим мешавад, вале ба шарте, ки ба ягон тарафдораш мақомот зиён нарасонад. Ва баъди оне, ки Асанов қавли генералӣ дод, ӯ аз хона бадар омада, ба пулис силоҳашро супурда, таслим шуд. 

"Акнун метавонед маро парронед, аммо ба бачаҳои ман нарасед!" – гуфт собиқ президенти Қирғиз….

М. Мубориз

Махсус барои сайти СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter