Принт

Таъсири Зардушт ба яҳудиён, масеҳиён ва ислом

 

ҶАНОБОН ФАНАТИКҲО!!! Ба ман бовар надоред? Нигошта ва пажуҳиши устод Юсуфшоҳ Яъқубшоҳро хонед, ки бо ихтисор пешниҳодатон менамоям…

Вақте ки Куруш яҳудонро аз асорати бобулиён озод намуд, бисёре аз онҳо дар дарбори Ҳахоманишиён монданд ва Эронро макони зист ихтиёр карданд. Дар ҳамин вақт бо Авесто ва ойини Маздо Ясно ва Зардуштнома аз наздик шинос шуда, минбаъд аз таълимоти паёмбари ориёиҳо дар Таврот истифода карданд. Устод Пури Довуд дуруст қайд менамояд, ки Мусо ва Зардушт ҳар 2 паёмбар буда, яке ба парастиши Яҳва, дигаре ба Аҳура Маздо даъват карданд. Ориёиҳо бо бани исроилиҳо ҳеҷ робита ва наздикӣ надоранд. Чуноне ки ишора шуд, шояд аввалин тамоси ориёиҳо бо бани Исроил дар Бобул баъд аз он ки Куруши Кабир онҳоро аз ғуломии Бобулиён озод намуд, рух дода бошад. Баъди ин озодӣ диндорони яҳуд бо Авесто шинос шуда, аз ойини зардуштӣ, рӯзи растохез, пули сирот, биҳишт ва дӯзахро ба Таврот ворид кардаанд. 

Намоз, рӯза, закот, фариштаҳо, олами улавӣ аз Авесто ба Таврот ва аз он ба масеҳияву ислом интиқол ёфтаанд. Ислом бевосита аз Зардуштия намози 5-вақта ва меҳробро гирифтааст. 

Робендронат Такур дар бораи Зардушт менависад: «Зардушт дар таърихи ҷаҳон нахустин касест, ки динро ба шакли ахлоқӣ даровард. Зардушт бузургтарин паёмбар аст, ки дар таърихи башар зуҳур намуд ва ба василаи фалсафаи худ башарро аз бори сангини маросимӣ озод сохт».

Таъсири Зардушт ба Аврупо

Баъзеҳо ақида доранд, ки сарчашмаи фалсафаи маъруфи санскрити Ҳинд аз ақидаи зардушт ғизо гирифтааст, зеро дар он ҷо низ 2 қувваи хайр ва шар амал менамояд. Нуфузи таълимоти Зардушт дар фалсафаи юнонӣ хеле зиёд аст, метавон гуфт, ки асоси фалсафаи Афлотун ва Ҳероклидро ақидаҳои Зардушт ташкил медиҳанд. Нуфуз ва таъсири афкори Зардушт дар фалсафаи Олмон бештар дар осори Гегел дида мешавад. Ӯ менависад, ки «Дини рӯшноӣ ё накуӣ мустақим - ин дини форсҳои мозӣ аст, ки онро Зороастр бунёд ниҳода буд».

Гёте дар мақолааш «Форсҳои нисбатан қадимтар» мегӯяд: «Зардушт аввалин шуда, ойини аслии табиатро ба маросими мукаммал табдил дод».

Фридрих Нитше менависад, ки «Зардушт бузургтарин ва ростгӯитарин марди таърих аст».

Ховаршинос Вилгелм Ҳейгер мегӯяд: «Маздаясно поктарин ва олитарин адён аст, ки то ин дам вуҷуд надошт».

Зардушт қадимтарин муаллим ва мубаллиғи ҳамон арзишҳо ва усулҳоест, ки имрӯз дар олами тамаддуни Ғарб муҳайёкунандаи рафоҳу накуҳолии моддӣ ва маънавии одамист. Мо дар боло ёдовар шудем, ки таъсири ақидаҳои Зардушт пеш аз ҳама ба фалсафаи Юнон муассир буд, юнониҳо ҳатто Афлотунро шогирди Зардушт меномиданд...

Абдуқодири Абдуқаҳҳор,

журналист

 

Матлабҳои дигар