Принт

Клубҳои шабонаи Душанбе

(Кӣ ба онҳо иҷозаи фаолият додааст?)

Дар яке аз шумораҳои газета мо дар бораи фаъолияти шабонаи тарабхонаи «Караоке «Прайд», ки дар шафати бинои Сирки давлатии Тоҷикистон қарор дошта, мардуми майпарасту ҷанҷоливу занҳои сабукпо онҷо аз поси шаб то субҳи содиқ ҷамъ омада, бо садои баланду гӯшхароши худ ба оромиши сокинони биноҳои ҳамсоя халал мерасонанд, навишта будем. Дар мавриди он, ки мақомоти қудратӣ-Раёсати ВКД дар ш.Душанбе, ШВКД Фирдавсӣ-2, Прокуратураи н.Фирдавсии пойтахт оё нисбати шикояти мо ягон чораандешӣ кардаанд ё не, хабар надорем, зеро аз ин сохторҳои дар боло зикрёфта вокунише ба идораи редаксия ворид нашудааст. Аҷиб аст, ки онҳо ба кӯчактарин матлаби хонандагон эрод гирифта, парванда боз кардаву ҳафтаҳо таштишот мебаранд, лек нисбати шикояте, ки далели ҷиддӣ доштаву шоҳидонаш аз 17 нафар зиёданд, касе лаб во накард… 

    Мо сари ин мавзӯ боз ҳатман хоҳем баргашт, вале бояд ин нуктаро зикр намуд, ки пас аз нашри матлаби танқидӣ дар бораи «Караоке «Прайд» ба идораи редаксия садҳо нафар хонандагон ва сокинони пойтахт занг зада, дар бораи тарабхона, қаҳвахона ва даҳҳо клубҳои шабонаи дигар арзу шикоят карданд.

 «PMS»-бародари «Караоке «Прайд»?

   Давлатмурод Ҷабборов, 1 сокини пойтахт дар бораи тарабхонаи «PMS», воқеъ дар к.Борбади ш.Душанбе ба редаксия шикоят кард. Мавсуф иброз дошт. ки ин қаҳвахона ё тарабхона, ки дар ошёнаи 1-уми бинои истиқоматӣ ҷойгир аст, пас аз соати 21-и шаб ба кор сар карда, то субҳ ба макони айшу ишрат, даъвову додувойи майпарастону занҳои сабукпо ва фисқу фуҷур мубаддал гашта, мардуми маҳал аз дасти ин бетартибиҳо на осоиш доранду на оромиш. Шабе нест, ки дар ин ба ном клуби шабона ҷанҷолу низоъ ба вуқӯъ напайвандаду кӯдакон аз хоб бедор шуда, чунин ҷангҳои бидуни қоидаро тамошо накунанд.    Шикояти чандинкаратаи сокинон ба милисаву прокуратура бенатиҷа монд ва «PMS» ҳанӯз ҳам боз аст.

Иҷозат дар дасти кист?

    Тибқи Фасли 2-юми Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар ш.Душанбе, бо имзои раиси ш.Душанбе ба тасвиб расида, омадааст, ки «Дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе манъ аст:

а) дар кӯчаҳо, майдонҳо, боғу соҳилҳои фароғатӣ (пляж), нақлиёт ва дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин аз соати 2300 то соати 600 дар хобгоҳҳои умумӣ ва манзили зист доду фарёд кардан, ҳуштак кашидан, бо овози баланд суруд хондан, навохтани асбобҳои мусиқӣ, ба кор андохтан ё истифодаи дастгоҳҳои садотақвиятдиҳанда ё таҷҳизоти таъмирии садобардор, ки боиси халалдор гаштани оромии ҷамъиятӣ мегарданд;». 

Саркашӣ аз ин Қоидаҳо ҷавобгарии маъмурӣ дошта сохторҳои қудратӣ ва назоратӣ барои риояи он муваззафанд. Вақте дастури шахсии раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳаст, пас чаро мақомоти қудратӣ ва ниҳодҳои дигари марбута сари ин масъала ҷиддӣ намеандешанд?

 То ҷое хабар дорем барои фаъолияти тарабхона ва клубҳои шабона иҷозатномаи махсус дода мешавад. Мо дунболи ин мавзӯ ҳам ба Раёсати ВКД дар ш.Душанбе ва ҳам ба МИҲД ш.Душанбе муроҷиат намудем, аммо дар ягон сохтор бароямон ҷавоби аниқ ва дуруст надоданд. Пас, кӣ ба чунин тарабхонаҳои кӯчагӣ амсоли «Караоке «Прайд» ва «PMS» иҷозати фаъолияти шабона додааст? 

Зидди клубҳои шабона нестем, аммо…

Дар ш.Душанбе клубҳои шабонаи хеле ҳам хуб, амсоли «Гэтсби», «Гэлекси», «Роял Клаб», «Лофт», «Х.О.» хеле зиёданд ва хизматрасонии онҳо дар дараҷаи олист. Муҳимтар аз ин мо ҳеҷ гоҳ садои мусиқии баланд ва шурӯ мағали мардумро дар чунин ҷойҳо намешунавем, зеро дари онҳо баставу таҷҳизоти садобарории мусиқиашон ҳам тибқи талаботи меъёр асту касеро нороҳат намекунад. Бигузор чунин клубҳо бошанд, вале на клубҳое мисли «Караоке «Прайд»-у  «PMS» ва даҳҳо ба қавле «забегаловка»-ҳое, ки хизматрасониашон бад буда, на шароити хуби мусиқӣ доранду на ошхонаи хуб ва на ба талаботи санитариву эпидемиологӣ ҷавобгӯянд. То он ҳадде шароит надоранд, ки дар фасли зимистон дар ҳарорати -4 низ дар берун караоке гузошта, барои гарм шудани савдои худу мизоҷони майпараст дарёи арақ мерезанд, то каме ҳам бошанд гарм шаванд. Мавзӯро пайгирӣ хоҳем кард. Мо Метавонем!

 

Ҷамилаи Мақсуд, СССР

 

Матлабҳои дигар