Принт

Сафагуфтае аз Душанбе то Ҳисор ва бозпас

Боби 1. Сафар аз Душанбе...

 06.06.2020. Соат ба вақти СССР 09:28 дақиқа. Бо аҳли эҷоди ҳафтаномаи СССР бо нияти истироҳату сайёҳат аз назди бинои “Шарқи озод” роҳ сӯйи Ҳисори шодмон пеш гирифтем. Сурудхонону шӯхикунон хастагии роҳро низ эҳсос накардем. Хоса вақте, ки “ХИДМАТГОР-РОНАНДАИ АСОСИЯМОН” САРДАБИР БУД! Дар наздикии деҳаи Шарора издиҳоми одамонро дида, ба сӯяшон рафтем. Инҷо “Мол-бозор”-и деҳаи Шарора будааст. 

А) Талхаи Озодӣ мекафад!!!

    06.06.2020. Соат ба вақти СССР 10:21 дақиқа. То ин дам  фикр мекардем, ки дар “Мол-бозор” савдогарон фақат ба фурӯши гову гӯсола, бузу гӯсфанд, мурғу хурӯс ва дигар ҳайвони хонагӣ банданд, аммо, не! Дар 1 тараф мардум ба харидуфурӯши ҳайвоноти хонагӣ, дар тарафи дигар ба маҳсули дасти деҳқон амсоли картошкаю пиёз, помидору бодиринг, тарбузу харбуза ва дигар анвои хӯрока машғул буданд. Ҳисси журналистӣ беқарорамон сохту аз пайи пурсидани нарху наво гардидем. Дар ҳақиқат инҷо нархҳо нисбат ба Душанбе арзонтар менамуд. Масалан, 1 кило картошка 3,5-3,8 сомонӣ, 3 кило помидор-10 сомонӣ, 1 дона тарбуз 8-10 сомонӣ, 1 кило пиёз 60 дирам...Нархҳоро дида, нафаре шӯхӣ кард, ки агар аз поинравии нархи пиёз радиои Озодӣ ҳафтаи пор ба таҳлӯка афтода бошад, ин ҳафта аз тарс мекафад. Зеро воқеан ҳам баракси чашминтизориҳои ин радиои “дӯсти Тоҷикистон” нарху наво дар мо поин мераваду меравад...

  Б) Ҳисор равед, мардум!!!

  Ҳисор макони таърихист ва табиати бойю ғанӣ дорад. Аз табиати воло, манзараҳои биҳиштосо, ҳавои тозаву беғубори Ҳисори шодмон як ҷаҳон лаззати маънавӣ бурдем. Мардуми ин шаҳр мардуми хоксору некгумонанд. Ҳарчанд аксари онҳо бо ниқобҳои муҳофизатӣ буданд, вале ҳеҷ кас аз коронавирус наметарсид. Онҳо хушу хурсанд ба назар мерасиданд ва парвои коронавирус ҳам надоштанд. Аҷибаш ин буд, ки дар Ҳисор расидан замон дигар коронавирус на ба ёдамон омаду на эҳсоси хатар намудем. Мардуми инҷо қариб ба куллӣ аз мардуми Душанбешаҳр фарқ мекарданд. Тасвири волои ҳисориҳоро намедонем чи гуна барои шумо хонандагони азиз рӯйи қоғаз орем. Ба чашми худ чизеро, ки набинед бовар намекунед. Зеро ҳатман ҷомаи тарсатонро кашида, Ҳисор равед!  Пушаймон намешавед!

  В) Мардуми меҳмоннавозу меҳнатдуст 

     06.06.2020. Соат ба вақти СССР 10:08 дақиқа. Ба маркази шаҳр расидан замон моро Ният Ҳаёт, масъули робита бо ҷомеа ва ВАО-и МИҲД ш.Ҳисор дидаву дигар “озод накарданд”. Аз боғу роғҳои Ҳисор дидан намуда, каме гелосу олуча низ чидем. Пештоз бояд гуфт, ки барфи аввалиапрелии ғайримунтазира, қариб ҳосили гелосро дар ин ноҳия пурра маҳв кардааст ва сабаби болоравии қимати гелос (ба бахти радиои Озодӣ) маҳз табиат аст, на ҳукумат, на деҳқон ва на вирус...

Дар гӯшаи боғе Ҳикматулло Азизов деҳқони асил ва полезикорро саргарми кор дидему бо эшон каме ҳамсуҳбат гаштем. Дар даст каланд ҷӯйҳои помидорро нарм  мекард. Ӯро марди ҳалиму меҳрубон дарёфтем, ки бо парвардаҳои помидор эҳтиёткорона муносибат доштӣ. Мудом таъкид менамуд, ки “эҳтиёт кунед, мабодо помидорҳоро зер накунед! Он ризқу рузии инсон аст!”. 

Амаки Ҳикматулло мегӯяд, ки аз кор кардан дар сари замин ҳаловати маънавӣ мебарад.  “Ман худ ошпазам, вале боғчакорӣ низ мекунам. Помидору бодиринг ва картошкаю пиёз ба муҳаббати деҳқон ниёз доранд. Гирди онҳоро нарм сохта, мудом обашон медиҳӣ то ҳосили фаровон ба даст орӣ”- таъкид мекард ҳамсуҳбати мо. Дар гӯшаи сояе чойю нон ва каме мева дошту моро ба сари 1 пиёла чой хонд. -Аз заҳмати дасти деҳқони асил нуши ҷон намудан гуворост-гуфта, ҳамкорамон Шералӣ 1 чойник чой ва 2 нони деҳқонро ба 1 дам фурӯ бурду моро ғамину бобои Ҳикматуллоро шод кард...Деҳқонон дӯст доранд, ки шаҳриён бо ишон сари 1 хон шинанд!

Г) Телефон зарар диду айнак гум шуд

   06.06.2020. Соат ба вақти СССР 11:19 дақиқа. Бародари азиз Ният Ҳаёт моро меҳмони худ карда, ба ошхонае бо номи “Ситора” даъват намуданд. Лаззати дастпухти ошпазони ин ошхонаи номдорро намешавад бо навиштан баён кард. Хӯрокҳои хеле олӣ! Дасташон дардро набинад. Инҷо ҳам моро бо қулфинайу мармиҷон, зардолую шафтолу, гелосу себу олу, тарбузу харбуза зиёфат намуданд. Моҳӣ ва чӯҷаи хонагӣ, ки таомҳои урфии ин ошхонаанд, хеле болаззаттар аз ресторанҳои пойтахтанд. Дар назди ҳавзи об нишаста суҳбаткунон мева мехурдем. Чун ҳарвақта шӯхиҳои акаи Идибек болои лаззати меваҳо лаззати дигар зам мекард. Ҳама саргарми ҳазлу мутояба будем, ки духтарон Ситораву Омирона Шералии “қаҳрамони сари хони деҳқон”-ро ба ҳавзи пур аз об партофтанд. Ана, акнун обпошиву оббозиро бубин. Телефони Ситора аз об зарар диду Шералӣ айнакашро дар оби ҳавз гум кард. Вале хандаҳои самимӣ шухиҳои намакин ва насиҳатҳои Ҷамилабону Ҳусейнова ва Сайёфи Мизроб дар хотираҳо то дер боз нақш хоҳанд баст (воқеан ҳам мо бовар кардем, ки сардабир ғайр аз супоришоти қатъии редаксионӣ шӯхӣ ҳам мекардаанд!)... 

1 ҷаҳон сипос ба акои Ният Ҳаёт, ки чунин лаҳзаҳои хушу гувороро тақдими мо сохтанд!

Боби 2. Бозгашт ба Душанбе

  06.06.2020. Соат ба вақти СССР 14:38 дақиқа. Роҳи бозгашт ба Душанбе низ фаромӯшнашуданӣ буд. Аз фурӯшандагони сари роҳ тарбузу харбуза, гелосу помидор харида, ба Душанбе савғо овардем. Муҳимтар аз ҳама устод Сайёф моро дар бозгашт ба зиёрати мазори устоди марҳум Акбар Саттор, ки дар қабристони деҳаи Мортеппа дафн гардидаанд, бурданд. Онҷо устод аз хизматҳои шоёни устод Акбари Саттор ёдовар шуда, лаҳзаҳои хушу хотирмонро аз ҳаёти устод нақл намуданд. Баъди дуову фотиҳа дар мазори устод, ки Исмоил худро чун эшони асил муаррифӣ намуд, сӯи пойтахти зебоямон Душанбе раҳсипор гардида, соати 15:38 дақиқа ба пойтахт расидем. Ба қавле тим-билдингамон хуш гузашту таҷрибаи гузоришнависиро низ машқ кардем, ки хонанда аз ин репортаж ба мо баҳо хоҳад дод. Мо Метавонем!

 

Исмоилҷон Маликов, Омирона Достиева, Шералӣ Давлатов, Ситора Сафарова, СССР

 

 

Матлабҳои дигар