Принт

Оре, ба иттифоқ ҷаҳон метавон гирифт...

 

 

(Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ)

  Эй бародар,пораи ҷисми Ватан,

 Пораи дигар туӣ аз ин бадан.

Мову ту чун якдилу яктан шавем,

 Комилу якпора мегардад Ватан!

                                                                                            Назри Яздон

Сар карда аз солҳои  80-уми асри гузашта, кӯшишу талошҳо барои истиқлолият,мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, халос шудан аз роҳбарони бегонапараст ва консервативӣ пинҳону ошкор шуруъ шуда буд. Насли баъди солҳои 70 ноаён  аз забону фарҳангу адабиёти бойи  гузаштаи худ дур мешуданд. Дар ҳамаи чорабиниҳои сатҳи давлатӣ ба фарҳангу забони  бегона таваҷҷуҳи зиёдтар медоданд ва онро нисбати забони миллӣ  авлотар медонистанд. Ин буд, ки як гурӯҳ олимону шоирон ва  равшанфикрони тоҷик гоҳ-гоҳ овоз баланд мекарданд ва мехостанд мардумро ба адабиёт ва фарҳанги бойи гузаштаи худ аз наздиктар шинос созанд. Оғози бозсозӣ аз ҷониби роҳбари ҳамонвақтаи Шӯравӣ Михаил Горбачев  раванди ошкорбёнӣ ва худшиносии миллиро тезонд. Мо ҳунармандони соҳаи театр низ аз ин вазъияти гӯиё мувофиқ истифода бурда, асарҳои саҳнавиеро таҳия мекардем, ки ҳисси миллӣ ва хештаншиносиро талқин намуда, ноқисиҳои ҳизби шӯравӣ, амалҳои ғайриахлоқии одамон ва алалхусус роҳбарони ҳамонвақтаро тавассути образҳои бадеӣ ба маъзари тамошо мегузоштем. Спектакли “Раиси 13”-уми драмнависи Бошқирд Азат Абдулин, ки аз кӯҳнаву фарсуда шудани қонунҳои хоҷагии қишлоқ нақл мекард 3 маротиб аз тарафи роҳбарони ҳизби вилоят қабул карда нашуд (Ҳам таҳиягар будам, ҳам нақши асосии раис-Сагадеевро иҷро мекардам)... Танҳо баъди таъсис додани комисияи махсус аз ҷониби вазорати фарҳанг барои намоиши он иҷозат дода шуд, вале танҳо дар бинои театр. 

КПСС шаллақ мешуду исломиҳо қавӣ

Кумитаи Ҳизбии вилоят ба колхозу совхозҳо баровардан ва намоиш додани  онро манъ кард. Ҳамин тариқ дар ҳамаи қишрҳои ҷомеа  муборизаи наву кӯҳна, задухурдҳои пинҳону ошкор барои собит кардани  беадолатиҳои дар ҷомеа вуҷуд дошта шуруъ шуда буд. Ҳеҷ кас баъди як сол чи шуданашро пешгӯӣ карда наметавонист. Рақибони ҳизби Коммунист, ба вежа про-исломистон  аз камфаъолиятӣ ва чалласаводии онҳо истифода карда, оҳиста-оҳиста ноаён мардумро ба майдон мекашиданд. Мардум намедонист,ки гурӯҳҳои номаълум, зери роҳбарии “хоҷагонашон” аз беруни кишвар барои титу -пит кардани Тоҷикистон маблағи хуб мегирифтанд. Дигар мардум сухани ростро аз ботил фарқ карда наметонист. Пош хурдани давлати абарқудрати Шӯроҳо  ногаҳонӣ буд ва ҷомеа барои чунин дигаргунӣ омода на. Сипас гурӯҳе дар андешаи барпо кардани давлати исломӣ шуданд, дигаре нигаҳ доштани ҳукумати Коммунистиро авлотар  медонист, гурӯҳҳои дигар Тоҷикистони бе ин ҳам муфлисшударо ғорат мекарданд ва  тамоми боигарии онро ба яғмо  мебурданд. Лаҳзаҳое фаро расид,ки тӯҳмату дурӯғ мавқеву манзалат ёфт ва ҳақиқату ростӣ суқут кард. Яроқ ба дасти нафароне расид,ки барои онҳо мафҳуми “ватан”,”миллат”,”нанг ва номуси ватандорӣ””ҳиммояи адолату ростӣ”бегона буд. 

Қатлу куштор 2-тарафа буд...

Беҳтарин ва шоистатарин фарзандони миллат таъқиб мешуданду нобуд. Қатлу куштор аз ду тараф идома меёфт.  

 Ҳазорон хеши ноқобил агар мирад,чи ғам дорам,

 Аз он тарсам, ки як бегонаи оқил равад аз даст.

Аз ду ҷониб садҳо ҳазор ҷавонони бегуноҳ ва фирефташуда нобуд ва ҳазорон нафар падару модарон аз ғами фарзандону наздикони шаҳидгаштаашон ин дунёро падруд гуфтанд. Ҳазорон нафарони  дигар ба сарзамини ҳамсоя фирор карданд. Аз ин нанговартар кореро таърих ёд надошт. Мо дар назди арвоҳи қаҳрамонони миллиамон Муқаннаъ, Спитамен, Катан, Темурмалик, Восеъ ва садҳо дигарон, ки барои озодии ватан ҷон нисор карда буданд шарманда ва гунаҳгор шудем!

Омаданаш худ Давлат буд!!!

Ана дар ҳамин як давраи муракабу мушкил ва  тақдирсоз, бо ризояти худои меҳрубон марди ватандӯст, фидоӣ, далеру нотарс, имрӯза пешвои миллатамон, асосгузори сулҳу ваҳдат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдон омад ва бо тамоми масъулият аз паи хомӯш кардани ин оташи оламсӯз гардид. Ӯ вақте ба майдони мубориза қадам гузошт, ки Тоҷикистон дар арафаи нобудшавӣ буд. Фоҷиа ва даҳшати ин ҷангро оилаҳое медонанд, ки дар пеши чашмонашон хонаҳояшонро сӯзонидаву фарзандонашонро бераҳмона қатл кардаанд! Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, ҷон ба каф гирифта, мардуми бехонумоншударо аз ҳар гӯшаву канор баргардонд. Ҳамаи шохаҳои фалаҷгардидаи давлатиро ба тадриҷ барқарор намуд. Оҳиста – оҳиста, қадам ба қадам мулкро обод кард. Ҳам аз дӯст ва ҳам аз душман барои ободии ватан истифода кард. Ниҳоят гурӯҳҳои муқобилро ба сулҳ даъват кард. Танҳо як худи ба ватан баргардонидани ҳазорҳо гуреза аз тарафи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамонии бемисл буд. Давлатеро, ки  набуд, аз чанголи марг раҳо кард! 

Душман гап наёфт, думи сагатро каҷ мегӯяд

Имрӯзҳо, ки коронавирус, вабои аср ба сарзамини мо низ ворид гардида, ҷони садҳо нафарро рабуда истодааст, бояд мо сарҷамъ шавем. Душманону хиёнаткорон дар тӯли 30 сол ҷуз ин “далел” наёфтаанд, ки мардум гирифтори ин маризӣ гардид. Эй, одамон, магар миллионҳо нафарро дар ақсои олам ҳукумати мо гирифтор ба ин мараз кард? Албатта не.  Ба ҷои он,ки ба якдигар дасти ёрӣ дароз кунем, барои рафъи ин бало мубориза барем, баръакс баъзе гуруҳҳо ва нафарони алоҳида ба тӯҳмату буҳтон ва эродҳои ноҷои худ тариқи расонаҳои хабарӣ мехоҳанд байни мардум тафриқа эҷод кунанд ва ҷомеаро аз нав ба низоъ кашанд. Шукри худо имрӯз мардуми мо сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. “Моргазида аз банди ало метарсад”- гуфтаанд.Аз нафароне,ки аз фаъолияти Президенти мамлакат норозианд пурсиданиям,ки як бор ба демократитарин давлатҳои “хаҷагонатон” назар кунед! Онҳое, ки бо ном демократияи худро зӯран ба гардани дигарон бор карданд имрӯз чи ҳол доранд? Ба гуфти Муҳаммад Иқбол: 

“Эй зи кори асри ҳозир бехабар,

Чарбдастиҳои Аврупо нигар!

 Ман ҳамеша аз он дар ҳайратам,ки чаро чунин нафарон, ки аз фаъолияти Президент ва ҳукумати Тоҷикистон интиқод мекунанд,  дар бораи муваффақиятҳои дар ин давра ба даст овардаи Ҳукумати Тоҷикистон, Президенти мамлакат ва миллати худ ҳарфе намегӯянд ва аз ин ифтихор надоранд? Албата, медонем, ки ҳанӯз дар ҷомеа проблема ва камбудиҳо бисёр аст! Дар куҷо нест?  Ҳеҷ кас нагуфтааст, ки мо аз нуқтаи назари сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ба зинаҳои олӣ расидаем. Дар назди таърих 25-30 сол ин як мижа задан аст. Вале шукр, ки дар ин давра зери роҳбарии  Пешвои миллат ва  мардуми шарифи Тоҷикистон ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидем.

Ҳангоми  кору фаъолият карданам дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар сӯҳбатҳои хосаи чанд нафар мансабдорони калидӣ ва мардуми оддӣ баъзан иштирок мекардам. Онҳо Президенти моро аз мо зиёдтар дӯст медоранд. Борҳо шунидаам, орзу мекарданд кош худо ба онҳо низ чунин Президенти ғамхор ва барои миллаташ дилсӯз ато мекард. 

Ватан азиз аст-Ваҳдати он азизтар! Имрӯз  бераҳмона қатлу ғорат шудани мардумони Сирияву Ироқ ва Ливану Афғонистон, сарсону саргардон шудани милионҳо  занону кӯдакон ва пирону ҷавонон дар арсаи ҷаҳон моро водор месозад,ки аз ҳарвақта бештар  ҳушёрӣ зоҳир намуда, тинҷиву оромии Ватани азизамонро бо тамоми ҳастӣ пуштибонӣ кунем. 

Шукр кунӣ неъматат афзун шавад,

В-ар накунӣ аз кафат берун шавад!

                                           Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, дорандаи

                        ҷоизаи давлатии Тоҷикистон, ба номи А.Рӯдакӣ

                                                   Мирзоватан Миров  

 

Матлабҳои дигар