ХАБАРИ ДОҒ

«Ансоруллоҳ» - қаноти ҷангии наҳзат

  • Чоршанбе, Июл 01 2020

  

 

Баъд аз мағлубият дар интихоботи парлумонии соли 2015 ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ дар моҳи сентябри ҳамон сол бо мақсади ғасби қудрати сиёсӣ даст ба табаддулоти ҳарбӣ зад. Ин мудҳиштарин ҷиноят ва хиёнате буд, ки наҳзатиҳо пас аз соли 1997, яъне баъди истиқрори сулҳу оромӣ дар кишвар анҷом дода буданд. Хушбахтона, он замон сохторҳои қудратии Тоҷикистон бо дастгирии мардуми шарифи кишвар тавонистанд, ки пеши роҳи ин амали нангини наҳзатиҳоро гиранд ва бори дигар Тоҷикистонро аз хатари ғосибии ин неруи аҳриманӣ наҷот диҳанд. 

Баъди ноком шудан дар кӯшиши  табаддулоти давлатӣ ва ошкор гардидани мақсадҳояшон, як гуруҳ масъулони наҳзатӣ аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар кишварҳои Аврупо панаҳ бурданд. Айни замон ин тудаи зиддимардумӣ тавассути васоити ахбори умум ва шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти иғвогарона ва тахриботии худро бар зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. 

Албатта матлабу навиштаҳои наҳзатиҳо ғайр аз дуруғпароканию тӯҳмат чизи дигаре надоранд. Аммо онҳо бо созмон додани чанд ташкилоти дуруғин чеҳраи худро дигар карда, мақсадҳои зиддимиллии аслиашонро пинҳон менамоянд. Риёкорона худро озодандешу, демократу ҳомии ҳуқуқи инсон ва муборизи сиёсӣ меноманд.

Аммо мардум огоҳ аст ва дуруст дарк кардааст, ки наҳзатиҳо на неруи сиёсии мухолиф, балки як тудаи ифротӣ буда, барои мардуми кишвар ғайри бадбахтӣ чизи дигаре оварда наметавонанд. Вақтҳои охир созмонҳои байналхалқӣ ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам наҳзатиҳоро дурусттар шинохтанд ва аз мақсадҳои аслиашон огоҳ шудаанд. 

ҲНИ мусичаи бегуноҳ нест

Ҳарчанд наҳзатиҳо имрӯз дар Аврупо аз арзишҳои волои инсонӣ сухан мегуянд ва худро «мусичаи бегуноҳ» ҷилва дода, ҷор мезананд, ки гуё як ташкилоти оромишписанду озодихоҳ бошанд, аммо мавҷудияти қаноти ҷангии ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ - созмони террористии «Ҷамъияти Ансоруллоҳ» дар асл кӣ будани онҳоро фош менамояд.

Дар мансубият доштани «Ансоруллоҳ» ба ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ягон шубҳае нест. Ба фарқ аз созмонҳои дуруғине, ки наҳзатиҳо дар Аврупо ташкил кардаанд, ин созмони террористӣ воқеан вуҷуд дорад ва ҳама медонанд, ки айни ҳол дар ҳудуди  Афғонистон фаъол мебошад. 

Дар шабакаи Интернет низ маълумоти кофӣ оид ба созмони террористии «Ҷамъияти Ансоруллоҳ»,  фаъолияти зиддибашарӣ ва даҳшатафканиҳои он мавҷуд аст. Мувофиқи ин маълумотҳо, баъд аз истиқрори сулҳу оромӣ дар кишвар, як гуруҳи наҳзатиҳо бо роҳбарии Амриддин Табаров аз Тоҷикистон дубора ба Афғонистон гузашта, ин созмонро ташкил додаанд. 

Раҳбарияти наҳзатӣ аз давраи пайдоиши «Ансоруллоҳ» то ҳозир иртиботи худро бо он рад мекунанд. Вале воқеият он аст, ки дар вақташ саркардаҳои наҳзат бо вуҷуди ба имзо расондани Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ин гурӯҳро ба таври махсус созмон дода, ҳамчун бахши ҷангии ташкилоташон дар анҷом додани амалҳои террористӣ истифода кардаанд.

Ба хотири пинҳон доштани ин амали худ, наҳзатиҳо чунин хабар паҳн карда буданд, ки гуё аъзои «Ансоруллоҳ» як гурӯҳи аз ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ҷудошуда бошанд. Барои ҳамин дар аввали фаъолияташон аъзои «Ансоруллоҳ» ҳамчун як бахши созмони дигари террористии ба ном Ҳаракати исломии Узбекистон фаъолият доштанд. 

Вале баъд аз он, ки ҷангиёни «Ансоруллоҳ» бо фармони саркардаи ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон даст ба террору куштор заданд ва фаъолияти онҳо ҳудуди Афғонистону Покистонро ҳам фаро гирифт, ин макру ҳиллаи навбатии наҳзатиҳо ошкор гардид. 

Ҳамин тавр, дар соли 2010-ум баъди исботи ҷиноятҳою террорҳои пайдарҳамаш созмони «Ҷамъияти Ансоруллоҳ» дар Тоҷикистон мамнуъ ва террористӣ эълон карда шуд.

Факти мансубияти Ансоруллоҳ ба ҲНИ

Далелҳое мавҷуданд, ки маҳз ба ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ мансубият доштани «Ансоруллоҳ»-ро исбот мекунанд. Якум, таъсисдиҳанда ва роҳбари собиқи он мулло Амриддин Табаров, ки чанд сол пештар зимни як амалиёти неруҳои эътилофӣ дар ҶИА нобуд карда  шудааст, яке аз аъзо ва масъулони собиқадори наҳзат буд. 

Дуюм, ҷангиёни дигари ин созмони террористӣ низ аъзо ва пайравони ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ буданд ва ҳастанд. Сеюм, «Ансоруллоҳ» аз ҷониби саркардаҳои наҳзатӣ дастгирии моддӣ меёфт ва меёбад. Чорум, сафҳои ин созмони террористӣ маҳз аз ҳисоби он ҷавононе пурра мегардид, ки дар натиҷаи таблиғоти мубаллиғони наҳзатӣ мағзшӯӣ шуда, ба доми макри онҳо меафтиданд. Панҷум, силсилаи амалҳои террористӣ ва кушторҳоро дар Тоҷикистон  саркардагони наҳзатӣ маҳз бо дасти ҷангиёни «Ансоруллоҳ» анҷом додаанд.

Ғайр аз ин, «Ҷамъияти Ансоруллоҳ» бо ташкилотҳои дигари террористӣ, аз  ҷумла «Ал Қоида», Ҳаркати Толибон ва ДИИШ робитаи зич дошта, дар фаъолияти террористии онҳо бар зидди неруҳои эътилофӣ дар Афғонистон ширкат мекунад ва аз онҳо кумак мегирад. Яъне «Ансоруллоҳ» як звенои махсуси ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ аст, ки онро бо терроризми байналхалқӣ васл кардааст. 

Ҳамзамон, мавҷудияту фаъолияти созмони «Ансоруллоҳ» як механизми терроризми байналхалқӣ ва иштирокчии бевоситаи ин падидаи номатлуб будани наҳзатро исбот менамояд. Чунин бармеояд, ки ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ тавассути фаъолияти тахрибию террористии ҷангиёни «Ансоруллоҳ» на танҳо бар зидди Тоҷикистон, балки бар зидди неруҳои давлатии кишварҳои дигар ва неруҳои эътилофӣ дар ҳудуди Афғонистон низ ҷангидааст. 

   Мувофиқи иттилооти ВАО, бо вуҷуди дар натиҷаи амалиётҳои неруҳои эътилофӣ нобуд шудани Амриддин Табаров ва заиф гардидан, созмони «Ансоруллоҳ» то ҳануз фаъол аст. Мавҷудияти ин гуруҳи террористӣ дар минтақаҳои шимолии Афғонистон ҳамчун як хатари ҷиддӣ ба амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳисобида мешавад. 

Аммо таваҷҷуҳи асосӣ бояд ба он ҷиҳати масъалаи мазкур равон карда шавад, ки «Ансоруллоҳ» то ҳануз ҳамчун як бахши ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ бо саркардаҳои ин ташкилот иртибот дорад ва бо супориши онҳо метавонад бар зидди давлат ва миллати мо амалҳои тахриботиашро фаъол намояд. Масалан, чунин амалҳои нангин, яъне ҳамлаҳои мусаллаҳонаи наҳзатиҳо дар навоҳии шарқии кишвар бо дасти «Ансоруллоҳ» дар тирамоҳи соли 2010 нисбат ба низомиёни Тоҷикистон рух дода буданд.  

Ансоруллоҳ-сар дар Аврупову дум дар Афғонистон

 Чанд соли охир саркардаи наҳзатӣ дар Аврупо паноҳ бурда, аз он ҷо фаъолияти зиддимардумию зиддидавлатӣ анҷом медиҳад. Ҳарчанд ки аз демократия, озодии баён, ҳуқуқи инсон ҳарф мезанад, лекин то имрӯз аз хидмати созмони террористии «Ансоруллоҳ» истифода мебарад ва фаъолияти ин гуруҳи ифротиро пуштибонӣ мекунад. Вай борҳо таъкид кардааст, ки ҳизбаш (манзур ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ) гӯё ба созмони «Ансоруллоҳ» робита надорад, аммо воқеият дигар аст. 

Наҳзат ҳамеша бо ин созмон робита дошта, дар ҳолатҳои зарурӣ аз «хизмат»-и он истифода мекунад.  Албатта, назари фиребо ва гумроҳкунандаи раҳбарияти наҳзатӣ ба воқеият рост намеояд. Тавре ки болотар ишора рафт, «Ансоруллоҳ» дар хидмати наҳзат буда ва ҳаст ва онро наметавон аз хатти маши ташкилоти террористии наҳзат ҷудо донист.

Ҳамин тариқ, исбот шудааст, ки созмони террористӣ-экстремистии «Ҷамъияти Ансоруллоҳ» як бахши ҷангии ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ буда, барои амалӣ сохтани мақсадҳои сиёсию ҷоҳталабонаи саркардагони ин ташкилот фаъолият мекунад. Қисми таркибӣ ё қаноти ҷангии наҳзат будани «Ансоруллоҳ» баёнгари он аст, ки ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ як неруи ифротгарои зиддимиллӣ ва зиддибашарӣ мебошад.  

 

Ашӯров Абдунназар

сиёсатшинос

 

 

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter