Принт

Аввал мусалмону баъд тоҷик?

Имрӯзҳо гурӯҳҳои мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон дур аз Ватан аз минбарҳои баланд ҷор зада мегӯянд, ки гӯё сабаби ба ДИИШ шомил шудани бархе аз ҷавонон аз бесаводӣ ва маҳдуд кардани омӯзиши дини ислом аз ҷониби Ҳукумат бошад. Аввалан ин ки Ҳукумат ба омӯзишу эътиқоди динии мардум ягон монеа эҷод накардааст. Баъдан чунин савол пеш меояд, ки воқеан ҳам мухолифин зоҳиран мусалмони қавӣ буда, вале ҳадаф чӣ бошад, ки онҳо на дар кишварҳои мусалмоннишин, балки дар кишварҳои ғайримусалмоннишин маскан гирифтаанд? Фикр мекунам мухолифин кӯшиши ғасби Ҳукуматро доранд. Мабодо сари Ҳукумат оянд (чунин қудрат надоранд), бо кадом кишварҳои мусалмонӣ тақлиду пайравӣ мекарда бошанд, Ироқ, Сурия ё Афғонистон? Оё метавон гуфт, ки дар замони ҷаҳоншавӣ пешрафти техникаю технология танҳо бо омӯзиши динӣ мардум куллан босаводу бомаърифат гардида, илму техника ва ҷомеа рушд кунад?

1 блогери тоҷик бо номи Абдураҳмон 09 дар баромадҳояш пайваста зикр мекунад, ки «Алҳамдуллилоҳ аввал мусалмонем ва баъд тоҷик». Аввал тоҷикем ва баъд мусалмон, бояд гуфт. Магар онҳо аз таърихи дин, аз таърихи тоҷикони тамаддунофар огаҳӣ надоранд? Вақте тоҷик вуҷуди ҳастиву дини худро дошт, дар бораи дини ислом ҳатто тасаввуроте набуд. Пайдоиши исломро ҳамагӣ 1400 сол шудаасту халос. Ин  гуна беэҳтиромию нодидагириҳо нисбати тоҷики тоҷдори бостонӣ таҳқири маҳз аст. Мухолифи режими Ҳукуматҳо дар тамоми давлатҳои дунё ҳаст, вале ба воситаи интернет, ки тамоми ҷаҳон онро мешунаванду тамошо мекунанд, мусалмон нисбати мусалмон таҳқиру дашномҳои қабеҳ доданро раво мебинад, магар ин мусалмонист? Боз шарм накарда, ҷор мезананд, ки аз ҳама дини поку беолоиш ин дини ислом асту халос.

Аз ин рӯ, аз сиёсатмадорони асил хоҳиш карда мешавад, ки ба ин суолҳои сиёсӣ равшантар ва муфассалтар бо факту далелҳои мушаххас посух гуянд, то ки мардуми қаторӣ низ бархурдор шаванд.

Табаралӣ Авсақолов, 

н.Фархор

 

Матлабҳои дигар