ХАБАРИ ДОҒ

Пас аз таъсиси дастаи ҳунарии фолклориву этнографии «Ганҷина»*, соли 1987, ансамбл барои муаррифӣ ва ғанӣ гардондани хазинаи филармония ба шаҳру навоҳии собиқ вилояти Кӯлоб ба сафари ҳунарӣ баромад. 

Шаҳраки Москва, ҳозира маркази ноҳияи Ҳамадонӣ. Дар саҳнаи мудаввари болокушода барномаи ҳунарии «Ганҷина» ҷараён дошт. Дар миёнаҳои барнома навбати бадеҳаи «Куҷо будӣ Секинак?» дар иҷрои ҳунармандон Тоҳир Тоҳиров (домоди Гадопанҷсади Кангуртӣ, арӯс набераи мӯйсафед – У. Ш.)  ва Зебо Ризоева фаро расид.

Қабл аз оғози ин ҳунарнамоӣ, дар фосила солисти даста Чилахон Холов дид, ки Тоҳир 6 номгӯй ҷиҳозе, ки дар суруд истифода мегардид: сурма, усма, тоқӣ, кафш, рӯймол ва куртаро бо тартиб гузошта, канор рафт.

Ҳуши ҳама ба саҳна буд. Чилахон зуд аз либосовезак поҷомаи занонаеро гирифта, хушрӯ ба ҷои курта таҳ карда монд.

Ровӣ эълон кард: бадеҳаи «Секинак», дар иҷрои… Ва суруд оғоз ёфт.

Зебо:

- Куҷо будӣ Секинак?

Тоҳир:

- Бозор будам ширинҷон.

Зебо:

- Чиҳо – чиҳо овардӣ?.. 

Тоҳир бо навбат ҷиҳози аз бозор харидаашро сурудхонон ба маъшуқааш нишон медод. Навбат ба курта расид. Тоҳири аз оламу одам бехабар бо завқ «курта» - ро аз бағал берун кашида, «…бозор будам ширинҷон… куртаи… овардам» суруда буд», ки Зебо қарақасти ханда бардоштаву шармида ба пушти саҳна гурехт.

Мухлисон чунон қарс заданд, ки мусиқӣ аз зарби доду ғирев тамоман шунида намешуд. Ҳамҳамаи кафкӯбӣ паст намешуд. Мардум ҳамоно механдиданду механдиданд. Тоҳир ҳайрон мобайни саҳна куҷо рафтанашро намедонист. Ҳич сарфаҳм намерафт, ки онҳо барои чӣ механданд. Ниҳоят, чашмаш ба «курта» - и дасташ расид, фаҳмид, ки чӣ гап шудааст. Ӯ низ ба ханда даромад ва почаи эзор дар даст хандазанон саҳнаро тарк гуфт…

Устод Зафар Нозим он шомгаҳӣ бо дӯсти деринаш Қурбон Зардаков дар шаҳри Кӯлоб дами беғам мезад. Ҳунармандон пас аз консерт ба қароргоҳи муваққатии хеш, ба шаҳри Кӯлоб баргаштанд. Маддоҳе қазияи онрӯзаро ба Зафар Нозим расонд. Устод ба таҳқиқ ва дарёфти «гунаҳкор» пардохт. Аммо бенатиҷа… 

Бо гузашти чанд рӯз, сари нишасти чортание Чилахон аз сарояндагони машҳур ва ҳаводорони воқеии ноҳияи «Московский» ёдовар гашт. Пас ба «гуноҳаш» иқрор ва ба таҳсини устод: «Ҳа, ҷонша Чилахон» мушарраф гардид. 

 

Умари ШЕРХОН

12.5.2020

_________________

*Таъсиси «Ганҷина» - соли 1986

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter