Принт

Зиёрати Каъба

 

Б.Ғафуров аз соли 1956 то охири умраш директори Институти шарқшиносии АУ СССР буд. Тадқиқоти олим асосан дар се самт: омӯзиши таърих ва вазъияти ҳозираи ҳаракати миллии озодихоҳии халқҳои Шарқ, сиёсати 

миллии ленинии КПСС, таърихи халқҳои Шарқ ва пеш аз ҳама давраҳои қадим ва асримиёнагии он ҷараён ёфтааст. Ӯ дар ин солҳо чандин мақола, маҷмӯаҳо, ҳуҷҷату дастурҳо интишор намуд, ки ба масъалаҳои инқирози системаҳои мустамликадории империализм ва ташаккули давлатҳои ҷавони мустақили Осиё ва Африка бахшида шудаанд.

Муҳаббат ба Қуръон ва орзуи тавофи Каъба

Падару модари Бобоҷони хурдсол нисбати тарбияи хуби ӯ диққати калон медоданд ва онҳо ҳамчун шахсони босаводу бофарҳанг аз рӯи таълимоти китобӣ рафтор менамуданд. Аз ҷумла, ба фарзанди калонӣ таълимоти хуби диниро низ дода буданд.

Ман 7-уми апрели соли 1990 бо хоҳари калонии Б.Ғафуров-Тоҷинисо Ғафурова сӯҳбати тӯлоние доштам. Дар аснои сӯҳбат, аз ҷумла, гуфтанд, ки модарам Бобоҷон-акаамро бо ояти Қуръон таълим медод. Ва то охири умр бародарам ҳамчун мусулмон ба китоби муқаддастарини мо-Қуръони маҷид муҳаббати бепоён доштанд.

Ҳамин эътиқоду муҳаббати Б.Ғафуров ба китоби мусулмонон Қуръон буд, ки баъди сарвари пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои СССР шудан (соли 1956), аввалин кӯшиши эшон ҳарчӣ тезтар ба чоп омода кардани Қуръон шуд. Сониян, Б.Ғафуров чун фарзанди мусулмон, аз хурдӣ адо кардани ҳамаи панҷ рукнҳои мусулмониро медонисту риоя мекард. Ва яке аз онҳо тавофи Каъбаро сидқан ва самимона мехост. 

Нахустин ҳоҷӣ-академик-коммунист

Инак, соли 1974 ба ӯ имконият мешавад, ки барои зиёрати хонаи худо Макка ва Мадина ба ҳаҷ равад. То академик Б.Ғафуров ҳеҷ намояндаи мусулмонони шӯравӣ ва ҳеҷ як донишманд ва замоне котиби аввали ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ ба ин сафари ҳаҷ нарафта буд. Профессорон З.П.Хоҷаев, Ю.Б.Исҳоқӣ ва дигарон рафтаанд, аммо на тариқи расмӣ. 

Пеш аз сафари ҳаҷ Б.Ғафуров моҳи маи соли 1974 ба сари қабри модар, ба ш.Душанбе омада, сурае аз Қуръон қироат намуд. Ин гӯё як фотиҳаи модар ба писар ба ин сафари муборак буд. Бобоҷон Ғафуров соли 1974 сафари муборакро дар Арабистони Саудӣ аз ш.Ҷадда оғоз мекунад. Подшоҳи онвақтаи мамлакат Файсал Абдулазиз ас-Саудшоҳ эшонро қабул мекунад. Яке аз аввалин суоли шоҳ ин буд, ки «Оё Шумо Каъбаро тавоф карданиед?» «Оё коммунистон ба ин эътиқодманданд?» ва дигар чизҳоро пурсид.

Б.Ғафуров, ки аз Қуръон бохабар буд, бадоҳатан ҷавоб дод:

- Каъбаро тавоф кардан, пеш аз ҳама шарт аст, ҳазрат. Ҳар фарде, ки худро мусулмон мешуморад, бояд аз ҳақиқати ислом бохабар бошад. Мо, ки алҳамдулиллоҳ мусулмон ҳастем, бояд вазифаи мусулмониро аз худ кунем ва аз рӯи нишондоди он амал намоем.

Дар ин сӯҳбат бо шоҳ Файсал Б.Ғафуров ояте аз сураҳои Қуръон оварда, илова мекунад, ки ҳеҷ пирӯзӣ бе дӯстиву рафоқат даст надодааст. Дар ин ҷо ҳадиси ҳазрати пайғамбар алайҳиссаломро оварда гуфтааст: 

«Мӯъминон дар дӯстӣ ва раҳму шафқат монанди як ҷисманд, узве агар ба дард ояд, ҳамаи узвҳои дигар низ дард мекашанд. Мо бояд мамлакатҳои бо ҳам тифоқ бошем, сулҳу салоҳро сиёсати хирадмандонаи худ донем. Каъба, хонаи худо, муқаддастарин ҷои мусулмонони олам аст. Ман, ки фарзанди мусулмон ҳастам, тавофи Каъбаро аз овони ҷавонӣ сидқан ва самимона мехостам. Вале нуқси поям имконият намедод, ки рукни муқаддасотро иҷро намоям. Ҳоло ҳам дар андешаам, ки бо ин пои ланг дар ин синну сол чӣ тавр ҳаҷ мекунам. Оё бо ин пой ба кӯҳи Арафот мебаромада бошам?»

Аз ин сӯҳбат, аз ин ҷавобҳои пурмаъно ва хирадмандонаи Б.Ғафуров 

шоҳ Файсал ба ваҷд омада, як луқмае мепартояд:

- Воаҷабо, агар коммунистон ин хел мӯътақиди дини ислом бошанд, сад офарин!

Баъд шоҳ ба Б.Ғафуров рӯ оварда мегӯяд: - Барои Шумо аробаи дучарха пайдо мекунем ва ба аробача мешинед ва ҳаҷро адо мекунед. Рӯзи дигар зиёрати Каъбаро карданд, баъд ба Миною Муздалифа ва кӯҳи Арафот рафтанд.

Зиёрати ҳаҷ-бақои дӯстии СССР ва Арабистони Саудӣ

Баъди зиёрати Каъба шоҳ Файсал аз сари нав Ҳоҷӣ-академик Б. Ғафуровро қабул кард. Дар ин сӯҳбат Ҳоҷӣ Бобоҷон тавассути китобҳои хондаи худ аз рӯи «Таърихи Табарӣ», «Таърихи масъудӣ»-и Байҳақӣ, «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд оид ба таърихи дини ислом, ҳаёти Муҳаммад-Расули худо нақл мекунад. Яъне аз маълумотҳои аз китоби ниёгон ва махсусан модари босаводи худогоҳаш гирифтааш дар ин сафар кор дод. 

Барои Б.Ғафуров ҳаҷ на фақат ибодат, балки як анҷуманест, ки тамоми мусулмонони олам дар он ҷо мусоҳиб мешаванд. Устод чун донандаи хуби Қуръон аз сураи «Бақара» ояти 196 огоҳ буд, ки мегӯяд: «Аъмоли ҳаҷ ва умраро барои худои мутаол ба поён расонед». Аз ин ҷост Ҳоҷӣ-академик Б.Ғафуров зимни ин сафари муборак ҳамаи шартҳои асосию муҳими ҳаҷро ба ҷо овард. Аввалан, Каъбаро зиёрат карда ба хондани дуои «Лабайка Оллоҳума лабайк», яъне дуои талбия ҳафт маротиба онро тавоф намуд.

Баъди он, санги сиёҳ, ки онро Ҳаҷаруласвад меноманд, мебӯсад, аз чашмаи Зам-зам оби муқаддас менӯшад ва ҳафт маротиба байни теппакӯҳи Сафо ва Марвро ба хотири он, ки Ҳоҷар-завҷаи Иброҳим алайҳиссалом дар атрофи он ҷойҳо дар ҷустуҷӯи об давутоз намуда буд ва аз рӯи ривоятҳо кӯдак пайдо шуда буд, метозад. Б.Ғафуров дар хонаи худо чун марди поку некхоҳ қадам мегузорад. 

Аксари мо расми дар Каъбатуллоҳ гирифтаи устод Ҳоҷӣ-академикро дар либоси эҳром дидаем. Он рӯзҳои дар либоси эҳром будан Б.Ғафуров худро чун хушбахттарин фард меҳисобид. Ӯ дид, ки ҳамаи эҳромбастагон бародарони моанд ва ваколату намояндагии маънавии моро ба дӯш доранд. 

Сипоси Андропов

Баъди ду-се рӯзи баргаштани Б.Ғафуров аз Маккаю Мадина рӯзе занги утоқи кориаш баланд мешавад. Аён аст, ки занги ҳукуматӣ. Аз он тараф садо меояд, ки ҳозир раиси кумитаи бехатарии давлатӣ (КГБ)-и СССР Ю.В.Андропов дар тамос мешавад. Академик Б.Ғафуров ҳайрон мешавад, ки чӣ гапу чӣ коре бошад, ки худи Раиси амният гап мезадааст? Баъди салому алейк ва ҳолпурсӣ Ю.В.Андропов гуфтааст:

- Офарин Бобоҷон Ғафурович, шумо бо сафари Макка зиёрати худро ҳамчун мусулмон адо карда, бо ин ба мустаҳкамию дӯстии ду давлат мақоми калон гузоштед.

Оре, Б.Ғафуров ҳам сиёсатмадору дипломат, ҳам сарвари хирадманд, ҳам олими нуктадон ва ҳам мусулмони ба имон буд.

 

Усмонҷон Ғаффоров, с.1999

 

 

Матлабҳои дигар