Принт

Антисанитария дар «Нигора»

Салом ба СССР-и азиз! Чанде қабл огоҳии таблиғотии осоишгоҳи «Нигора»-ро, ки дар шаҳраки Совети н.Темурмалик воқеъ аст, хонда будам. Бо мурури замон ҳафтаи гузашта корам ба ин ноҳия афтоду маҷбур шудам 1 шабро дар осоишгоҳи «Нигора», утоқи №11 гузаронам. Утоқи сард, новобаста аз он, ки фарши гарм насб шудааст, он гармие надорад-масъулон барқро сарфа мекунанд, аммо пулашро аз мизоҷ мегиранд. На печка ҳасту на кондитсионер, вале нархи 1 шаб аз 150 то 200 сомонӣ!

   Ман ҷое сафар кунам, ҳатман лавозимоти лозимиро бо худ мегирам, вале дар душхонаи «Нигора» на собун хасту на мисвок, душхона он қадар ифлос аст, ки акси худатро дар оинаи насбшуда намебинӣ! Рахти хобро каҷукилеб чидаву мизу курсӣ ва рафҳо пур аз хоку чанг. Бо ҳамин ҳол масъулони осоишгоҳ мехоҳанд, ки мизоҷ ояд? 

   Субҳ бедор шуда фаррошро даъват карда, тамоми камбудиҳоро нишон додам ва хостам як бор худам утоқро тамиз кунам, то ёд бигиранд, лек пинакашон вайрон нашуд. Чунин вазъу чунин рафтор аз он дарак медиҳад, ки кормандони Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии ноҳия аз ин осоишгоҳи ба ном машҳур кам дидан мекунанд. Пул мегиранд, вале хизматрасонии лозима нест!

М.Аминова, ш.Душанбе

 

Матлабҳои дигар