Принт

Хатлон: Ҳукумат танҳо ваъдаи холист?!

Сараввал мехостем ба рӯзномаи мардумии СССР изҳори сипос намоям, чун дардошнову дардшунави мардум аст. Саволи матраҳ ин аст, ки бархе масъулин тамоми телевизионҳои давлативу хусусиро телевизион мешуморанду шабакаи наврасону кудакон «ТВБ»-ро аз мадди назар дур мекунанд? Магар ҳокимони мутлақи 1 вилояти калон фаромӯш кардаанд, ки имруз тарбияи ахлоқии насли наврас агар ба зиммаи волидон ва мактабу маориф бошад, пас нақши телевизион ҳам дар ташаккули ӯ таъсиррасон аст. 

  2 сол дар интизори посух….

Имруз ТВБ дар ҳақиқат ба яке аз шабакаҳои сирф кӯдакона табдил ёфтаасту  алоқамандонаш ҳам кам нестанд. Зеро ҳамаруза аз ҳаёти кӯдакону наврасон  хабару гузориш ва барномаҳои ҷолибу диданӣ таҳия ва пешниҳоди дӯстдорони олами рангини бачаҳо менамояд. Аз рӯзи аввали фаъолиятамон дар ин шабакаи кӯдакона 2,5 сол сипарӣ мегардаду то ҳол ҷавоби мактуби худро, ки 2 сол  қабл  ба унвони раиси вилоят оид ба ҷудо кардани утоқи корӣ ирсол карда будем гирифта наметавонем. Ба ростӣ аз шунидани суханони «Ҷавоби мактубро интизор шавед» ба ҷое расидаем. 

Кохи фарҳанг-номи калону деги вайрон?

Наход дар 1 вилояти калон барои 1 рӯзноманигори минтақавӣ ҷудо кардани утоқи корӣ мушкил бошад? Айни ҳол мо дар бинои Иттифоқи касаба иҷоранишин ҳастему аз роҳбари ин ниҳод изҳори ташаккур мекунем, ки моро то ин дам дастгирӣ менамояд. Биёед меандешем, ки чаро ин ниҳоди ғайридавлатӣ моро дастгир асту мо, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро тарғибу ташвиқ менамоем аз мақомоти давлатӣ ягон дастгирӣ намебинем? 

Дар давраи фаъолияти кории муовини соҳавии раиси вилоят оид ба кор бо ҷомеа Хидирзода Махфират Умар ҳам пеши он кас бо ин масъала даромада будем. Он замон  дар ш.Бохтар бинои Кохи фарҳанг бунёд мегардид. Муаллимаи азиз ваъда доданд, ки аз бинои мазкур барои ТВБ утоқе ҷудо хоҳем кард. Мутаассифона муаллима баъди ба истифода додани Кохи фарҳанг бинобар сабаби тағйироти кадрӣ рафтанду мактуби мо боз беҷавоб монд. 

Барои идомаи иҷозаи фаъолияти корӣ дар Кохи фарҳанги шаҳр ба муовини раиси ш.Бохтар муроҷиат карда, ҷавоби қаноатманд пайдо карда натавонистем. Муаллима бо муомилаи ба худашон хос моро то ба охир гӯш карданду сипас бо ваъдаи он, ки  кори мо ҳалли мо худро меёбад рӯҳбаланд намуданд. Баъдан чуноне иттилоъ пайдо кардем, ҳамон Кохи фарҳанги навтаъсис аз об ва барқ қарздор будааст. Шояд ба мо маълумоти бардурӯғ дода бошанд, вале ҳамаи ин баҳонае беш нест. Барои ҳалли 1 масъалаи ночиз ин қадар даводав ва мактуббозиҳо, пеши раису мансабдорон даромадан, ростӣ дилбазан шудааст.  

1 утоқи корӣ чӣ мушкил дорад!?

Дар назар барои 1 рӯзноманигори минтақавӣ ҷудо кардани 1 утоқаки корӣ мушкил бошад, пас аҳволи  мардуми оддӣ, ки бо корафтодагӣ  пеши дари ҳар мансабдор навбат меистанд, чӣ бошад?

Чаро масъулону вазифадорон кашолакориро ин қадар дӯст медоранд? Дар соли 2021 умедвор ҳастем, ки масъалаи норавшани мактуби мо ҳалли худро меёбаду мо дигар дар фаъолияти кории худ монеагиҳоро бартараф хоҳем кард.

А.Нуриддин, Т.Олимов, 

хабарнигорони минтақавии МД «Телевизиони «Баҳористон» 

дар вилояти Хатлон  

Дар ҳамин маврид: Тасодуф аст ё тасодум, ки баъди сари кор омадани шахсияти бисёр дипломат ва сиёсатшинос, Маликшои Неъмат, сардамдорони Иттифоқи касабаи вилояти Хатлон бе ҳеҷ дастуру огаҳии пешакӣ, утоқи кори хабарнигори музофотии СССР-ро бастанд ва хабарнигори моро дар сардиҳои алиму азим ба кӯча партофтанд. Намедонем, раиси Иттифоқи касабаи Хатлон кисту чӣ мавқеъи сиёсӣ дорад, вале бар боварем, ки Маликшои Неъмат ҳатман ба қазия расидагӣ хоҳад кард. Мо Метавонем!

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Матлабҳои дигар