ХАБАРИ ДОҒ

Афви алмосин!!! (Бриллиантовая амнистия)

  • Чоршанбе, Авг 04 2021

 

 

Тибқи Амнистияи алмосини нав, расо 30.000 бандӣ, дар арафи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ба озодӣ мебарояд!!!

Ҳарчанд дар долонҳои ҳукумат ин амалро сиррӣ ва пинҳонӣ мепиндоранд, вале ҷамъият кайҳост Авфи Бузурги ба нисбат алмосинро мунтазир аст. Амнистияҳо, албатта, де-юре тилоиву нуқрагину алмосин намешаванд. Вале де-факто афвҳои вогир ва бузургро бо чунин номҳои гӯшнавоз худи олами ҷиноӣ номгузорӣ кардааст.

Воқеан ҳам, тибқи хабарҳои ба СССР расида, ба шарофати 30-соли Истиқлолияти давлатӣ, ҳукумат тасмим дорад, чун рақами рамзӣ, 30 ҳазор зиндониро озод ва ё бар парвандаашон дахолат кунад. Яъне аввалиҳо комилан ба озодӣ мебароянду аз парвандаи дуввумиҳо чандсолӣ кӯтоҳ мегардад…

Мо ба ҳама зиндониён озодии кулл, ворастагӣ ва ислоҳшавиро орзу дорем. Худо душмани касро ба зиндон набарад….

 

Ремарк: Интиқол ба зиндони нав

Овозаҳо дар мавриди амнистия дар ҳолате садо дод, ки аз зиндони мувақкат ва пурзӯри СИЗО садҳо нафарро шаби 24 ба 25 июли соли равон ба маҳбаси нави дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат бунёдгардида интиқол доданд. Дар он шабу рӯз мардум ором мехобид, вале ВКД то рӯз нахуспид, нозирони БДА роҳҳоро поккорӣ намуданд, то қувваҳои низомӣ сароғоз ашаддитарин зиндонӣ ва сипас боқимондаро низ ба маҳбаси ҷадид бубаранд. Моҷароро ронандагон ва мусофирини самти мазкур бо чашми худ медиданд….

 

17 афв ва 6 амнистияи тилоӣ

Дар тӯли 30 соли Истиқлолият дар ҶТ 18 бор қонун дар бораи афв қабул шуд, ки бесобиқа аст! Зеро дар ягон кишвари дигар ингуна барзиёд мардум афв нашудааст. Ба ҳамин тартиб, метавон Президенти ҶТ, Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро уфув, яъне бахшанда номид. Дар ин унвон ягон зиёдаравӣ нест. Бахшишро арабҳо афв (авф) ва Фарди бахшандаро Уфув (бахшоянда) мехонанд. Ва агар бигирем, ки дар ин 17 амнистия ба ҳисоби миёна 10-15 ҳазор нафарӣ бахшида шуда бошанд, пас теъдоди авфшудаҳо аз 200-250 ҳазор нафар зиёд мешавад. Пас, Мардеро, ки чоряк миллион шаҳрвандашро мебахшад, магар наметавон Уфув хонд? Метавон! 

Мо метавонем!!!

 

 Амнистия: аз шӯравӣ то истиқлолият 

Дар Қонунгузорӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ, тавре гуфтем,  ибораи Афви тилоӣ нест; Афв афв аст, амнистия! Вале дар арафаи ҷашнвораҳои бузурги таърихӣ Афви фарогиртаре ҳукуматҳо мекунанд. Ба феҳристи Афви фарогир рӯйхати бештари зиндониён шомил мешаванд ва ҳам феҳристи моддаҳои ҷиноӣ, ки бахшида мешаванд, фарохтар мегардад. Ин аст, ки ингуна афвро дар жаргони зиндониён Афви Тилоӣ-«Золотая амнистия» гуфтаанд. 

«Золотая Амнистия» дар замони шӯравӣ чанд бор татбиқ шудааст. Соли 1936, пас аз қабули Конститутсия, соли 1945, пас аз ғалаба дар ҶБВ, пас аз марги Сталин (1953), соли 1977 ҳини қабули Сарқонуни нави байни авомуннос маъруф бар Конститутсияи Бринҷов… 

Дар Тоҷикистон низ Афви Тилоӣ дар арафаи ҷашнвораҳои бузург, барои мисол, 10 солагии Истиқлолият, истиқрори Сулҳ, 15 солагии Конститутсия, Ҷашни Эмоми Аъзам, 20- солагии Истиқлолият, 25 солагии Сарқонун …қабул шудааст.

Аммо тавре гуфтем, ибораи Афви Тилоӣ жаргон аст; лаҳҷаи зиндониён, ки ба фолклори мардумӣ низ ворид шудаву оҳиста-оҳиста онро матбуот низ қабул кард. Имрӯз барзиёд расонаҳои хабарии хориҷиву ватанӣ дар бораи «Афви Тилоӣ» менависанд, вожае, ки асоси юридикӣ надорад. 

Дар ҷамъ дар Тоҷикистон беш аз 17 Афв, амнистия қабул шудааст, ки даҳҳо ҳазор бандиро озод кард. Аммо афв охири кор нест. Зеро бо гузашти андак вақт зиндонҳо, мутаассуф, боз пур мешаванд. Хатари дигаре сари мардум овезон мемонад, пас аз ҳар Афв:

1.Сафи ҷинояткорон меафзояд;

2.Мардум ҷинояте содир мекунад, ки бар Афв меафтад;

3.Бо андак гуноҳе дилхоҳ нафар шонси ба кунҷи зиндони холӣ «паридан»-ро дорад…

 

Фарзона ва Ёқуб дар озодӣ

Тибқи  «Қонун дар бораи афв»-и гузашта, ки онро низ Афви тилоӣ гуфтанд, 2 зиндонии пурсарусадотарин Ёқуб Салимов ва Фарзонаи Хуршед ба озодӣ баромаданд. Афви тилоӣ ҳама занҳои ҷинояткорро, бидуни онҳое, ки дар авомфиребии махсусан бузург (Муаттара Ҷӯраева), қатл ва табаддулоти давлатӣ муттаҳам буданд, озод кард. Зиндони занона дар ун сол қариб ба пуррагӣ холӣ шуда буд.

Фарзона низ ба озодӣ баромад. Мисле, ки Ёқуб Салимов-собиқ вазири ВКД озод гардид. Хотиррас мешавем, ин ҳар 2 тан, ҳини дар зиндон будан, бо газетаи мардумии СССР сӯҳбат карда буданд.

 

Ғаффору Маҳмадрӯзӣ дар навбат???

Нафари дигаре, ки бо мо сӯҳбат ороставу афв нашуд, Ғаффор Мирзоев мутақаллиб бар Седой буд, ки ҳукми абад гирифтааст. Таври маълум ЯГОН амнистия ба ҳукми абад асар намекунад…

 Маҳмадрӯзӣ Искандаров аз собиқ дигар қумандонҳои ҷанги гражданист, ки бар зидди Седой меҷангиду сипас унвони генерал ва вазифаи баланде дар ҳукумат дошт.  

Мутаассуф, ҷамъи бандҳои ҷиноие, ки бо онҳо ин 2 нафар муттаҳаманд, зербобҳое доранд, ки ба Афв намеафтанд. Воқеан ҳам аз ҷамиъи гуноҳҳои содиршуда, агар 1 банди он зери ҷиноёте равад, ки шомили Афв нест, пас…Амнистия ба ин зиндонӣ асар надорад.

 Ғаффор Мирзоеву Маҳмадрӯзӣ Искандаров «кӯшиши табаддулоти давлатӣ» доштаанд. Биноан, Афви Тилоӣ ба онҳо беасар аст!

Аммо ин ба маъное нест, ки онҳо умуман афв намешаванд. Онҳоро танҳо Президенти ҶТ ҳуқуқи авф кардан дорад. 

…Ноумед шайтон. Инҳо низ бар умеданд…

 

М.Мубориз

Махсус барои аъзои Ихвон ал СССР

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter