ХАБАРИ ДОҒ

«Паспорти сол» ва ҳақиқати он

  • Чоршанбе, Янв 12 2022

Ёдгор Файзов дар баромади телевизионии худ усулан 3 ҳарфи мантиқӣ зад, ки шояд ба он камтар аҳамият доданд, зеро таври маълум сари аксар ҳоло аз буғз ва лжеқаҳрамонӣ пуру гӯшҳо кар аст. Ба ҳар ҳол мо онҳоро бармечинем:

-Имом Ҳозир ҳаргиз ҷонибдори таассуби мазҳабӣ, динӣ, ба вежа дар қиболи издивоҷи бонувони бадахшӣ нест ва зимнан аз ин корҳо хушаш намеояд.

-Мардум фаромӯш кардааст, ки 20 сол пеш чӣ рӯзу рӯзгоре дошту дар изолятсия буданд ва ҳоло «ҳатто дар маркази Душанбе» зиндагонии озодона ва роҳат доранд.

-Духтаре, ки онро олами ҷиноӣ «великомученица» ва зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқи «бегона» исфтиода кардаанд, дар асл мехост ба қонуншиканӣ даст занад ва паспорти қалбакӣ гирад…

 

Пас аз нашри суҳбати телевизионии Ёдгор Файзов, собиқ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вобаста ба сабабу омилҳои сар задани гирдиҳамоии сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа рӯзҳои 25-28-уми ноябри соли 2021 дар матбуоти даврӣ ва сомонаҳои хабарии кишвар мавзӯи 300 сомонӣ ва 1 буз, ки гӯйё корманди ШВКД н.Роштқалъа Ҳабиб Мамадов барои мусоидат намудан барои дарёфти шиносномаи қалбакӣ аз Зуҳро Шоҳназарова, сокини ҳамин ноҳия талаб намудааст, хеле гарм шуд. Зимни суҳбат Ёдгор Файзов аз қабул ва мулоқоташ бо Зуҳро Шоҳназароваю падараш ва якчанд ҷавони бадахшонӣ (бо шумули раҳматии Гулбиддин), ки тобистони соли 2020 дар утоқи кори раиси вилоят сурат гирифтааст, ба ёд оварда, таъкид намуд, ки ҳамаи ин моҷароро аз забони худи духтар ва падараш шунидааст.

Газетаи мардумии СССР низ бо такя ба ин гуфтаҳои собиқ раиси ВМКБ ин мавзуро дар шумораҳои ахири соли гузашта матраҳ карда буд. Вале баъд аз сафари мухбири мардумии газета ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, алалхусус ба шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа, маълум гашт, ки на ҳамаи он гуфтаҳои Ёдгор Файзов, зимни он суҳбаташ, воқеият доштаанд.

 

Зуҳро ё Санам?

Тавре ба мо маълум шуд, Шоҳназарова Зуҳро Гадомамадовна, соли таваллудаш 04.04.1997, сокини деҳаи Юбен, ҷамоати Сежти ноҳияи Роштқалъа ҳангоми дар Федератсияи Россия қарор доштанаш, барои вайрон кардани қоидаҳои будубоши Федератсияи Россия, риоя накардани қоидаҳои амалкунанда, санаи 24 июли соли 2019 бо қарори Суди ноҳияи Чертанов, аз ҳудуди Федератсияи Россия депортатсия карда шудааст. Инчунин, нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҷарима низ таъин гардидааст. Хушбахтона шуури Шоҳназарова Зуҳро бинобар сабаби дастрасӣ надоштан аз таъсири гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа эмин боқӣ монда, ягон корманди милитсияро барои гирифтани пул ва буз туҳмат карда натавонист.

Зуҳро Шоҳназарова бо мақсади дубора ба Федератсияи Россия ба муҳоҷират сафар кардан, барои ивази ному насабаш ба Шӯъбаи сабти асноди шаҳрвандии ноҳияи Роштқалъа муроҷиат намуда, ному насаби худро ба Ақназар Санам Гадомамад иваз намуда, номбурда аллакай бо ин амалаш суиқасди такроран вайрон кардани қонунгузори Федератсияи Россияро анҷом додааст. Ин ҳолат, яъне амдан иваз намудани ному насабро ҳамдеҳагони Зуҳро Шоҳназарова тасдиқ намуданд.

 

Паспорти қалбакӣ буд ё набуд?

Зуҳро Шоҳназарова барои ивази ному насаб боҷҳои давлатиро ба маблағи 280 сомониву 44 дирам, барои хизматрасониҳои САҲШ супурда (183 сомониву 50 дирам аз номи Шоҳназарова Зуҳро Гадомамадовна, расид № 2611/17550 аз санаи 19.12.2019 ва 96 сомониву 97 дирам ба номи ивазнамудааш Ақназар Санам Гадомамад, расид № 11774014 аз 25.12.2019), инчунин  барои гирифтани маълумотнома дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ (изи ангушт) расид ба маблағи 6 сомонӣ ва 2 адад расиди 10 сомонӣ оид ба дастрас намудани маълумотномаи суроғавӣ ба САҲШ супоридааст. Оиди пардохти ин хизматрасониҳо дар филиали №66 БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ расид-чеки содиротии №986 аз 28 декабри 2021 тасдиқи худро ёфтааст (нусхаи ин расидҳо ба редаксия газетаи СССР низ дастрас гардидаанд).

 

Буз ва пора ба милиса буд ё набуд?

 Гарчанде, ки дар умум 306 сомониву 47 дирам ба сифати боҷи давлатӣ супорида бошад ҳам, Зуҳро Шоҳназарова дар натиҷаи фишори гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ нисбати капитани милитсия Мамадов Ҳабиб Тоҳирбекович туҳмат кардааст, ки ба ӯ 300 сомонӣ ва 1 буз барои дастрас намудани шаҳодатномаи ивази ному насаб ба сифати пора додааст. Бино ба итиллои шоҳидон дар ҳамон ҳолат Ҳабиб Мамадов ба ҳайси муфаттиши ШВКД ноҳияи Роштқалъа фаъолият намуда, ба фаъолияти САҲШ ҳеҷ алоқамандие надошта, ҳатто корманди бахши шиносномадиҳӣ ба ҳисоб намерафт.

 Тавре тафтишот муайян кардааст, Зуҳро Шоҳназарова ба корманди ШВКД пул надодааст, додани буз низ тасдиқи худро пайдо накард. Бархе аз сокинони ноҳияи Роштқалъа низ инро тасдиқ намуда, таъкид доштанд, ки мавсуф ба собиқ раиси ВМКБ Ёдгор Файзов низ дуруғ гуфтааст, зеро он ҷо ҳамон ҷинояткорон низ буданд (аз тасдиқи раиси вилоят бо зӯрӣ даромадаанд). Ин амал аз ҳиссиёти бадбинӣ нисбати кормандони  милитсия аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ташкил ва амалӣ гашта, Зуҳро Шоҳназарова натавонист гуфтаҳои худ ба Ёдгор Файзов зимни тафтишоти ахир тасдиқ намояд.

 Бояд гуфт, ки  Шоҳназарова аз собиқ раиси вилоят низ хоҳиш кардааст, ки барои гирифтани шиносномаи нав кумакаш кунанд, то вай ба Россия баргардад. Вале Файзов инро ҳамчун 1 кори ғайриқонунӣ рад карда, ба духтар ҳам фаҳмондааст, ки ин фоида надорад, чунки аз изи чашму ангуштон кӣ будани туро дар Россия маълум мекунанд ва ё депорт мешавӣ, ё зиндон. Тасдиқи ин гуфтаҳо бо мусоҳибаи Ёдгор Файзов аз филми «Неруӣ Қонун» асос меёбад.

 

Маҳалгароӣ ва хусумат

1 нуқтаи муҳимро бояд қайд намуд, ки саршавии ҳамаи ин ҳодиса аз ҳуҷҷативазкунии Шоҳназарова Зуҳро, гаравгонгирӣ ва лату кӯби корманди ҳифзи ҳуқуқ аз ҳолатҳои банаворгирии худи Зиёббеков Гулбиддин маншаъ мегирад, вале мо намедонем чаро бисёриҳо аз ин ҳақиқати кулл рӯй мегардонанд.

 Гап дар сари он аст, ки дар навор бисёр хуб оварда шудааст, ки гаравгон гирифтан ва лату кӯбу таҳқири Абиров на ҳамчун гунаҳкор ба сабаби бузу пули додаи ин духтар бо муфаттиши ШВКД дар ноҳияи Роштқалъа сар задааст. Балки фақат аз рӯи бадбинии бузурги майдамаҳалгароӣ, рашки асримиёнагии зани ҳамдеҳа бо марди бегона,  бо баҳонаи гуфтугӯи телефонии ахирӣ бо Шоҳназарова Зуҳро аст.

Пурсида мешавад, оё худи Зиёббеков Гулбиддин ё дигар ҷавонписарони Роштқалъа ва Хоруғ бо духтарони дигар минтақа гуфтугӯй намекарданд? Мекарданд. Зеро аср-асри интернету мобил аст ва метавон бо духтаре дар дилхоҳ минтақаи Тоҷикистон ва давлати ҷаҳон чақ-чақ кард. Албатта инро ҳеҷ кадомамон инкор ва манъ карда наметавонем. Лекин дар ягон минтақа ягон ҷавонписар ба онҳо ҳатто эрод нагирифтааст. Ин даҳшат аст, ин муносибати асримиёнагӣ аст, ин рашкест, ки дар асри муосир ҷаҳониён бар мо механданд, вале мутаассуф дар ин бора зииён, олимон, шоирон, фарҳангиён, баақлҳои бадахшонӣ, ки дар ҳама сатҳҳо кору фаолият доранд, чизе намегӯянд. Пурсуҷӯҳои СССР нишон дод, ки мутаассуф, ин зиёиён агар аз Худо рӯ нагардонанду росташро гӯянд, аз ҷинояткорони маҳаллӣ метарсидаанд. Ё аз ҷони худашон ва ё хешу таборашон…

 

Ҷинояте, ки ҷинояткор фош кард!!!

Ва боз 1 чизи дигарро бояд фаромӯш накунем, ки чаро ин лату кубу таҳқири корманди Прокуратураи ноҳияи Роштқалъа махсус ба навор гирифта шуда, дар Интернет паҳн карда шуд?   

Аз ин маълум аст, ки гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо роҳбарии Зиёббеков Г. ин амали худро ҳамчун кирдори даҳшат ба дигар гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ фаҳмонда, инчунин тарсу ваҳмро дар миёни мардум паҳн карда, ҷавононро дар гирди худ ҷамъ карданиянд. Аз кирдори баъди ҳодиса низ ин омил дида мешуд, аммо касе ин нуқтаи назарро иброз намекард.

 Масъалаи дигаре, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ аз ҳиссиёти маҳалгароӣ ва ҳисси бадбинӣ доштан, нисбати зодагони дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ содир намудаанд, ба гаравгон гирифтани собиқ ёрдамчии ноҳияи Роштқалъа Абирзода Абдусаттор Исмоил, зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад.

 

Мутаассуф маҳалгароӣ дар авҷ аст

Гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар заминаи хусумат, аниқтараш Абирзодаро МАҲЗ кӯлобӣ гуфта, суҳбати ӯро бо Шоҳназарова Зуҳро мушоҳида ва Абирзодаро гаравгон карда, маҷбуран ва бо роҳи таҳдиду зӯроварӣ аз ӯ мусоҳиба (интервю) гирифтаанд, ки муҳтавои он ба ҳамагон маълум аст.

Аҷибаш дар он аст, ки агар бо Шоҳназарова Зуҳро ҷавонмардони зодаи худи Бадахшон ҳамсуҳбат мешуданд, дар ин ҳолат касе нафареро на гаравгон мегирифту на таҳқиру на тӯҳмат пеш меомад. Сабаби ҳамаи ин маҳалгароӣ ва хусумат аст. Худи аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ мунтазам бо Шоҳназарова Зуҳро аз наздик ҳамсуҳбат мешуданд, лекин, дар ин ҳолат ягон касро ба гаравгон нагирифтаанд! Ба фикри мо соате расидааст, ки дар ин бора рӯирост сухан кунем, ки ҳамаи қазия сари хусумат бар дигар маҳаллҳост, на бузу на паспорту на қазияи Зуҳро Шоҳназарова! Ва аз ҳама аҷибаш он аст, ки чунин хусумат маҳз дар ҳамин 2 ноҳияи вилоят аст, ки ҷинояткорон нуфузи калон доранд. Зимнан, мо бовар дорем, ақли солим дар ин вилоят пирӯз меояд, бузургсолон ҷавононро насиҳат карда, ба оромӣ мекашанд.

 Мақомот дар зимн расман таъкид мекунанд, ки ин қазия қаблан аз ҷониби Зиёбеков ва ҳаммаслакони ӯ тарҳрезӣ шуда, бо мақсади таҳқир ва латукӯби Абдусаттор Абирзода ва дахолат ба фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз дасиса ва найрангҳои Шоҳназарова истифода намудаанд. Санҷиши ҳолати мазкур собит намуд, ки Абирзода ЯГОН маротиба бо Шоҳназарова во нахӯрдааст, ки инро худи духтар низ таъкид менамояд.

Таҳқиқи зангҳои воридотиву содиротии телефони Зуҳро Шоҳназарова ба Абирзода нишон додааст, ки Зуҳро 12 маротиба ба Абирзода шахсан занг зада, дар маҷмӯъ, 59 дақиқа суҳбат кардааст. Дар баробари ин, Абирзода ба Шоҳназарова ҳамагӣ 4 маротиба ба муддати 1 дақиқаву 4 сония (дар ҷамъ) робитаи телефонӣ кардаасту халос. Яъне метавон хулоса кард, ки ҷинотякорон ин амалро ҳадафмандона ва дуру хуб тарҳрезӣ кардаанд, то миёни маҳаллаҳои Тоҷикистони азиз хусумат ангезанд!

 

Пайомаду зарари 1 фитнаву дуруғ

Зуҳро Шоҳназарова то ин дам якчанд маротиба қонунгузории на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки Федератсияи Россияро низ вайрон кардааст. Мавсуф дар зери таъсири гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва нақшаи тарҳрезикардашудаи онҳо ба собиқ раиси ВМКБ Ёдгор Файзов низ дурӯғ гуфта, танҳо пас аз нашри мусоҳибаи телевизионӣ ҳамаи ин дуруғҳо фош гаштанд ва мардуми ВМКБ, алалхусус ноҳияи Роштқалъа симои воқеии эшонро диданду шинохтанд. 

 Лозим ба таъкид аст, ки дар натиҷаи амалҳои авбошона ва тахрибкоронаи аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва бархе аз сокинони гумроҳзадаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар санаҳои 25-27 ноябри соли 2021 ҷамъ омада буданд, чандин ҷиноятҳои вазнини дигар содир гардида, нақлиёти мусофирон боздошт шуда, даҳҳо дарахтони канори роҳи мошингард бурида шуда, бо воситаи ин дарахтон роҳи автомобилгарди байналмилалии “Душанбе-Хоруғ-Қулма” баста шуда, воридоти молу маҳсулот ва рафтуомади воситаҳои нақлиёт қатъ гардидааст. Дар маҷмуъ ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимомии ВМКБ зиёда аз 8 миллиону 560 ҳазор сомонӣ зарарӣ моддӣ расонида шуда, раванди муътадилии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят халалдор гардидааст...

 

М.Амин, СССР

Душанбе-Хоруғ-Роштқалъа-Душанбе

23-29.12.2021

 

 

  

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter