ХАБАРИ ДОҒ

Мани 72-сола бори дуюм аст, ки дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат меварзам.  Дар ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳоднамуда, шарҳи ҳол ва маълумотномаам доири ҳар дафтаре маълумоти саҳеҳ додаам. Лек афсӯс дар ягон давраи озмун ин ҳуҷҷатҳоро нахонданду ба назар нагирифтанд. Ҳатто дар давраи ниҳоии озмун рӯзи 11.12.2021 ман ин ҳуҷҷатҳо ва бист дафтари худро пешниҳоди ҳакамон намудаму хоҳиш намудам, ки аз рӯи ин қайдҳо бо ман саволу ҷавоб намоянд. Аммо афсӯс аз панҷ нафар ҳайати ҳакамон танҳо дуи онҳо Улмасова 3. ва Ато Мирхоҷа дафтарҳоро қисман аз назар гузарониданду дигар эътиборе надоданд.

Дар низомномаи озмун қисми 5 №23-«Шартҳои иштирок дар озмун» чунин қайд гардидааст: «Аз ҷониби ҳайати ҳакамони озмун ба иштирокчӣ барои аъзои фаъоли китобхона будан ва бо ҳунари нақлу оҳанги ӯ хол дода мешавад». Ман аъзои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, китобхонаи ҷойи фаъолиятам, ҷойи зистам мебошам. Аммо ин талаботи низомномаи озмун аз ҷониби ҳакамон - бахусус сардовар Сироҷиддини Эмомалӣ ба инобат гирифта нашуд. Ҳол он ки аз Данғара то Душанбе (KMT) омадан чӣ қадар душвориҳоро (молиявӣ) дорад. Дар қисмати 5 боби 24-оиди мавзӯъҳои бартарӣ дода мешудагӣ аз рӯи талаботи низомномаи озмун ба фаъолияти ман, ки беш аз 95 фоизи мавзуъҳоро хондаю қайд намуда будам, беэътиноии ҳакамон дида мешуд.

Яке аз навигариҳои имсолаи озмун дар номинатсияи «Адабиёти муосир ва осори шифоҳии халқи тоҷик» ҷо намудану аз худ кардани осори шифоҳии халқи тоҷик ва асарҳои драмавӣ мебошад. Ман доири ин навигарӣ дар ҳаҷми 1639 байт аз эҷодиёти шифоҳии халқ аз минтақаҳои Кӯлоб, Дарвоз, Суғд дар дафтари №16 ҷо додам. Анқариб 30 фисади онро хуб қироат намудаю аз ёд кардам. Лекин афсӯс ҳайати ҳакамон аз ягон довталаб аз ин боигарии маънавии халқамон пурсон нашуданд.

 

ЧАНД АНДЕША ОИДИ МУОМИЛАИ ҲАКАМОН

Маълум аст, ки дар ин чорабини шахсони синну соли гуногун ширкат варзиданд. Ҳангоми бо онҳо пурсиш гузаронидан хуб мешуд, эҳтироми довталаб беҳтар риоя мегардид. Аммо рафти озмун дар ин гурӯҳ акси ин ҳолро баёнгар буд. Аз чунин амалҳо довталабон рӯҳафтода, дилгир, норозӣ мегаштанд. Бархе доварон ҳангоми ҷавоби довталаб бо ҳам сӯҳбат карда, механдиданд. Ин ҳол бештар дар амали сардовар - Сироҷиддини Эмомалӣ (декани факултаи адабиёти ДМТ) мушоҳида мешуд. Далели дигар ба довталаб Абдулаҳад Нуров ҳакам «Шеърро вайрон кардед», - гӯён муроҷиат намуда, онро аз ҷиҳати равонӣ рӯҳафтода намуд. Ё ба иштирокчии дигари озмун Назаров Шарифхон Тоирович, ки 300 ғазал, 100 рӯбоӣ аз эҷодиёти Лоиқ Шералӣ донистаашро баён кард, ҳангоми қироати шеър халал мерасониду «шеъри суст» гӯён довар эътироз менамуд.

09.12.2021. Доваре ба довталаб аз ноҳияи Ёвон «Кампирҳои деҳа ҳам ҳамин қадар ғазал медонанд» гӯён танбеҳ дода, ба иззати нафси он расид.

Амали дигари доварон ин дар ғойибии довталаб дар ҳақаш сухан гуфтан буд. Ин дар байни мардум бо номи ғайбат кардан маълум аст. Ин амали номатлубро дар ҳақи ман ва донишманди тоҷик, дотсенти ДМТ Ализода Абдурашид Хуҷамқул баён намуданд. Сарҳакам- Сироҷиддин Эмомалӣ баъди аз толори пурсишҳо берун шудани ӯ чунин гуфт: «Ҳила ай Абдурашид Хуҷамқулов халос шудем».

Дигаронро 30 дақиқа то 45 дақиқа мепурсиданду манро танҳо 2 нафар якчанд дақиқаи кам пурсиданд. Ба болои ин ҳама нопурсиданҳо аз пеши худ ба фаъолияти ман чунин хол гузоштанд: 2,2,2,4,3 = 13 хол. Ана адолат, росткорӣ, масъулиятшиносӣ!!

 

Доварони сахтгир

Ато Мирхоҷа ва Солеҳов Шамсиддин ба довталаб саволҳоеро медоданд, ки гӯё дар имтиҳони давлатии адабиёт бошанд. Масалан, Шеъри озод чист? Фарқи шеъри озод аз шеъри сафед дар чист? Шаклҳои шеърӣ кадомҳоянд?

Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тарбияи меҳнатдӯстию арҷгузорӣ намудан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, боз ҳам ривоҷ додани худогоҳию худшиносӣ, тарбияи ахлоқи некӯ, баҳрабардорӣ аз китоб - сарчашмаи адабу ахлоқ гузаронида мешавад. Баъзан аз ҷониби ҳакамон саволҳое дода мешуданд, ки ягон ҷиҳати тарбиявӣ ва ахлоқӣ надоштанд. Намунаҳо: Модагургро кӣ мегардонад? (савол ба муаллимаи Гимназияи президентии ш. Бустон-Рустамова Замира Тоштемуровна), Подшоҳ чӣ ном дорад? (ба Назарова Зебонисо ноҳияи Шаҳринав), Ранги харора гӯед? (ба Саодат Умарова ноҳияи Фирдавсӣ- соҳибкор).

Оё бо чунин саволҳои қимати тарбиявӣ ва ахлоқӣ надошта метавон завқи китобхониро дар ҷомеа боло бурд? Магар ҷузъиётҳои оддии он лаҳзаҳоро ба ёд оварда натавонистанҳо айб асту нишони нодонӣ?

 

Шафофият набуд!

Наход ба он таҷрибаи тулонӣ (аз соли 1972 то ҳол) омӯзгори ба унвони дар замони шуравӣ (Аълочии маъорифи халқ) мушарраф гардидану Донишгоҳи омӯзгориро бо дипломи аъло аз рӯи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик хатм намуда, алҳол бо дараҷаи олии тахассусӣ фаъолият намудан, ман сазовори холҳои напурсида, аз пеши худ гузоштаи 3 нафар ҳакамон (13 хол) башам? Магар ҳамин аст шафофият, ҳамин аст адолате, ки дар гуфтори масъулин баён гашта буд??!! Ин амалро як беэҳтиромӣ нисбати худ медонам. Зеро дар ҷомеаи соҳибихтиёру дунявию демократӣ ҳар кас шарафу номус ва эътибори худро дорад. Ман ҳам. Рӯзи 11.12.2021 дар сухангуияш шахси дар боло номбурда изҳор дошт «Агар аз ҳақиқат гурезем Ҳақ норозӣ аст». Боз ба такрор ёд меорам. Чи қадар андешаи хубу марғуб. Бо ин сухан ҳақҷӯю Ҳақшинос будани гӯянда дар забои баён гардида на дар амал. Исбот: муносибати сард доштан нисбати солортарин (72 сол) иштирокчии озмун- Турсунбоев Ҳасан.

Ҳасан Турсунбоев,

Деҳаи Алиҷон, Ҷамоати Пушинг,

н.Данғара,

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter