ХАБАРИ ДОҒ

Акнун ба шӯхиҳояш мегирйем...

  • Панҷшанбе, Фев 17 2022

Бо "амин қадар" ханда, моро гирёндӣ, додар...

Ёд доред, дар як спектаклаш, ки марди бадахшонӣ буд, ба наберааш мегӯяд:" "Бо амин қадар баои дӯ, боз суруд ам мехонӣ?"

Чи ҳунари нотакроре дошт.

Намояндаи кадом маҳалле мешуд, мегуфтӣ зодаи ҳамон маҳал аст. Зеро ҳама лаҳҷаҳоро беиштибоҳ медонист.

"Боз нагӯ, ки амин бузро ба балнис мебарӣ"...

Ки дигар чунин ширин гуфта медонад?

"Урусира ай аввалш набошӣ, намефаҳмӣ", ҳамарӯза дар гуфтори мост.

Кӣ дигар чун ӯ кӯдаконашро дар суд "тақсимоти одилона" карда метавонад?

"Барои зани генерал шудан, бояд аввал младший лейтенанта бгирӣ"- ро, ки дигар мефаҳмонад?...

"Ба ҳами чхтит, бра қаврта бкан"- и хушдоману келина магар метавонад, дигаре чун ӯ бигӯяд?

"Арӯси ҷуне, инами ду касе, (хар ва худаш) ки дар сурат мебинӣ, болонгиш, мнм."

"Акаи раис, мн ки ҳар рӯз дар и майлс бшинм, ай куҷо кӯдак мекнм"...

"Фарзандонам, муттаҳид шавитон. Ҳамдигаротона пушту паноҳ шавитон..." Чи мӯйсафеди хушлаҳҷаи хуҷандӣ шуда буд...

"Дар аптоду аптсолагӣ сулфа накунӣ, дига кай месулфӣ?"

"Чоя брез маълим, чоя!

"Худуш медона, ки мембра, неки намедона, ки кай?"- мегуфт, файласуфи лақай шуда...

Аммо дар ин ҷавонӣ мурдани худаш, бовар нокарданист ...

Эҳҳҳ, Аловиддин гумон мекунам, имрӯз ханда ва шодиҳо ҳама мурданд...

"Хдо ҷуни мна бгира"- и Аловиддин, ки сидқан ба он механдидем, аммо имрӯз Офаридгор ин симои шодӣ ва хандаҳои моро гирифт ва хандаҳои телевизионии моро бо худ бурд...

 

Ҳуринисо Ализода

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter