Принт

ФИРДАВСИИ КИНОИ ТОҶИК…

Кимёгаров кинои тоҷикро аз нав бисохт.  Кинои тоҷикро тоҷикона бикард.  Мавзӯҳои таърихию ҳамосавиро офарид барои синамои мо.Ба синамои тоҷик рӯҳи миллӣ бубахшоид. Ҳарчанд миллаташ тоҷик набуд, дар мактаб бо забони тоҷикӣ таҳсил гирифт, ҳол он, ки ба мактабҳои тоҷикӣ рафани худи тоҷикон мушкилаҳо дошт дар кишвари ҳамсоя дар солҳои сивуми қарни бист ва менеъгариҳо ба пеш меовард. Илова бар ин Кимёгаров Бенсион чанд муддат ҳатто муаллими забони тоҷикӣ шуд, дар мактабҳои гуногуни Осиёи Миёна. Баъд муддате дар театри Куқанд ҳунарпешаю ассистент шуда кор кард, яъне ҳамчу ёвар. Баъд қисмат вайро ба донишгоҳи синамогарони маркази Шӯравӣ, яъне Маскав пайваст ва ниҳоятан ба «Тоҷикфилм» овардаш.

Он замон дар «Тоҷикфилм» басо режиссёрҳое буда, ки мавзӯъро аз берун мекофта, яқинтараш тоҷикро ва мавзӯҳои тоҷикиро назарашон намегирифта, ҳарчанд аз ин ҷо нону намак мехӯрданд. Аммо Кимёгаров шефтаи тоҷикон буд ва аз рӯзи ин ҷо пой гузоштанаш асарҳояш дар мавзӯи тоҷикона ва талошҳои ин миллат офарида мешуд ва дар роҳи нумуъи ин миллат буда. Аз нахустин филмҳояш «Тоҷикистон» ном ва то ҳаде мӯъҷизабор шуд, ки дар Венетсия ҷоиза гирифт. «Тоҷикистон»-аш аввалин ҷоизаи байналхалқиро биовард дар соҳаи кино барои кишвари мо. Барои Кимёгаров ҳам мукофоти давлатии СССР-ро биовард (албатта бо пешниҳод ва дастгирии Бобоҷон Ғафуров).

 

 

Бенсион муаррифгари Тоҷикон

Бо филми «Дохунда»-аш Тоҳир Собировро кашф кард ҳамчу актиёр.  Мурод Ориповро маҳз Кимёгаров устод Рӯдакӣ бисохт дар «Қисмати шоир». Ҳарчанд баъд басо шогирдонаш ва кафшкардаҳои худаш дар соҳаи синамо ба вай бахилиҳо мекарда, хоса вакте ки филмҳои «Рустам ва Сӯҳроб» ва ҳамчунин «Достони Рустам»-ро офариданӣ шуд.  Шогирдони то ин дам дар филмҳо истифода мекардааш аз вай акнун ҷурму иллат мекофтанд: «чаро Кимёгаров ба ҷойи мо Ватаевро ҳамчу Рустаме ва ба ҷойи мо Ҳошим Гадоро ҳамчу Сӯҳробе интихоб кардааст?!». Мешӯриданду мегузаштанд ба бадгуиҳои ғурумандонае: «мо аз ин ду нафар на камтар офарида метавонистем Рустам ва ё Сӯҳробро».
Ҳол он, ки Ватаев низ парвардаи ин кишвар буд, хосатан зода ва парвардаи ш.  Кулоб ва он ҷо зиста ва забони тоҷикиро мисли ҳама тоҷикон медонисту ҳарф мезад ва дар ҳаракатҳош ҳама хислатҳои кӯҳистонӣ ва қаҳрамонӣ ҳувайдо буд. Барои Рустами гурдро офаридан мисли вай таҳимтане, ҷасурманде ва оташниҳоде лозим буд. Бо вуҷуди монеъгариҳо ба ин кор филми «Рустам ва Сӯҳроб» аз беҳтарин филмҳои на танҳо тоҷик, балки Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.
Вақте ГенСеки СССР, Леонид Брежнев бори аввал ба Ийоллоти Мутаҳиддаи Амрико бояд сафар мекард, ҳамчун дастоварди кинои шуравӣ 10 филм интихоб намуд, ки бояд ба Амрикоиён пешкаш мешуд. Ҳама гумон мекарданд чун Амрико маркази Ҳоливуд аст, филмҳои пешкашкардаи шӯравӣ писандида намеояд ва мардуми ин ҷо қабулашон намедоранд.  Аммо вақте ки «Рустаму Сӯҳроб»-ро намоиш доданд дар хатмаш ҳама аз ҷой бархеста кафкубӣ мекарданд.

 

Кимёгаров ва шогирдони хабаркаш…

Дар он солҳо, ин ҷо, неруҳое буданд, ки эҳёи тоҷик ва хоса эҳё таърихи онро намехостанд. Маҳз аз ин ҷо ба маркази империяи шӯравӣ, яъне Маскав, аз болои Кимёгаров паси ҳам номаҳои шикоятиву муғризона равон мекарданд, ки гӯё барои филми «Рустам ва Сӯҳроб» вай маблағи зиёд сарф кардааст нисбат ба филмҳои дигари «Тоҷикфилм». Дар асоси ин дар Тоҷикистон ҳатто парвандаи ҷиноӣ кушода, директори ин филмҳо ва ҷонишини сарвари муассисаи «Тоҷикфилм»-ро ба ҳабс кашиданд. Вобастаи ин Кимёгаровро низ бояд зиндонӣ мешуд, ё ҳеҷ чашми ӯро тарсондан мехостанд, ки дигар ба мавзӯҳои таърихӣ-миллӣ даст назанад ва рӯҳи миллии тоҷиконро бедортар насозад. Вале Бенсион Кимёгаров якравона филмҳои таърихӣ меофарид ба мисли «Достони Рустам» ва «Достони Сиёвуш».
Чун тафтишгарон аз Маскав омаданду санҷиданд, дарёфтанд, Кимёгаров ба чизе дасти тамаъ назада ва ҳарчӣ сарф карда, дар роҳи офаридани филмҳо харҷ шуда, яъне ин филми таърихӣ бошаду бояд сарфаш афзунтар мешуд нисбати филмҳои муқаррар. Охир барои офаридани ин филм чанд артиши қадимаро ба миён овардан лозим буд, бо либосҳои он замон ва ширкатгарони дигар низ либоси онзамона ба бар доштанашон зарур мешуд ва ҳамаи онҳоро низ сохтану дӯзондан лозим. Ва кушку қасрҳои таърихиро низ, ё ҳеҷ не як пораи онро сохтан лозим меомад, то амалиётҳо андаруни он наворгирӣ гардида, ба замонаи собиқ дахлдор будани филмҳои мазкурро боварибахш гардонад.
Дӯсташ Мирзо Турсунзода дар ҳақ баровардани Кимёгаров ва кори ӯ мададгорӣ ва талоши зиёд мекард дар он рӯзҳо, ки то ҳанӯз ҳама нақлашро мекунанд. Ахиран ҷаласаи синамогарони Тоҷикистон даъват карда шуд ва басо рақибони Кимёгаров мегуфтанд, ки варо албатта аз даруни ин маҷлисхона ба ҳабсхона бубаранд. Вале тафтишгарони аз Маскав омада ба минбар шуда, ҳисобот доданд, ҳама хароҷотҳои филмҳои Кимёгаров барои қавитар шудани ин филм истифода шудааст, на ба ягон суди дигар… Яъне Кимёгаров тинеро аз худ накардааст.

 

Ашки Кимёгаров

Кимёгаров, ки чанд моҳ боз балову фишорҳои зиёдро бардошта, лаб газида, тоқат мекард, дигар натавонисту оби дидааш равон бигардид.
«Ман на танҳо барои покии худам, балки барои оҷизии рақибонам низ ашк мерезам, - изҳор дошт вай, - яъне барои онҳое, ки худам ба кино кашида будам, вагарна ҳаргиз киноматографист намешуданд ва чун шуданд ба рақобати ман бархостанд, душманам шуданд. Ва ҳамчунин баъзе аз ташкилотҳои қудратӣ ва тафтишотӣ ва бехатарӣ, ки намояндаашон ин ҷо нишаста ҳарчанд тоҷиканд, филмҳои миллиро ё нест кардан мехоханд ё монеъ шудан. Охир ман зидди тоҷикон коре накардаам. Ҳол он, ки ман ин миллатро аз худам бештар дӯст дорам ва то дами охир барои вай хизмат мекунам ва ҷонамро дареғ намедорам…»
Ҳар маротиб, баъди ҳар филми таърихию миллӣ, ки тамошобинони зиёду ҳаводорон ва ҳамчунин ҷоизаҳои гуногун меёфт, хоҳу нохоҳ ба сари Кимёгаров борони тӯҳмату иғво мерехтанд аз сари нав ва зери фишору тазъиқ мегирифтанд маротиби дигар. Вайро ҳатто зидди шуравӣ низ номбар кардан мехостанд, то даму нафасашро паст нишонанд.
Бенсион Кимёгаров бошад барои он, ки исбот созад ҳаргиз зидди давлат ҳам набуда, баръакс дар хизмату давлату халқ бошад, баъди ҳар як филми таърихиаш маҷбур мешуд, филмҳои бадеӣ-ташвиқотӣ биофарад ба мисли «Аз Ганг то Кремл», ё «Одам пӯсташро иваз мекунад» ва монанди инҳо.
Ва ҳамин, ки тӯфони фитнаю бадгӯиҳо ва бадхоҳӣ каме паст менишаст ва андак фурҷаи қулай даст медод, вай ҳамоно бармегашт аз нав ба филмҳои таърихӣ-миллӣ. Бисёр филмҳои ҳамчунин ҳуҷҷатиаш низ гӯяндаи пораҳои муҳими миллати тоҷик ва фардони фарзонаи он буда. Масалан вай дар бораи Садриддин Айнӣ се филми ҳуҷҷатӣ ба миён оварда буд, ки симои зиндаи устод дар он таҷассум ёфта, гӯяндаи тақдиру талошҳояш буданд.

 

«Режиссёр от Бога»

Кимёгаров нерӯи беҳади коргарӣ ва талошгарӣ дошт ва дар филмофарӣ на танҳо бо як касу ду кас, балки дар баъзе саҳнаҳо бо садҳо нафар сару кор мегирифт ва ба рӯи навор мекашид, чунон ки дар каналканиҳои «Одам пӯсташро иваз мекунад». Дар филмномаҳои вобастаи Рустам бошад, вай баъзан то ҳазору ду ҳазор касро фаро мегирифт, яъне одамоне, ки симои сарбозони даврони қадимаро меофарида. Дар кинои тоҷик таҳиягаре чунинашро натавониста буд ғайри ӯ ва ҳамчунин дар тамоми Осиёи Миёна чунинашро касе накарда ва то ҳанӯз натавониста. Ва ӯ ҳамаашро барои он мекард, ки бузургиҳои моро нишон дода тавонад ва шаҳомати Тоҷикро намоиш бидиҳад, яъне гуфта тавонем, ки рӯи дунё зистаем ва мардона умр ба сар бурдаем…
Вай буд, ки обрӯ ва нуфузи синамои тоҷикро на танҳо ба тамоми шӯравӣ густурда бикард, балки аз он ҳам берунтару паҳнотар бурд.  Дар Миср, яъне Коҳира филми «Қисмати шоир»-и таҳиягар Кимёгаров ба шоҳҷоиза-«Уқоби тилло» мушшарраф гардид.

 

Фирдавсии кино, ки Фирдавсиро наёварид…

Баробари офаридани филми панҷсериягии «Одам пӯсташро иваз мекунад» вай барои офаридани филми асосии зиндагиаш корҳои омодагиро пеш мебурд, ки он бояд «Фирдавсӣ» ном мегирифт. Фақат муқаддам аз офаридани ин филм, саломатии лакнатхӯрда ва косташудаашро бояд андак барқарор мекард. Ва ин саломатӣ аз боиси фишорҳо ва нофаҳмиҳои шогирдонаш бар ӯ ва эҷодиёти ӯ асар карда буд. Ҷарроҳ Додхоев аз таборони худи Кимёгаров буд ва қариб ҳамаи беморонаш баъди ҷарроҳӣ ба худ меомаданд. Кимёгаров низ ба вай эътимод дошт, хосатан, ки ҷарроҳии мураккаб набуд ва он ба зудӣ анҷом гирифт ва оқибаташ бояд бахайр мешуд…
Аммо Кимёгаров ба ҳуш наомад, шояд аз таъсири доруҳои мадҳушкунандаи ҳангоми ҷарроҳӣ буд, ё шояд аз боиси зиёд хаста шуданаш, ки ба дамгирие ниёзмандӣ дошт, ё шояд ба ҳуш омаданашро нахоста буданд, кадом нерӯҳои ниҳон, ки ин ҷо дастҳое доштанд, яъне намехостанд вай ба ҳуш биёяд ва филмеро ба миён биёрад бо номи «Фирдавсӣ», яъне 1 қаҳрамони дигари халқи тоҷику форсро зинда бикунад ва ин боз як такони дигар бишавад ба нерӯ гирифтани ҳувияти миллии халқ (Ҳамин хел овозаҳо мегаштанд он рӯзҳо дар Душанбе ва то ҳанӯз баъзан ба гӯш мерасанд).
Охир онҳо барои филмҳои «Достони Рустам», «Рустам ва Сӯҳроб», «Достони Сиёвуш» ва ҳамчунин вобастаи филмҳои «Қисмати шоир»-у «Коваи оҳангар» Кимёгаровро печониданӣ буданд, вале он вақт нашуда буду «бадниятони бозингар»-ро ошуфта карда ва акнун роҳи аз яке аз «бедоркунандагони миллат» халос шуданро дарёфта будаанд. Яъне медонистанд, ки гар вай з хоби наркосӣ бедор шавад ва ба худ биёяд дигар зӯрашон нарасад… Ҳамин хел овозаҳо мегашт он рӯзҳо дар Душанбе, ки дар борааш баъдтар бисёр гуфтаву навиштанд, вале аниқашро касе намедонад…
Ҳарчӣ набошад Кимёгарови бузург, барандаи мукофоти давлатии СССР, дорандаи ҷоизаи Рӯдакӣ, муаллифи филмҳои асосӣ ва таърихии тоҷик, ки аз хоби наркосӣ хеста натвонист, баъди чанд рӯз дили хастааш аз таппиш бимонд ва ин 19 апрели соли 1979 буд. Ин вақт Кимёгаров 57 сол дошт.

 

 

Бо ӯ ғурури тоҷикии Тоҷикфилм рафт…

…Бо рафтани Кимёгаров ба миён омадани асарҳои таърихӣ-ҳамосави дар «Тоҷикфилм» ва умуман кинои тоҷик аз байн бирафт.Яъне бо рафтани Кимёгаров як марҳилаи басо муҳими кинои тоҷик нопайдо бишуд. Баъди маргаш кохи киноро (Дом кинои Душанберо), ки худаш ҳамчун раиси Иттиходияи кинематографистони Тоҷикистон ба миён оварда буд ба номаш гузоштанд. Баъди кӯчонда шудани Иттифоқи синамогарон ба  кинотеатри «Зебунисо» ин кохи номи уро дошта, дигар барои кино хизмат намекард.
Ва болои гӯрпуштаи Кимёгаров ягона духтараш, Илизавета Киёгарова аз хориҷа омада, санги ёдгор гузошт. Магар инро худи мо наметавонистем, бар сипоси хизматҳояш гузорем?
…Кимёгаров набошад ҳам вай зинда аст дар дили ҳар тоҷик. Зинда аст бо Рӯдакии офаридааш, бо Рустаму Сӯҳроби сабт кардааш, бо Сиёвуш ва Коваи оҳангари ба тасвир кашидааш.  Филмҳои аз Кимёгаров ёдгор монда гаштаю баргашта таъкид мекунанд: дар таъриху саргузашти тоҷик боз ҳазорону ҳазор чунин киссаҳои ногуфта ҳаст, ки бояд рӯи навор оварда шаванд дур ё зуд. Ва ин рисолати басо муҳимро насли нави синамогарони тоҷик бояд анҷом бидиҳанд, фақат агар мисли Кимёгаров огаҳи таърихи тоҷик ва бастаи фарҳанги тоҷик ва фидокори тамаддуни тоҷик бишаванд ва мисли Кимёгаров дар ин ҷода ҷонбозиву талошгариҳо, яъне эҷодгариҳои афзун бикунанд...

 

Шераки ОРИЁН,

узви конфедератсияи синамогарони СНГ ва Балтик,

дорандаи 7 ҷоизаи байналхалқӣ.

 

 

 

 

 

 

Матлабҳои дигар