Принт

Дорухонаву мағозаи бисёр чӣ лозим?

 

Шаҳраки 30-солагии Истиқлолияти н.Файзобод сернуфуз буда, 8 деҳаро дар бар мегирад. Маълум аст, ки теъдоди ҷавонону наврасон хеле зиёд аст ва барои онҳо бояд шароит фароҳам овард. Лек, муттаассифона, дар ин шаҳрак на майдончаи варзишӣ ҳасту на толори варзишӣ, вале шумораи дорухонаву марказҳои савдою мағозаҳо мисли замбурӯғҳои баъди борон моҳ аз моҳ меафзоянд. Оё хуб нест, ки ба ҷои ҳамон дорухонаҳо соҳибкорон дар ҳар 1 деҳаи шаҳрак 1 майдончаи хурди варзишӣ созанд, то ин ки ҷавонону наврасон вақти холии хешро беҳуда нагузаронида машғул ба обутоби бадан шаванд?

Чанде пеш ҷавонони деҳаи Фатҳобод гуфтанд, ки чаро собиқ раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода барои бунёди даҳҳо дорухонаву марказҳои савдо иҷозат дода, пешниҳод накард, ки соҳибкоре пеш аз сохтани маркази савдо аввал майдончаи варзишӣ бунёд намояд? Сокинон мегӯянд, ки ин ҷо низ бо дахолати бархе аз пулдорон сохтмони майдончаи варзишӣ ба таъхир монда, ба ҷояш мағоза сохтаанд.

Дорухонаву маркази савдои зиёд ба кӣ лозим? Биёед бештар ба наврасону ҷавонон такя карда, барои онҳо майдончаву толорҳои замонавии варзишӣ созем, то ин ки обутоб ёфта, ҷавонмард гарданду бе ягон «облава» ба хизмати Модар-Ватан раванд. Чи гуфтед!?

Ҳокими Сафар,

н.Файзобод

Матлабҳои дигар