ХАБАРИ ДОҒ

Фархор: варзишгоҳро таъмир мебояд

  • Чоршанбе, Июн 15 2022

 

Дар маркази шаҳраки ноҳияи Фархор дар ҳақиқат варзишгоҳи беҳтарин барои 10,000 ҷойи нишаст сохта  шудаст, вале вай ҳеҷ вақт пур намешавад, чунки чуноне гуфтем баъзе норасоиҳою камбудиҳо ба чашм мерасад:

1.    То имрӯз дар варзишгоҳ табло барои нишон додани голҳои задашуда вуҷуд надорад.

2.    Барои ҳавасмандгардонии мухлисон масъалаҳои ташвиқоту тарғиботӣ нест, пеш аз саршавӣ ё гузаронидани бозӣ дар маркази ноҳия ва ё дар тамоми ноҳия реклама ё афиша дида намешавад, ҳол он, ки дар назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии давлатии ноҳия  шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш амал мекунад, ки ин кори ҷонии вай аст.

3.    Дар варзишгоҳ дар ҷойҳои нишаст мухлисон ба хӯрдани семичка, партофтани пучоқи он, нӯшидани обу партофтани зарфҳои пластикӣ, шикастани курсиҳои ҷойи нишаст, баровардани овозу ҳақоратҳои беҳуда ба тарафи доварон ва ғайра машғуланд. Милиса ва посбонҳои варзишгоҳ бояд ингуна мухлисинро ба ифоқа оранд!

Умедворем дар оянда ҳамаи ин камбудиҳо ҳал мешаванд.

С. Аминов,

н.Фархор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter