ХАБАРИ ДОҒ

СИПАР АЗ НАНГ ДОРАД МАРДИ РАҲБОН

  • Чоршанбе, Июн 22 2022

Аз даврони шӯравӣ то ба имрӯз хеле зиёд бо роҳи Душанбе -Чаноқ тавассути нақлиёти рӯизаминӣ сафар кардаам.  Пештар дар  ҳафт - ҳашт соат ин масирро убур мекардед ва баъд аз  ба макон расидан хастагии мусофирон ва ронанда хеле зиёд буд. Хушбахтона, ба шарофати азнавсозӣ ва ободии роҳҳо, аз ҷумла дар масири Душанбе - Чаноқ вазъ таври ғайричашмдошт  дигаргун шуд.  Акнун мумкин аст ин масофаро дар чор – панҷ соат тай кунед ва бинобар ҳамвору ободии роҳҳо ҳам мусофирон ва ҳам ронандагон роҳату осудагии бештарро эҳсос менамоянд. Ин як ҷониби масъала.

Агар жарфтар андеша кунед, роҳҳои обод боиси рушди иқтисодиёт, иҷтимоёт ва тамоми соҳаҳои дигари хоҷагии халқ аст. Аз ин хотир, раҳоӣ  аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян шуда, ба шарофати иқдомоти дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон маншаъ мегирад, амалӣ гашт ва имрӯз дар мамлакат роҳҳои паҳнбару ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ  мавриди истифода қарор доранд. Агар пештар дар мавсими зимистон ба баъзе минтақаҳои Тоҷикистон тавассути нақлиёти рӯизаминӣ  рафтан имкон надошт, айни ҳол дар ҳама фасли сол, , роҳҳо, аз ҷумла роҳи Душанбе – Чаноқ  кушода аст.

Бунёду таҷдиди роҳ кори муҳиму арзишманд ва савоб аст. Аммо бе нигоҳубини хуби роҳҳо он самараовар нахоҳад буд. Махсусан дар шароити кӯҳистон роҳҳо назорату нигоҳубини мунтазамро талаб мекунанд. Дар ин бобат таҷрибаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили зикр аст, ки беш 13 сол инҷониб дар кишвар фаъолият мекунад. Тавре маълум аст, солҳои авали фаъолияти филиали ширкати мавриди назар дар кишвар  фикрҳои интиқодӣ нисбатан  зиёд буд. Бо вуҷуди он ки баъзе «коршиносон» рисолати филиали«IRS» - ро танҳо «пулчинӣ» арзёбӣ мекарданд, имрӯз исбот гардид, ки фаъолияти «IRS»  манфиатовар аст ва саҳми он дар рушди иқтисоду тиҷорат ва иҷтимоиёт арзанда мебошад.  

Мардум мутмаин шуданд, ки пулакӣ кардани ин роҳ тадбири оқилона буда, пеш аз ҳама, ба беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар дахл дорад. Муҳим он аст, ки маблағи дар ин самт пардохтнамудаи аҳолӣ пурра барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад.

Тибқи маълумоти Маркази матбуоти  ширкати мазкур, аз оғози фаъолият аз ҷониби «IRS» зиёда аз 2 миллион метри квадратии роҳи Душанбе – Чаноқ таъмиру азнавсозӣ шуда, бо ин мақсад зиёда 230595 тонна асфалт сарф карда шуд. Ҳангоми таҷдиди роҳи Душанбе - Чаноқ аз рӯи лоиҳа деворҳои ҳимоявӣ (парпетҳо) вуҷуд надоштанд ва аз ин лиҳоз, сохта нашуд. «IRS» бо ташаббуси худ, баҳри таъмини бехатарии шаҳрвандон дар масофаи 15000 метри тӯлонӣ чунин деворҳоро бунёд кард, ки то ин вақт чандин ҳамватанонамонро аз марг наҷот додааст.

Мисоли дигар, дар масире, ки роҳи Душанбе - Чаноқ ҷойгир аст, ягон корхонаи истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонии барои бахши роҳсозӣ зарур вуҷуд ­надошт. Тӯли 13 сол дар минтақаи Варзоб 3 завод, Зарафшон - 3, Суғд 4 завод, дар маҷмӯъ, 10 корхона мавриди истифода қарор гирифтанд, - иттилоъ доданд аз Маркази матбуоти ширкати мазкур.

Ҳоло дар филиали ширкат 872 нафар фаъолият доранд (соли 2009 кормандони филиали ширкат ҳамагӣ 24 нафар буданд). Мутаассифона, дар 13 соли фаъолият 10 корманди «IRS» ҳангоми иҷрои вазифа, яъне таъмини ҳаракати бехатарии истифодабарандагони роҳ ҳалок шуданд.

- Бо мақсади дастгирии сиёсати иҷтимоии давлат, бо вуҷуди он ки маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мешавад, барои гузариши нақлиёти гаронвазне, ки ба марказҳои барқу гармидиҳӣ ангишт мекашанд, чунин маҳдудият ҷорӣ нашуд. Ҳол он ки ин иқдом боиси осеб дидани масофаи зиёди роҳ ва хароҷоти бениҳоят зиёди «IRS» гашта истодааст. Бо ин амал «IRS» дар омодагӣ ба зимистонгузаронии сокинони пойтахт то андозае мусоидат намуд. Бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ роҳи Душанбе - Чаноқ нигоҳубини 24 соатро талаб менамояд,- гуфт директори  филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирҷон Сафаров ва афзуд: «- Дар солҳои 2013 - 2016 бо мақсади амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии корпоративии худ «IRS» лоиҳаи нигоҳдории қитъаи Нурообод - Нимич дар шоҳроҳи Душанбе - Рашт - сарҳади Қирғизистон (дар масофаи 73 километр)-ро бе мақсади гирифтани фоида татбиқ намуд. Ба ин восита филиали ширкат дар тамдиди муҳлати истифодаи яке аз роҳҳои дигари аҳамияти стратегидошта саҳм гузошт.

Ин нукта низ боиси зикр аст, ки фаъолияти  «IRS»  дар шароити аз нигоҳи ҷуғрофӣ душвори кӯҳистон пеш меравад. Дар ин самт баъзан ҳодисаҳои ғайричашмдошт ба амал омада, кори таъмиргаронро мушкил ва дучанд мегардонад.

Ҳоло «IRS» соҳиби пойгоҳи пурқуввати техникӣ буда, шумораи техникаву механизмҳо ба 210 адад расидааст. Роҳбарияти ширкат  ният дорад пойгоҳро бо техникаю механизмҳои муосир боз ҳам пурра гардонад, зеро бе иҷрои ин кор, тибқи талабот, роҳандозӣ намудани фаъолият ғайримимкон аст.

Вақте бо фаъолияти ширкат шиносӣ пайдо кардем, маълум гашт, ки он гунгунҷанба буда, тӯли 13 соли фаъолият корҳои назаррасеро  ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, бо мақсади бароҳат намудани гузариши плазаҳо, дар плазаҳои толлингӣ паҳноии роҳ аз 7 метр ба 50 метр зиёд шуда, теъдоди хатҳои гузариш аз 2 ба 8-то расид. Дар ин раванд технологияи аврупоӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ёдрас мешавем, ки дар дигар давлатҳо ширкатҳои ба ин кор машғулбуда ба бунёди плазаҳои замонавӣ умуман таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Ҳамчунин дар тӯли мавҷудият 134 иншоот, аз ҷумла, пойгоҳ барои экспертҳо, анбор барои нигоҳдории маводи зиддилағжишу дигар масолеҳ, сехҳои истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, иншооти зиддитармавӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Бо мақсади пешгирӣ ва кам кардани таъсири  хавфи офатҳои табиӣ аз ҷумла, баландшавии сатҳи оби дарёҳо дар фаслҳои баҳору тобистон, ки баъзе қисматҳои роҳ осеби ҷиддӣ мебинанд, дар муддати 13 сол 50000 мет­ри мураббаъ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом  ёфтанд.

Воқеан, иқдомеро роҳандозӣ кардан, аз ҷумла фаҳмонидани муҳимияти фаъолияти Ширкат ба аҳли ҷомеа, кори саҳлу осон набуд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки дар пешбурди бомуваффақияти ин кор саҳми Маркази матбуоти ин Ширкат назаррас аст. Маҳз тавассути вокуниши бетаъхиру асоснок ва қотеона ба нигоштаҳои  аз ҳақиқат фарсахҳо дур ва тарғибу ташвиқи мақсадҳои неки ширкат имрӯз мардум моҳият дарк карданд.

«Дар кишвари мо солҳои аввали ҷоришавии ин иқдом бо  бархӯрд ва назарҳои интиқодӣ рӯ ба рӯ буд. Аксарият ба ном мунаққидон иддао доштанд, ки ин роҳ аз ҳисоби давлат сохта шудаасту чаро онҳо барои истифодааш маблағ пардохт намоянд? Вақт нишон дод, ки ин тадбир оқилона буда, пеш аз ҳама, ба беҳдошти ҳолати ин роҳи аз лиҳози стратегӣ муҳим рабт дорад… Итминони комил дорам, ки роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат ба дастовардҳои ноилгардида иктифо накарда, баҳри густариш бахшидани ин раванд беш аз пеш ҷаҳду талош хоҳанд кард. Бо дарки масъулият мегӯям, ки, фаъолияти хуби  «IRS» ба ҳама ҳувайдост».

 Ин андешаи роҳбари Котиботи Шӯрои байниҳукуматии роҳдории ИДМ, сармуҳаррири маҷаллаи «Роҳҳои ИДМ», профессор Бурӣ Каримов аст, ки аз  китоби  “Нигоҳбони роҳи ҳаёт” иқтибос шудааст.

Ба ин суханони пурҳикмат чизе илова намуданро ҷоиз намедонам.

 

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

 журналист

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter