ХАБАРИ ДОҒ

Деваштич: Ба бӯҳрони картошка Барқи Тоҷик гунаҳкор!

  • Чоршанбе, Июл 06 2022

 

Ноҳияи Деваштич бештар ба парвариши картошка машғул буда, аз рӯи ҳисобҳои оморӣ ба хирмани ватан баҳри таъмини бехатарии озуқа наздики 180-200 ҳазор тонна картошка истеҳсол менамояду мардум аз паси он зиндагии хуб доранд.

Дар ҳудуди ноҳияи мо зиёда аз 100 ҷӯю дарёи хурду калон ва зиёда аз 1450 кӯл ҳаст, вале мо аз сабаби бемасъулиятии роҳбарон ва ходимони масъули идораи барқи ш.Истаравшан 5 соли охир аз беобӣ азият мекашем. Ин албатта боиси кам шудани ҳосили деҳқонӣ низ гашта истодааст.

Масалан, ҳамин сол моҳи май трансформатори №40 - и деҳаи Чорбоғ аз кор баромад ва то имрӯз ӯро касе дуруст намекунад. Ё худ мардум дар 4 ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ, Оби Борик, Ваҳдат ва Росровут баҳри беҳбудии зиндагии худ аз ҳисоби маблағҳои шахсиашон 350 чоҳи артезианӣ кофта, ба истифода доданд, ки 200.000 тонна картошка аз ҳисоби ҳамин чоҳҳост.

Имрӯз дар шуъбаи барқи минтақаи Калининобод буда 5-то трансформатори 6300 кв гузошта шудааст, ки иқтидораш барои таъмини аҳолию чоҳҳои амудӣ намерасад. Айни замон баъзе хоҷагиҳо ҳамагӣ 12 соат бо барқ таъминанд, ки набудани барқи доимӣ боиси талаф ёфтани ҳосил мегардад.

Дар хоҷагии Қалъачаи Кулибой 10 га картошка аз сабаби беобӣ набаромада, пӯсидааст. Сокинони ин 4 ҷамоат ба назди ҳамаи зинаҳои роҳбарии вилояту ноҳияву шаҳри Истаравшан борҳо рафта, муроҷиат кардаанд, лек касе эътибор намедиҳад.

Ҷумъабой Яҳёев,

н.Деваштич

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter