Принт

Сипос ба бародарон Соҳибовҳо!

 

Салом СССР-и азиз! Пешопеши ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси оилаи Соҳибовҳо дар маҳаллаи "Хатлон"-и шаҳри Бохтар корҳои мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ оғоз гардид. Тибқи нақша мумфаршкунии қариб 2 километр кӯчаҳои ба номи Шарифамоҳи Кишвардухт, Фирдавсӣ, Камоли Хуҷандӣ, Иззат Куганов ва Исмоили Сомонӣ анҷом ёфта, ба корҳои ободонии маҳал ва азнавсозии роҳҳои маҳаллаи "Хатлон" наздик ба 50 адад техника ва беш аз 80 нафар мутахассисону кормандон ҷалб гардидаанд.

Ҳамзамон, дар ин маҳалла ба дарозии қариб 2 километр қубурҳои обгузар бозсозӣ ва қубурҳои пасоб насб карда мешаванд. Соҳибкори ташаббускор инчунин чароғонкунии кӯчаҳои маҳалларо низ ба масофаи 2 километр ба нақша гирифтааст. Сокинони маҳалларо дидани корҳои мумфаршсозию ободонӣ хеле шод мекунад. Сипос ба бародарон Соҳибовҳо барои ин амали нек!

Шарифамоҳ Сабзаева,

ш.Бохтар

 

 

Матлабҳои дигар