Принт

МЕРОСБАР

 

Ин ситора дар самои ҳунари тоҷик  соли 1986 тулуъ намуд. Аз он рӯзи нахуст, 24-уми июн то кунун, вай дар саҳнаи касбии санъати тоҷик муттасил ва устуворона қадам зада,  36 сол боз дар саҳнаи ҳунар майдондорӣ мекунад.  Қадамҳои устувори ӯ дар роҳи ҳунари касбӣ бо таъсиси дастаи ҳунарии «Ганҷина», аз рӯзҳои нахустин шуруъ гаштааст.

 

 

 

 

Физике, ки ҳунарманди мардумитарин гардид

 

То ҳол муаммост, ки чаро Чилахони физик ба ангезаи таронасароӣ маҷрои зиндагиашро дигар кард. Чи зарурат дошт, ки қабл аз ба филармония ҳозир шудан факултаи физикаи Университети давлатии Тоҷикистонро хатм намояд? Хостем парда аз роз бародарем ва аз ин рӯ, аз сарояндаи номвар ҷӯё шудем. Хандаи гуворое зада гуфт:

 

– Нимаи дувуми моҳи июни соли 1986 дар маҳаллаи Қаротегини пойтахт   иҷоранишин будем. 1 ҳавлӣ поёнтар аз ҳавлии Мустафошон (директори вақти фабрикаи «Ширин») бо ӯ ва Лутфулло Давлат (Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон) баҳскунон алаф медаравидем. Насими тозаву руҳи болида, суҳбати хуш бо бародарони ҳамватан маро то хиттаи Кангурт бурд. Фалак задам. Дӯстон дар ҳайрат монда қомат рост карданд.

 

Лутфулло:

 

– Қанд зан! – гуфт...

 

Мустафо:

 

– Дар шаҳр эълонеро хондам. Рӯзҳои наздик дар филармония дастаи фолклорие ташкил мешавад. Барои ҷалби истеъдодҳо озмун эълон шудааст. Зеби ҳамон ансамблӣ...

 

Лутфулло:

 

– Акам рост мегӯяд...

 

Гардан нафуровардам.

 

– Охир ман физикам, ҳофиз набошам...

 

– Истеъдод модарзодист, биё бахтатро бисанҷ, – хулоса кард Мустафо...

 

Аз дасти дӯстон ҷои гурез набуд. Лутфуллову Мустафо роҳбалад шуданд. Роҳ сӯи бинои филармония (ҳоло бинои ТВ «Сафина») ҳамагӣ ним соат кашид.

 

24.06.1986. Чилахон ба самъи доварон «Фалаки даштӣ» ва таронаи «Қаде дорӣ»– ро пешниҳод намуд. Ӯ суруди фалакро аз толор хонда – хонда ба саҳна баромад. Ҳар ду таронаро бе мусиқӣ адо кард. Доварон – устодони ҳунару санъат ва илми тоҷик – Зафар Нозим, Алиризо Раҳмонқулов, Раҷаб Амонов, Ҷӯрабек Муродов, Гавҳар Мирҷумъаева, Низом Нурҷонов ва дигарон ӯро бо як овоз ҷонибдор шуданд. Садои баланд, лаҳни ширину самимиаш мақбули ҳакамон уфтод, ва ӯ аз ҳамон рӯз узви комилҳуқуқи  «Ганҷина» гардид.

 

Маҳз бо кӯшишу заҳмати Чилахон Холов дар бадали сӣ соли охир таронаҳои халқии «Қошуқтарош», «Магаме», «Қаде дорӣ», «Дилу дил», «Хамида мӯи сиёҳ», «Каҷкулоҳ», «Бозубанд», «Баҳор омад ширинҷон», «Кадудона» аз нав эҳё шуданд...

 

  

 

Нобиғаҳо дар бораи нобиға

 

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зафар НОЗИМ:

 

«Чилахон садои баланди марғуб дорад. Хеле самимӣ, аз таҳти дил мехонад. Доимо дар ҷустуҷӯ, кофтукови хазинаи пурғановати халқ аст. Басо қобилиятнок аст. Орзу дорем, ки тамоми ҳаёташ ба хушбахтиву амонӣ гузараду ҳунарманди маъруфе гардад»

 

 ***

 

Артисти халқии СССР Ҷӯрабек МУРОД:

 

«Дар дунё назари Худо ва халқ бузург аст. Агар ҳунарманд назари ин дуро соҳиб шавад, боқӣ чизе лозим нест. Бигузор ба Чилахон ин назар афтад...».

 

 ***

 

Нависанда ва драматург Ато ҲАМДАМ:

 

«Дар самои ҳунари тоҷик ситорае дурахшид, ки он ситораи Чилахон аст...».

 

 ***

 

Ҳофизи халқии Тоҷикистон Одина ҲОШИМ:

 

« Ҳар гоҳе ки «Ганҷина» бо иштироки Зафар Нозиму Муродбек Насриддин ҳунар менамоянд, гӯшу ҳуш мешавам, аммо ҳунарнамоии Чилахон рангу бӯ, таровати дигар дорад. Чилахон, аз ту бӯи Одина Ҳошим меояд. Умри дарози бобаракат насибат бод!».

 

 ***

 

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло РАҶАБ:

 

«Чилахон аз зумраи ҳунарварони хоссаест, ки дарк мекунад, мешунавад ва мебинад. Роҳат сафед бод Чилахон!».

 

 ***

 

Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Раҳмондӯст ҚУРБОНИЁН:

 

«Чилахон овози хеле табиӣ дорад ва ба гумонам асоси комёбиҳош дар ҳамин аст. Дигар ин ки ҷӯянда аст ва дар интихоби таронаҳои мардумӣ завқи хосса дорад...».

***

 

 

«МАН АЗ ХАЛҚАМ НАМОНАМ»

 

Рӯзе оҳангсози маъруфе, масъули Кумитаи телевизион ва радиои кишвар бо зардаву истеҳзо гуфт: «Чилахон, ту бояд ягон оҳанги маро саҳнавӣ гардонӣ». Боз чанд сухани дигар сарборӣ монд... Чилахон ғазабашро фурӯ нишонда, оромона посух дод:

 

«Ман аз халқам намонам, оҳангсози ман пирони кӯҳистони тоҷиканд, то онҳо ҳастанд, ман ҳеҷ гоҳ бекор нахоҳам монд...».

 

Бале, ӯ ҳақ аст. Халқ худ офарандаи беназир аст. Истифодаи ганҷи шойгонаш ба ҳеҷ ваҷҳ тиҳӣ нахоҳад шуд. Барои ба умқи он ғӯтавар гаштан ғаввосӣ, кӯшишу ғайрат ва суботкорӣ мебояд.

 

 

 9 - УМИ МАЙ

 

 Моҳи майи соли 2002. Чилахон Холовро дар даҳлези Нашриёти «Шарқи озод» вохӯрдам. Ташвиш дошт.

 

– Акаи Умар, 9-уми май дар Кохи Борбад консерт дорам, мисли соли гузашта, бо барномаи тоза.

 

Ҷӯё гаштам:

 

– Чаро маҳз 9-уми май консерт мегузаронед. Соли гузашта низ, маҳз ҳамин рӯзро пазируфта будед. Ин тасодуф аст ё...?

 

Гуфт:

 

– Иди Ғалаба барои ман, рӯзи ёдмон ва таърихист. Падарам Маҳмадсаид Холов иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 буданд. Аз рӯи нақли амакам, дар арафаи Иди Ғалаба бар фашизм, соли 1945, ба хонадони мо аз фронт хати сиёҳ омад. Ҳамин хел оши сари соли падарамро медиҳанд. Рӯзи 9-уми майи соли 1946 қиблагоҳ сиҳату саломат ба деҳаи Чавроғи ноҳияи Кангурт бармегардад. Шукрона, падар чанд соли дигар умр дида, дар 59 – солагӣ фавтиданд.

 

 

 

Умар ШЕРХОН,

 

  махсус барои СССР

 

Аз редаксия: Дӯсти газетаи мардумӣ, муаллифи доимии мо, нобиғаи санъат ва сухансанҷи нозукадо, устоди устодони санъати фолклорӣ ва миллӣ-Чилахон Холов маризанд. Даст бар дуо мебардорем, ки Худо аз даргоҳи раҳмату шафоаташ ба ӯ шифои комилу оҷилу вофир нозил гардонад. Омин!

 

                                   

 

  

 

 

Матлабҳои дигар