ХАБАРИ ДОҒ

ЧАРО ВАЗОРАТИ МОЛИЯ ПАРДОХТИ НАФАҚАРО КАШОЛ МЕДИҲАД?

  • Чоршанбе, Янв 11 2023

 

Ин суол чанд рӯз аст, ки бепосух аст. Ҳамин ҳоло аз аёдати бемор, яке аз собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омадам. Бехабар аз он ки панҷумин рӯз аст мо бо Вазорати молия дар мавриди пардохт нашудани нафақа дар муколамаем, ӯ низ забони шиква боз кард, ки дар чунин рӯзҳои сарду беморӣ боз нафақа ҳам нагирифт, ки доруҳояшро сари вақт бихарад. Ҳарфе, ки ман тӯли ин 5 рӯз ба яке аз масъулини ин вазорат бо исми Самад борҳо гуфтаам. Ин ҷавони хеле хушмуомила бо "акаҷон" гуфтанҳо аслан дар ҷонам ҳам зад. Кори акаҷона буд карда, ки наметонӣ, чӣ мегӣ дига?

100-ҳо нафар нафақагирон, боз касоне, ки замоне сина сипар карданд, то Самадҳо имрӯз озодона кору фаъолият бикунанд, муҳтоҷи ҳамон чанд сумаканд. То ҷойе медонам аз миёни шиносҳои худам ҳоло 3 нафар дар бистари беморӣ, 2 маъюб ҳам сахт ниёзманду яке аз онҳо аслан каси ноновар надорад.

Дирӯз ба қавле фаҳмонданд, ки ким-чи хел системаеро таҷриба мекунанду агар баланс фалон шавад пул ба зудӣ вориди корт мешаваду нашавад боз ину он. Ман, ки ба ин сухано аслан сар дарнамеорам, нафаҳмидам, ки яъне чӣ? Ва тасаввур мекунам, ки ба он нафақагирон ҳам агар садҳо бор балансу система гӯӣ чизеро дарк намекунанд. Муҳимаш барои онҳо пулашонро гиранду дар зиндагӣ сарф кунанд.

Нафақае, ки маъмулан рӯзҳои 17-18 пардохт мешуд, ҳоло 23-ум асту аз он дараке нест.

Аслан масъалаи пардохти нафақаи пиронсолон ҳамеша як масъалаи баҳсист ва сари вақт пардохт нашудани он ҳамеша дар матбуот матраҳ буду имрӯз ҳам матраҳ аст. Пас билохира оё касе бошад, ки як рӯзи дақиқи пардохти ҳақи онҳоро ҳам таъин кунад? Ин бебандуборӣ то кай давом мекарда бошад?

Бобоҷони Шафеъ,

журналист

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter