ХАБАРИ ДОҒ

Марқади Бедил хору залил нест!

  • Чоршанбе, Янв 18 2023

Ин гӯристон ғунчаҳо бисёр дорад, бӯ кунед,

Дар ҳамин ҷо Бедили мо ҳам диле гум кардааст.

 

Чанд ҳафта пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз он ҷумла Фейсбук наворе дар бораи ҳолати ҳузнангези оромгоҳи Мирзо Абдулқодири Бедил паҳн гашта, мавриди интиқоди шадиди корбарони он гашт.

Бояд гуфт, ки “Боғи Бедил” ва ё “Даргоҳи Ҳазрати Хоҷа Нуриддин Малик Ёри паррон & Хоҷа Бедил” - оромгоҳи Мирзо Абдулқодири Бедил шоир, насрнавис ва файласуф, яке аз намояндагони барҷастаи адабиёти форсу тоҷики Ҳиндустон, ки аҳли илму адаб ӯро бо унвони Абулмаонӣ – “падари маъниҳо” ном мебаранд, дар наздикии “Дарвозаи Ҳиндустон”, яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Деҳлӣ (Mathura Road) воқеъ аст.

Тавре ба мухбири СССР дар Раёсати итиллоти Вазорати корҳои хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин оромгоҳ бо эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари давлатиашон дар соли 2006 таъмиру тармим карда шуда, лавҳаи ёдбуд ба забонҳои тоҷикӣ, ҳиндӣ, англисӣ, форсӣ ва урду гузошта шуд. Ҳоло дӯстдорони осори ин шоири беҳамто ва нуктасанҷ, ҳайатҳои расмии кишварамон ва ҳар тоҷике, ки гузораш ба Деҳлӣ меафтад, ин маконро зиёрат мекунанд.

Дар навори фейсбукӣ, манзараи қабристони наздикону пайвандони шоир ва аҷдоди мутаваллии кунунии ин макон Абул Мисбоҳ ба намоиш гузошта шудааст, на Мирзо Абдулқодири Бедил. Аксу наворҳое, ки ба идораи газетаи СССР пешкаш шудаанд (ниг. ба аксҳо), 05.01.2023 гирифта шудаанд.

Лозим ба таъкид аст, ки намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон ва Шӯрои Ҳиндустон оид ба муносибатҳои фарҳангӣ (ICCR) барои ободу дар сатҳи муносиб қарор гирифтани оромгоҳи ин шоири ширинкалом пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Ҷ.Мақсуд,

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter