ХАБАРИ ДОҒ

Роҷеъ ба фаъолияту кору зиндагиву маҳбубияту осору асару намоишномаҳову, ҷаҳонсозии Ӯ борҳо гуфтанду мо ҳам шунидаву хондаем.

Аз тариқи симову садо, шабакаҳои интернетӣ, телевизионҳои дигар кишварҳо дар робита ба ҳунараш дидему шунидем...

Мақолаву очеркҳои пурқимати аксар соҳибмактабони соҳа ва ҳамкилконро дар шахсияти камназир буданаш дар асри навин, саҳмгузориҳояшон дар таҳкими фарҳанги тоҷик, театру кино, ҷаҳони адабу эҷод, шуҳрати оламгири ӯ, ворисиаш аз халқу миллат, дӯстдориаш аз сарзамини ориёӣ, аз тоҷикияти ӯ, аз зебоӣ, таҳамтанӣ, бебокӣ, нотарсӣ ва ҳатто аз "девонагиҳо"– и ӯ сароиданду навиштанд.

Бале, бале аз девонагиаш гуфтанд. Яъне ӯро девона хонданд. Чаро? Чаро ки ӯ дар замони пирӣ садҳо захми касони наздики эътиборро хӯрд…

Ӯст, ки бо ин ҳама боз ҳам дӯстдорон дораду аз ҳунари нотакрори ӯ ситоиш мекунанд ва бешак ӯро нобиға унвон мекунанд. Мо, замони фаротар аз ошноиҳои ғайбӣ (наздик шудан) уро Мӯъҷиза эътироф кардем…

Барои меҳмонӣ рафтан ба хонаи устод, оини тоҷиконаи ҳар ошиқи ҳунараш зарур аст, то лоақал аз ҳамон кабобҳои ба қавли худи устод,"Шашлики Ҷумъахон" савғо бубарад...

Мо роҳ пеш гирифтем ба манзили ободи шоҳи саҳнаву шоҳи дилҳо Ҳошим Гадои қаҳрамон. Дӯстам Ҷумъахон Сайидалӣ тугмаи занги дарро пахш кард ва даст ба дастаи дар (ошёнаи 10) бурд. Воқеан, дари хона, тавре худи устод таъкид мекунад, во буд. Садое шунида шуд, ки дароеду каме дар даҳлез сабр кунед.

Ӯ худро барои пазироии мо омода кард.

– Дар 86– солагӣ хестану шалворатро ёфта пӯшидан, хуб давлатест, оғоз карданд устод ва моро ба ошхонаи манзилаш хонд.

Дар ин хона устод аз солҳои 80 – ум зиндагӣ мекунанд.

Чун дарк кард мо ҳам аҳли эҷодем, устод нимшухиву нимҷиддӣ ба Ҷумъахон гуфт:

– Боз журналист овардӣ? Боке не, чашмони ин журналист ҳам медурахшанд, муҳим, ки "Шашликҳои Ҷумъахон" овардаанд...

Устод сихкабобҳои маҳаллаи 1 – ум Советро бо номи Ҷумъахон мешиносанд.

Ҳарду зиёд нишасту наҳору нисфирӯзиву шомхӯрии якҷоя доштаанд.

То оғози суҳбати мавриди ҳадаф боз аз дусти хабаргири дигарашон Аббос, аз н. Ҳамадонӣ пурсон шуданду афзуданд, ки ин журналист ҳам мисли Аббос тез – тез меоянд ё ин омаданаш ба хонаи мо аввалу охир аст?

- Албатта, ки боз меоем, – мегуям зуд дар посух.

– Гап назан! Кадом вақте гуфтам, гап зан, баъд сухан мекунӣ!

Ман, хуб шудааст гӯён, ором шудам...

–Ҳар кӣ моро ёд кард, Эзид мар ӯро ёр бод... Сатри аввали ғазали маънидори Шоҳи Ҳамадонро гуфтанду афзуданд, ки чун имруз суроғи ман омадед, дар 85– солагиат дигарон ёди ту кунанду даратро боз намоянд.

Ҷуръати дуруст нишастану гӯш кардани суханҳои ӯро кардем.

– Ту медонӣ, ки дилат аз дунё монд, овози булбулат намефорад?

– Бале медонам устод, – мегӯяму аз ҷоям нимхез мешавам ба нишони эҳтиром.

– Шин, пеши ман нахез!

Дар вақташ ман ҷавон будаму, баланду зебо...

– Қади ту чанд аст?

– 1 метру 86 сантиметр…, устод

– Ман 2 метр баландӣ доштам. Паҳлавон будам. Дар Ӯзбекистон 6 – нафарро ҳалол задам, ки аз қаҳрамонҳои замон буданд. Аз Ҷумъахон ва Аббос миннатдорам, ки хабар мегиранд ва маро танҳо намегузоранд.

– Ту ягон чиз менависӣ?

– Агар зид набошед, сатре чанд нависам.

– Аввал ин ки нанавис! Агар менависӣ, хуб навис, ки туро хонанд! Мисли Сайёф, гунаи Зафар Мирзоён навис!

Ба андеша рафтам.

- Ман актёри шуравиам, аз Бохтар не! – шунидам дарзамон.

- Исроил, Амрико, Россия, Гурҷистон, Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, ҳама маро медонанд.

Ман бо эҳтиром сар меҷунбонам ва ишораи тасдиқ мекунам.

– Дар Институти санъат намоиши "Рӯдакӣ"– ро мондам.

– Ту медонӣ, ки Рӯдакӣ аввал ҳофиз, сароянда буд?

Боз ҳам ишораҳои босукут дорем...

- Нақши сазовори Рӯдакӣ, он Одамушшуароро наёфтем. 200 бор Эдипро бозӣ кардам, 3 бор сактаи дил шудам. Шогирдони зиёд дорам. Саид Пир, Маҳмадсаид Шоҳиён, Аловуддин, Лутфулло Давлат шогирдони мананд...

- Дар нақшҳо, киноҳо маро куштанӣ шуданд, аз нақшҳо пеш мекарданд. Ҳангоми офаридани нақши Ҳамлет аз болои сақфи театр оҳани 100 килограммаро дар 10 см наздик ба сарам ба замин афтонданд. Режиссёр гуфт, ки агар дигарбора такрор кунанд, роҳбарони театрро ба ҷиноят мекашем.

Ин кор дар куҷо ва кадом театр шудааст, пурсида натавонистем, зеро устод эҳсосианду ҳаяҷон доранд.

– Ман хиёнаткор нестам, навис! Президент Падари миллатанд…

Воқеан, роҷеъ ба қаҳрамониҳову шуҷоату ватансозиҳову миллатофариданҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, устод Ҳошим Гадо китоб навиштаанд.

Он китоб " Падари миллат " ном дорад.

– Ман 10 – май 85 – сола шудам. Номи тоҷикро дар Маскав, Ленинград, ҳамаҷо баланд кардам, дар нақшҳоям мардум гиристанд, ифтихор аз миллати тоҷик мекарданд. Вале чаро 85 – солагии маро ҷашн нагирифтанд?

Аз рӯйи шунидам дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 85– умин баҳори умру 65– солагии фаолияти эҷодиашро ҷашн гирифтанд, вале устод мехоҳанд ин милодрузашон гунаи 80- солагиашон дар сатҳи фаротар бояд таҷлил мешуд.

Ӯ мегӯяд дар Маскав актёрони машҳурро бо таксӣ ба кор мебаранд, аз ҳолашон хабар мегиранд....

– Писарҷон, (Фирдавс, писари ман, моро ҳамроҳӣ хоста буд, инҷост) биё қап батареяҳои маро, хунук ҳаст?

Ҳаст....

- 2 метр замини қабристон маро интизор аст....

Аз қафои ҳунар, санъати миллатам аз ҳама мондам. Ман китоб дорам. "Оё мо Ҳошим Гадоро мешиносем?".

500 – ум ҷилди китоб, ҳатто 600 – ум китоби хешро ба мо нишон медиҳад.

- Ҷоизаи" Рӯдакӣ" дорам. 60– сол дар саҳна будам. Ҳоло ҳам метавонам Суҳроб ё Эдипро бозӣ кунам. Аз пой, аз абрӯ, болои чашм, аз пушт 15 см изи ҷароҳат дорам, ангуштам шикаст аз барои нақшҳои самимона офаридаам, нақл дорад, қаҳрамони ман.

- 45– сол боз шароб наменӯшам, ҳоло ҳам рол офарида метавонам, лекин ман дар кор нестам.....

– Ҳой, акаи корреспондент? Чизе, ки ба ману ту зарар меорад, нанавис!

– Хуб, устод!

– Китобҳоро навиштам, ки дардам сабук шавад...

– Сайёф хеши ман нест, акаи корреспондент, – хитоб мекунад устод. Аммо тоҷики асил, ки ҳаст, аз ҳунару шӯҳрату ҳақиқати ҳоли ман мегӯяду менависад.

Рӯзе мерасад, ки хориҷиҳо мегӯянд, ки Ҳошим Гадо аз они мост...

– Китобҳоро бо теъдоди кам мебарорад. Сабаб ба ҳама маълум, мушкили иқтисодӣ. 1 китобро мефурӯшаду боз бар ивази маблағи ба даст омада китоби дигарашро нашр мекунад.

–Ман худамро нависанда эълон намекунам, – мегӯяд устод.

Даъвои нависандагӣ ҳам надорам.

– Баҳр аз чӣ иборат аст, Ака?

Мепурсад аз ман.

– Баҳр аз қатра иборат аст. Ман баҳрро бо он ҳама бузургӣ дар қатра ҷой кардам.

Замин аз гард иборат аст.

Ҳошим Гадо заминро дар гард ҷо кард, навис!

– Ҳой, Я это Я!

– 600 китоб навиштам.

– Дар Озарбойҷон ба номи ман чашмаеро номгузорӣ карданд, “Ҳошимбулагӣ”, яъне “Чашмаи Ҳошим”. Нақши шоҳи Озариҳоро офаридам. Барзагови озариҳо 15 сантимерт пушти маро дарронд. Нақши дигар дар песаи "Шаби гирифтани моҳ"-ро дар 45 давлати ҷаҳон ба намоиш мондем. Нақши девона доштам, ки бароям аз ҳама беҳтарин буд…

- Дар песаи Шамсӣ Қиём "Орзу" нақши бегап доштам. Бесухан дар саҳна падид омадану ҳадафро ба бинанда расондан, болотар аз фоҷиаи Эдип аст....

Нақши Иброҳимбекро болотар аз он шоҳкориҳо медонанд.

Дар "Дохунда"-и устод Садриддин Айнӣ нақши паҳлавонро бозидам, ки бароям олианд....

Майли савол мекунам...

– Дигар савол надеҳ! "Шашликат хунук шуд!"

- Тамом, хуш омадед!

- Ин китобҳо барои шумо ҳадя, 5 китобашро ба ману писарам, 2 китоби дигарро ба Ҷумъахони Сайидалӣ, дӯсти роҳбалади мо медиҳаду тугмачаи лифтро зер карда моро ба поин гусел мекунад...

Дар роҳ андешаҳое ҳазоргуна сарам чарх зад. Аввалан хушҳол шудам, ки ба дидори 1 нафар ҳунарманди маъруфу ҷаҳонӣ ошно шудаму аз ҳазору як рози ӯ огаҳӣ ёфтам. Чароҳои Ҳошим Гадои пайвандгари наслҳои миллати тоҷик дар вуҷуди мо ҳам чархиш ёфт. Ӯ воқеан ҳунарманди кайҳонист.

Ӯ ордени "Ситораи Президент" дорад. Ӯ ҳама чиз дорад. Танҳо имрӯзи наздик ба 90-солагиаш муҳаббатҳои халқаш, ҳампешаҳояшро дар зиндагӣ дидан мехоҳад.

Ҷавоби ошноӣ ошноист ва ҷавоби меҳр ҳамеша меҳрубонист. Бигузор, ки ба 120 дароянду садсолагиву оянда милодҳои ӯро истиқбол бигирем, зеро ки Ҳошим Гадо муъҷиза аст...Муъҷизаи кайҳонӣ...

Абдурозиқи Азиз,

журналист

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter