ХАБАРИ ДОҒ

Ҷазо барои таҳқири «Шоҳнома» ва Наврӯз

  • Чоршанбе, Март 01 2023

Масъалаи мубориза ба муқобили шоҳасари миллат «Шоҳнома», номҳои зебои ориёӣ, ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргону дигар ҷашнвораҳои миллии мо ва аз ҷумла тарғиб дар байни овозхонони маъруфи тоҷик оиди аз арсаи саҳна ва сурудхонӣ баромадан ба хотири «гуноҳ будану ҷоиз набудани овозхонӣ дар шариати ислом!?» баъди соли 2005-ум аз тарафи нухбагони хориҷии нимчамуллоҳо ва ба ном муллобачаҳои дар хориҷа хондаву шаҳодатнома гирифта, шурӯъ гаштааст.

Аслан ин амал сахт даҳшатовар аст ва он кори тарҳрезигаштаи ҷараёнҳои ба ном панисломизм (аслан панарабизм) мебошад, ки бар зидди маданияту фарҳанги волои ориёӣ-иронӣ 1500 сол боз дар мубориза ҳастанд!     

Ин ашхоси беақл гӯё бо гузоштани номҳои дурушти арабӣ рост «мусулмони комил» мешаванд, ки 1 амали беақлонаест!

Ба андешаи банда бояд дар Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман барои таҳқири таърихи шукӯҳманди тоисломии миллат, эпоси миллиямон «Шоҳнома», ки дар ҷаҳон назир надорад, ҷашни миллиямон  «Наврӯз» ва дигар ҷашнҳои қадима, таҳқири  падари маънавии миллати ориёӣ Зардушт, нахусткитоби миллиямон «Авесто» (аз ин нахусткитоби мо китобҳои осмонӣ ва мардуми тамоми динҳои олам маъво гирифтаву об нӯшидаанд) моддаи алоҳидаи махсус дохил карда шуда, чунин ашхос ба ҷавобгарии сахти ҷиноятӣ кашида шаванд.

Варқаи Зайниддин,

хуқуқшинос,

ш.Бохтар

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter