ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июн 30 2021

- Салом ба кулли кормандони газетаи мардумии СССР! Дар арафаи пешвозу таҷлили ҷашни тақдирсози 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ қарор дорем. Дар муддати 3 соли ахир дар тамоми ҳудуди мамлакат чӣ қадар дигаргунӣ ба амал омада, Тоҷикистони азизи мо шукуфт. Инро мебинаму меболам, вале вақте ба ёдам роҳҳои ноободи ш.Исфара меояд, нигарон мешавам. 

30 сол мешавад, ки роҳи байни ҷамоатҳои Чилгазӣ-Лаккон обод нест, раисони қаблӣ, ки омаданду рафтанд, дар ҳар мулоқот ваъда медоданд, ки то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии кишвар ин роҳ таъмир мешавад, вале 30 солагӣ ҳам расиду аз таъмиру азнавсозии ин 22 км роҳ дараке нашуд. 

Раиси собиқ Сулаймон Акрамзода вобаста ба ин масъала боре гуфта буд, ки барои таъмири ин роҳ ҳатто буҷҷаи вилояти Суғд ҳам намерасад, ин тавр бошад ин роҳ боз чандин даҳсола ҳамин тавр хоҳад монд? Вазъи ин роҳ хеле бад буда, вақҳои ахир садамаҳои автомобилӣ дар ин масир афзудаанд. Ронандаҳое, ки дар ин масир равуо доранд, ҳар моҳ то 1500 сомонӣ андоз месупоранд, лоақал аз ҳамин маблағ қисмеро ҷудо карда, роҳро таъмир кунед, мансабдорони азиз! 

Дигар ин, ки 86 км роҳи байни Конибодом ва Б.Ғафуров низ, ки байналмиллалист, таъмирталаб буда, бояд то ҷашни 30-солагии Истиқлолият азнавсозӣ мешуд, вале он ҳам ҳамин тавр монд…

Юсуфбой Файзиев, ш.Исфара, тел: 98 704 05 54

 

Сешанбе, Июн 22 2021

 

Отифа Пичанд, паноҳандаи эронӣ дар Тоҷикистон

Сешанбе, Июн 15 2021

 

Дар Тоҷикистон бисёриҳо аз пӯшидани ниқоби тиббӣ ба ҳангоми гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳо худдорӣ мекунанд

Чоршанбе, Июн 09 2021

Салом СССР-и азиз! Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 дар маркази ноҳияи Мастчоҳ ва тақрибан дар масофаи 200 метр аз бинои МИҲД-и ноҳия қарор дорад. Бо сабаби набудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар мактаб хонандагон маҷбур мешаванд дар вақти занги танаффус зарфи пластикӣ дар даст барои об ба хонаҳои мардуми ҳамсоя дароянд. 

Дар мактаби мо дар 2 баст беш аз 800 нафар таҳсил мекунанд. Тақсимоти оби нӯшокӣ танзим шуда, мактаб субҳ аз соати 6 то соати 11:30 ва аз соати 5:30 то дили шаб  бо об таъмин аст. Талабагони басти аввал аз об мушкилӣ надоранд, лекин хонандагоне, ки дар басти 2-юм таълим мегиранд аз набудани оби нӯшокӣ хона ба хона об пурсида мегарданд. Мо онҳоро манъ карда наметавонем. 

Дар ин бора чанд маротиба ба роҳбарон ва мутахассисони масъули обтаъминкунӣ муроҷиат кардам. Онҳо баҳонаи набудани маблағ борои таъмири насосҳои обкашониро сабаб мекунанд. Ҳарсол аз баҳор то тирамоҳ вазъ чунин асту ҷавоб ҳам ҳамин. Қалбу виҷдонам маро ором нагузошта ба назди муовини раиси ноҳия Зайнура Умарзода, ки куратори соҳаи маориф аст, даромада аз ин проблема сӯҳбат кардам. Зайнура Умарзода маро қабул ва гӯш карда, баъд дар ҳузури ман ба зертобеаш занги телефонӣ анҷом дода, бобати масъалаи нигаронкунанда, нимҷиддию нимшӯхиомез гуфтушунид кард ва гуфт, масъала ҳалли худро ёфт. Пас аз ин сӯҳбат ва ваъда 10 рӯз аст, ки хонандагон мисли «талбанда» дар ба дари хонаҳои мардум об мепурсанд… 

Хусрав Ҳусейнов, шаҳраки Бӯстон, н.Мастчоҳ, 

тел: 92 934 94 94

 

Сешанбе, Июн 01 2021

 

Як ширкати вобаста ба Иттифоқи касабаи Тоҷикистон ба фиристодани дастҷамъонаи муҳоҷирони корӣ ба Русия оғоз кардааст. Қарор шудааст, ҳар гурӯҳи 50-нафарии муҳоҷиронро як намояндаи ширкат ҳамроҳӣ мекунад, то дар зиндагиву кори онҳо мушкиле пеш наояд. Муҳоҷирони тоҷик пайваста аз поймол шудани ҳуқуқи худ дар Русия шикоят мекунанд.

Биржа чӣ кор мекунад?

Юлдош Эшов, мудири Биржаи муҳоҷирони корӣ дар назди Иттифоқи касабаи Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи таъсиси корхона бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандон, ба вижа, ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар аст.

 

Юлдош Эшов

Ӯ рӯзи 26-уми май гуфт, "ҳарчанд аз таъсиси корхона вақти зиёд нагузаштааст, аллакай бо чанде аз корхонаҳо дар вилояти Маскав, Тамбов, Краснодар ва Иркутск қарордоди ҳамкорӣ имзо кардем. Теъдоди зиёди хоҳишмандони сафар аллакай ба мо муроҷиат мекунанд. Як мушкил мондааст ва он ҳам харидани билети парвоз аст."

Эшов мегӯяд, ширкатҳои Русия ваъда додаанд, ки пас аз фиристодани чанде аз муҳоҷирон омода мешаванд, пули билети гурӯҳҳои дигарро пардохт кунанд.

Дар мавриди маоши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия Юлдош Эшов гуфт, ба унвони мисол, дар корхонаи мурғпарварӣ дар вилояти Тамбов коргарон имкон доранд моҳона то 105 ҳазор рубл бигиранд. Ҳамчунин, ин корхона барои муҳоҷирон ва намояндаи ширкат ҷойи зист, се маҳал ғизо ва ҳар ҳафта ду ҳазор рубл барои ғизои иловагӣ медиҳад.

 

Муҳоҷиронро дигар “ғам” намедиҳанд?

Раҳмон Улмасов, коршиноси тоҷик, бовар дорад, бори аввал дар Тоҷикистон ширкате таъсис шудааст, ки зерсохтори ниҳоди расмӣ буда, ба фиристодани муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия машғул мешавад. Ин дар ҳолест, ки қаблан намояндагони мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки гуруҳи муҳоҷиронро барои кор ба Русия фиристоданд, вале муҳоҷирон аз камбудҳо шикоят доштанд.

"Мо қаблан пешниҳод карда будем, ки дар Тоҷикистон намояндагии Биржаи меҳнати Русия кушода шавад", -- гуфт Раҳмон Улмасов.

 

Раҳмон Улмасов

Зеро, ба гуфтаи вай, миқдори зиёди корхонаҳои Русия бо камбуди коргарон рӯ ба рӯ ҳастанд: "Мисол, чаҳор моҳ пеш дар вилояти Ростови Русия як корхонаи бузурге ифтитоҳ шуд. Онҳо эълон кардаанд, ки коргаронро бо маоши 45-50 ҳазор рубл даъват мекунанд. Тӯли чаҳор моҳ ҳеч хоҳишманди кор ба ин корхона муроҷиат накардааст. Чунин корхонаҳо дар Русия зиёд аст ва ширкатҳое назири “Биржаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар назди Иттифоқи касабаи Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо сохторҳои Профсоюзи Русия метавонанд муҳоҷирони кории тоҷикро ба ин корхонаҳо сафарбар кунанд."

 

Мардум аз Тоҷикистон ба муҳоҷират мераванд, чаро?

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ва пулҳои фиристодаи онҳо ба хонаводаҳояшон бахши қобили мулоҳизаи иқтисод ва суботи Тоҷикистон дониста мешавад. Аммо соли гузашта ба далели баста будани марзи Русия садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аз сафар ба ин кишвари муҳоҷирпазир маҳрум шуда, даромади хонаводаҳо низ кам гардид.

Тибқи иттилои Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон, дар соли 2020 тақрибан 130 ҳазор кас аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд ва ин рақам дар муқоиса ба соле аз он пеш 76 дарсад камтар аст.

Мувофиқи маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон, мизони пулҳои фиристодаи шахсони воқеӣ аз хориҷа ба кишвар дар соли гузашта 6,3 дарсад кам шудааст. Ба маълумоти Бонки Марказии Русия, муҳоҷирон соли гузашта ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристоданд ва ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 759 миллион доллар камтар будааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми суханронӣ дар Рӯзи ҷавонон гуфт, соли гузашта мақомот 193 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис додаанд, аммо ин шабу рӯз ҳазорон нафар талош мекунанд, худро ба Русия бирасонанд. Онҳо мегӯянд, набудани ҷойи кори муносиб дар кишвар водор кардааст, ки ба ҳар роҳе ба Русия рафта, барои хонаводаҳои худ маблағ фиристанд.

 

Искандари Фирӯз

Барот Юсуфӣ 

Амриддин Олимов

 

Чоршанбе, Май 26 2021

Мавҷгирҳои кандашуда дар Душанбе

Мақомоти шаҳри Душанбе тайи як ҳафтаи охир даҳҳо мавҷгир ва ё антенаҳои параболии сокинонро аз боми биноҳҳои истиқоматияшон дар хиёбони Рӯдакии пойтахт барчидаанд.

Чунин тасмим Алӣ Валиев, сокини шаҳри Душанберо чанд рӯз боз аз тамошои барномаҳои телевизонҳои хориҷӣ маҳрум сохтааст. Ҳоло антенаи моҳворавии ӯву ҳамсояҳояш на болои бом, балки рӯи замин, назди биное ҷамъоварӣ шудаанд. "Ба мо ҳамин қадар гуфтанд, ки антенаҳо болои хонаҳоро безеб мегирад. Хайр ҳозир ҳамин чор каналро тамошо карда гаштем"-афзуд, Алӣ Валиев, сокини пойтахт.

Мавҷгирҳо намои шаҳро нозеб мекунанд

Рӯзи 21-уми май як гурӯҳ аз кормандони идораи манзилию комуналии ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе ба кандани мавҷгирҳои моҳворавии сокинон банд буданд. Онҳо гуфтанд, бар асоси дастури раиси шаҳр амал карда истодаанд. Ба гуфтаи онҳо "мавҷгирҳо намои зебои шаҳрро коста мегардонад, барои ҳамин бояд аз боми сокинон гирифта шаванд".

Аммо баъзе аз сокинон гуфтанд, кандани мавҷгирҳояшон аз як ҷиҳат хараҷоти молиро ба миён гузоштааст, аз сӯи дигар ҳуқуқи дастрасии онҳо ба иттилоъро маҳдуд мекунад.

"Фикри моро напурсиданд, фақат ҳаминро гуфтанд, ки ин ҷо антенаҳои Шумо зебоиро коста мекунад. Антенаро харида будем ва барои часпонданаш пул харҷ кардем, бояд дар баробари кандан бо дигар мавҷгир таъмин мекарданд",-афзуд яке аз ҳамсуҳбатони мо, ки нахост номаш бурда шавад.

"Қарори раиси шаҳр аст"

Турамурод Шукуров, корманди идораи манзиливу комуналӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, барои барчидани антенаҳо ба сокинон муҳлат дода буданд. Ӯ таъкид намуд, ки вақте баъзе сокинон чунин талаботро иҷро накарданд, худи онҳо дастбакор шудаанд. Ба қавли Шукуров, дар чанд рӯзи ахир аз 3-4 бино дар хиёбони Рӯдакӣ ҳудуди 150 мавҷгирро кандаанд.

"Қарори раиси шаҳр баромадагӣ, дар роҳи асосии хиёбони Рӯдакӣ дар болои бомҳо бояд ягон хел антена набошад, аз боло метобад, меҳмонон аз роҳ мегузаранд мебинанд, тартиби шаҳрдориро риоя кардан даркор. Дар биноҳои Қайроққум тирамоҳи гузашта тахминан 800 антенаро кандем ва сокинон ба шабакаи “Мавҷи Истиқлол” пайваст шудаанд”,- иброз дошт ӯ.

Хиёбон ва кӯчаи Рӯдакӣ аз маркази шаҳри Душанбе мегузарад ва маъмулан мошинҳои раисҷумҳурон ва дигар меҳмонони баландпоя, ки ба Тоҷикистон меоянд аз ин кӯча убур мекунад. Зоҳиран шаҳрдории Душанбе ба хотири зебову замонавӣ нишон додани шаҳр ба меҳмонони хориҷӣ тасмими барчидани мавгирҳоро гирифтаанд.

Кормандони идораи манзилию комуналӣ мавҷгирҳои моҳвораии сокинонро канда, дар назди бинои пулиси минтақавӣ афкандаанд. Мусъулон гуфтанд, соҳибони ин дастгоҳҳо метавонанд, ҳар лаҳза онҳоро омада бигиранд, аммо ба ҷойи инҳо бояд аз мавҷгирҳои алтернативӣ ё симӣ истифода баранд. Ин дар ҳолест, ки баъзе сокинон гуфтанд, мавҷигрҳои онҳоро аз болои бом партофтанд, ки корношоям шудаанд ва ҳоло намедонанд мавҷгирҳояшон куҷост.

Бархе ҳуқуқшиносон мегӯянд, сокинон ҳақ доранд, боми бинои истиқоматиашонро истифода баранд ва мавҷгирҳои худро дар он ҷо гузоранд. Аммо ба қавли онҳо ин амали мақомот ҳам ғайриқонунӣ нест.

Шодком Махсумов, ҳуқуқшиноси Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон гуфт, тасмими барчидани мавҷгирҳои моҳвораӣ бояд тарзе сурат гирад, ки ҳуқуқи сокинон нақз нашавад. Ӯ афзуд, агар мавҷгирҳо воқеан симои зоҳирии пойтахтро нозеб мекунад, ҳукумати шаҳр дар ин замина бояд ягон қарор ва ё санаде қабул кунад. Он гоҳ, дар ин замина метавонанд мавгирҳоро барчинанд.

Барчидани мавҷгирҳои моҳворавӣ аз боми биноҳои истиқоматӣ дар кӯчаҳои марказии пойтахт аз соли гузашта шурӯъ шуда буд. Бархе аз сокинон аз он гуфтанд, ки ин амал ҳуқуқи дастрасии онҳо ба иттилоъро маҳдуд мекунад. Иддаое, ки мақомот рад мекунанд ва мегӯянд, сокинон имкони васеи истифода аз мавҷгирҳои дигари симӣ ва интернетиро доранд.

 

•Алишер Зарифӣ

•Амриддин Олимов

 

саҳ 19 аз 156

Китобҳо

Flag Counter