Дар деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод теъдоди дорухонаҳо, мағозаҳои масолеҳи сохтмонӣ, хӯрокворию либоса зиёд шудаанд. Аз байни деҳа шоҳроҳ мегузарад. То солҳои пешин майдони ҷойгиршавии воситаҳои нақлиёт васеъ буду ронандагон бе мамоният мошинҳояшонро дар ин майдон дар хатсайр ҷойгир мекарданд. Бо навбат ба самтҳои шаҳри Душанбе, Ваҳдат, Роғун ва ноҳияи Файзободу шаҳраки Обигарм ба сафар мебаромаданд.
Имрӯз бошад воситаҳои зиёди нақлиёт ҷамъ омада, ба убури пиёдагардон халал ворид мекунанд. Дар маркази деҳа бозори «Истиқлол» ҷойгир аст, ки он ҷо якшанбебозор барпо мегардад ва аз тамоми гӯшаю канори кишварамон тоҷирону соҳибкорон маҳсулоташонро вориди бозор мекунанд. Барои назорату танзим, нозирони хадамоти танзим ва назорати Вазорати нақлиёт ба роҳҳои ҷумҳурӣ вобаста карда шудаанд, вале аз чӣ сабаб бошад дар самти танзим, нозирони воситаҳои нақлиёт танзими роҳкироро назорат намекунанд? Оё БДА-и ноҳияи Файзобод пробкаи ҷойдоштаи маркази деҳаи Мискинободро намедида бошад?
Ҳокими Сафар,
ноҳияи Файзобод
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- 1 бозии “Пахтакор” Назар
- Резаахбор Назар
- Файзобод: «пробка» ва таъкиди Сарвазир Назар
- СИПАР АЗ НАНГ ДОРАД МАРДИ РАҲБОН Назар
- Имзои Ёддошти тафоҳум дар доираи сафари Президенти ҶТ Назар
- Ёди Аҳмад Зоҳир Назар
- Суғд: футболбозонро фаромӯш кардед? Назар
- Фархор: варзишгоҳро таъмир мебояд Назар
- Файзобод: ваъдаҳо дар нӯли зоғ? Назар
- Конибодом: саноат мелангад... Назар
- Бадахшонро Афғонистон накунед! Назар
- Ба қадри омӯзгор бояд расид! Назар