ХАБАРИ ДОҒ
Шанбе, Апр 21 2018


Бо дастуру супориши раиси в.Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои тоҷирон ва савдогарони Тоҷику ӯзбек, ки ҳафтаи гузашта дар майдони «Регистон»-и назди бозори «Панҷшанбе» бозори сунъӣ ташкил намуда, маҳсулоти хӯроквориро дар ҳолати номусоид ба фурӯш гузошта буданд, мувофиқ ба маҳсулоти ба фурӯш гузоштаашон ҷойҳои нави савдо дар бозорҳои дигари ш.Хуҷанд ҷудо карда шуд.
 Бино ба итиллои Маъмур Юсуфов, котиби матбуотии раиси ш.Хуҷанд, тоҷирон мувофиқ ба номгӯйи маҳсулоташон ба бозорҳои атрофи мавзеъи «Панҷшанбе», аз ҷумла «20 солагии Истиқлолият», «Бадри мунир», «Афросиёб», ҶСП «Фортуна» бо ташкили шароити мусоиди фаъолият вобаста карда шуданд.    Майдони «Регистон»-и назди бозори «Панҷшанбе» бошад ҳоло тозаю озода гардида, барои сайру гашти бемайлони шаҳрвандон ва сайёҳон шароит муҳайё карда шуд.



Панҷшанбе, Апр 19 2018


Имрӯз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бахшида ба “Рӯзи пойтахт” ташаббусеро дар ҳамбастагӣ бо ширкати сайёҳии “Ҷавоҳир сайр”  пеш гирифта, маъюбону нафақахӯронро ба сайри пойтахт баровард.
Бино ба итиллои аз маркази матбуоти кумитаи мазкур ба мухбири мо расида, гурӯҳи маъюбон ва нафақахӯрони маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ экскурсияи худро аз маҳаллаи 8-уми март сар карда, аз майдони 800 солагии Москва, ҳайкали Исмоили Сомонӣ, боғи “Парчам”, боғи Устод Рӯдакӣ, боғи Садриддин Айнӣ ва Кохи Наврӯз дидан намуданд. Баъдан барои онҳо дар тарабхонаи меҳмонхонаи “Ҳаятт Реҷенсӣ” хӯроки нисфирӯзӣ ташкил карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки нашрияи “Зе Индепендент” (The Independent) пойтахти Тоҷикистон-ш.Душанберо ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф намуд. Агентии таҳлилии “ТурСтат” бошад, дирӯз рейтинги беҳтарин шаҳрҳои ИДМ-ро аз рӯи натиҷаҳои таҳлили саёҳатҳои писандидаи баҳорӣ дар соли 2018 тартиб дод ва шаҳри Душанбе ба феҳрасти 10-гонаи беҳтарин шомил гардид.


Панҷшанбе, Апр 19 2018


Дафтари матбуоти Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад, ки ширкати сайёҳии “Морхӯр” дар мавзеи Обидараи ҷамоати деҳоти Саричашмаи н.Ш.Шоҳин меҳмонхонаи “Шикорчиён”-ро бунёд намуд. Ин меҳмонхона аз 2 ошёна ва 15 кат иборат аст. Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, хоса, сайёҳии шикор имкониятҳои зиёд дорад. Ёдгориҳои таърихӣ, чашмаҳои шифобахш, куҳҳои баланд, манзараҳои зебои табиӣ, ҳайвоноти нодир ва мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум»-и ноҳия диққати сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб менамоянд.

Панҷшанбе, Апр 19 2018


 Ҳамасола ҳафтаи 3-юми моҳи апрел дар ш.Душанбе Рӯзи пойтахт таҷлил карда мешавад. Имсол низ ин рӯз ба 21.04.2018 рост омада, шаҳрдории Душанбе бахшида ба ин ҷашн 1 қатор чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва оммавӣ пешбинӣ кардааст.
Чуноне ки ба мухбири мо аз дафтари матбуоти раиси ш.Душанбе хабар доданд, 21 апрел  дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт-боғҳои ба номи Садриддин Айнӣ, Александр Мироненко, «Дӯстии халқҳо» ва  Майдони  «800-солагии Москва» сайругашти оммавии сокинону меҳмонони Душанбе, инчунин намоиш-фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти қаннодию кулчагӣ ташкил карда шуда, мутрибон ва овозхонҳои дастаҳои ҳунарии пойтахт бо шеъру тарона барои сокинони пойтахт ва меҳмонони он базми бошукӯҳи идона барпо менамоянд.
Инчунин, дар Рӯзи пойтахт дар саҳни майдони «Кохи Наврӯз» дӯстдорони мошинҳои қадимаро намоиши намунаҳои гуногуни мошинҳое, ки санаи  бароришашон  ба  қарни 20 рост меояд-«Авторетро -2018» интизор аст.
Роҳбарияти Мақомоти иҷрояи ҳокимияти  давлатии ш.Душанбе  тасмим гирифтааст, ки ба ифтихори  Рӯзи пойтахт-21 апрел Ниммарафони байналмилалӣ баргузор намояд. Интизор меравад, ки дар он намояндагон -варзишгарони беш аз 20 давлати ҷаҳон ширкат варзанд.
Ҳамчунин дар ин рӯз соати 14:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» пойгаи аспдавонӣ баргузор карда мешавад.
Шоми 21 апрел бошад дар Муассисаи фарҳангию фароғатии «Аҳорун» (Амфитеатр)  барномаи фарҳангӣ бо иштироки роҳбарияти пойтахт ва сокинон баргузор гардида, дар он ғолибони мусобиқоти идона ва озмунҳои шаҳрӣ бо мукофоту тӯҳфаҳои  хотиравӣ сарфароз мегарданд.

Чоршанбе, Апр 18 2018


 Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар 3-моҳаи аввали соли ҷорӣ ба 310,3 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,6 ҳазор ё 2,9% зиёдтар мебошад. Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳи Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ  460,0 тн.-ро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли 2017  153,0 тн. ё 25,0 % камтар мебошад. Аз миrдори умумии борҳои содиршуда 11,7 тоннаро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад.
 Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» хабар доданд, миқдори рейсҳои хизматрасонидашуда: рейсҳои доимӣ – 1435  адад, ки назар ба ҳамин давраи соли 2017  - 192 рейс ё 15,5 %  зиёдтар мебошад.Теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташавии парвозҳо дар давраи ҳисоботӣ 242 ададро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта – 59 парвоз ё 16,9%  камтар мебошад.
Сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани  парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе чунинанд: дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз – 201 ҳодиса, дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, баrайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра) – 16 ҳодиса, номусоидии обу ҳаво – 12 ҳодиса, ҷорӣ будани реҷа – 4 ҳодиса ва ғайра.
Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 13 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла: - 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур («Туркиш Эйрлайн», «Кам Эйр», Хитой, «Флай Дубай», «Осмон Эйр»), 6 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил («Сибир», «Ют Эйр», «Уралские авиалинии» - Россия, «Авиатрафик» - Қирғизистон, «Эйр Астана» – Қазокистон, «Ӯзбекистон ҳаво Йуллари») ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ба амал оварда мешаванд.


Чоршанбе, Апр 18 2018


 1 сокини ш.Бохтар дар ҳавлии хонааш ҳангоми кандани чоҳ барои ҳоҷатхона 2 адад кӯзаи калонҳаҷ пайдо намудааст, ки дар дохилаш устухонҳои (скелет) одам будаанд. Дар дохили яке аз он кӯзаҳо косахонаи сари одам буд. 
- Аслан дар ин ҷо мо барои ҳоҷатхона чоҳ канда истода будем. Ҳангомидидани ин кӯзаҳо аввал корамонро идома додем ва баъдан дидем, ки дар ҳақиқат ин ҷо ду адад кӯза ҳаст. Ҳайратовараш ин аст,ки дар даруни кӯза косахонаи сари одам ҷой дорад. Зимни кандан ва васеътар кардани гирду атрофи кӯзаҳо яке аз онҳо қисман шикаста пора гашт ва дидем, ки онҳоро пурра гирифта наметавонем. Бинобар ин корро қатъ карда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар додем. Мақсад аз он иборат аст, ки онро гирифта дар ягон осорхонаҳои шаҳр чун ёдгории таърихӣ гузоранд. Зеро маълум аст, ки ин кӯзаҳо таърихи худро доранд,-гуфт Шамсиддин Ҷалолов, соҳибмулк зимни сӯҳбат бо хабарнигори СССР.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

саҳ 86 аз 156

Китобҳо

Flag Counter