ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Нояб 23 2016

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо 1 қарори вежаи худ шахсони мансабдори Ҳукумати шаҳри Душанбе муваззаф кардааст, ки навбатдории шабонарӯзиро ба роҳ монда назорати пайгиронаю вокуниши фаврии сохторҳои марбутаи шаҳриро ба роҳ монанд.

Панҷшанбе, Нояб 17 2016

ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар 10 моҳи соли 2016 ба 949,2 ҳазор нафар мусофирон хизмат расонидааст, аз он ба 511,1 ҳазор мусофири рафта ва 438,0 ҳазор мусофири омада.  Чуноне ки ба мухбири СССР дар дафтари матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» хабар доданд, дар ин давра миқдори бору почтаи ба анбори тиҷоратии фурудгоҳ қабулгардида ва интиқолдодашуда 1853 тн.- ро ташкил дод, ки аз ин миқдор 122,5 тоннаро маҳсулоти хоҷагии қишлоқ мебошад, аз он ҷумла, асал -721кг, тути хушк 16278 кг, мевагӣ 104697кг., сабзавот 864кг.

Миқдори рейсҳои хизматрасонидашуда дар даҳ моҳи соли 2016, аз он ҷумла рейсҳои доимӣ– 4431  адад, рейсҳои чартерии ғайринақдӣ 286 адад ва рейсҳои чартерии  нақд 30 ададро ташкил доданд. Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 12 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла: - 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур, 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ба амал бароварда мешаванд. Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 12 шаҳрҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Олмон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Исломии Эрон парвоз мекунанд. Миқдори рейсҳои доимии ширкатҳои ҳавопаймоии мазкур дар як рӯз 12 ададро ташкил мекунад.

 

СССР

 

Чоршанбе, Нояб 16 2016

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба самъи мусофирон мерасонад, ки бо сабаби гузаронидани корҳои техникиву тармимӣ дар тайёраҳои АН28, парвозҳо аз рӯи хати сайри Душанбе-Хоруғ муваққатан боздошта шудаанд. Ширкати «Тоҷик Эйр» аз ҳамаи мусофирони ин хатсайр барои боздошти парвоз ва нороҳатӣ маъзарат мепурсад.

Чуноне ки ба СССР котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев хабар дод, парвозҳо ба самти мазкур танҳо ба воситаи тайёраи АН28 амалӣ мешуданд, ки иҷозатномаи дахлдор дорад. Навъи дигари тайёраҳо ба ин минтақа парвоз карда наметавонанд, зеро ин хатсайр релефи душвори кӯҳӣ дорад, хабар медиҳад Азиз Хайруллоев.

Боздошти хатсайр муваққатӣ буда, ширкат нақша дорад пас аз корҳои техникӣ парвозҳоро барқарор намояд.

СССР

 

Чоршанбе, Нояб 09 2016

Бо фармони президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз ба тасвиб расид, Қиматгул Алибердиева, раиси шаҳри Хоруғ бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи бар дӯшдоштааш озод карда шуда ба ҷойи ӯ Маҳтобшозода Арамбегим Бозор - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид. 

Сешанбе, Нояб 08 2016

Вазорати нақлиёти Русия ба ҷониби Тоҷикистон барои парвозҳо аз Маскав ба шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд аз фурудгоҳи нави Жуковский иҷозат дод. Чунин мувофиқа рӯзи гузашта 7.11.2016, пас аз ҷаласаи тӯлонии намояндагони вазоратҳои нақлиёти 2 кишвар ва сохторҳои марбута ба он, ки дар Маскав баргузор гашт, расид.

Панҷшанбе, Нояб 03 2016

2.11.2016 Зоиров Изатулло-собиқ раиси шаҳри Қурғонтеппа, ки солҳои 2006-2008 муовини раиси вилояти Суғд ва аз соли 2008 то 2010 раиси ш.Қурғонтеппа буд, аз бемории инсулт (таҳширкунӣ) дар синни 60 даргузашт. Ӯ муддати 2 ҳафта дар беморхонаи Кария Болои ш.Душанбе, дар ҳолати «кома» буд.

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон

 

 

саҳ 90 аз 112

Китобҳо

Flag Counter