ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Фев 27 2017

Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ба соҳибони тамоми терминалҳои пулгузаронии кишвар дастур додааст, ки фоизи комиссияро ҳангоми пардохти маблағ аз байн бигиранд. То ба имрӯз соҳибони чунин терминалҳои пулгузаронӣ аз ин %-ҳо фоидаи худро ҳам аз муштариён ва ҳам аз ширкатҳои мобилӣ мегирифтанд. Чунин талаботи Кумита на ба ҳамаи соҳибони терминалҳо хуш омад ва онҳо ба нишони эътироз фаъолияти хешро қатъ намуданд. Терминалҳое, ки 0%-а буданд, кор карда истодаанд. Аксарияти ин терминалҳо 3-4% комиссия мегирифтанд ва аз 10 сомонӣ ба суратҳисоби рақами мобилӣ 9.70 сомонӣ пардохт мешуд. Агар теъдоди муштариёни ҳамешагии телефонҳои мобилӣ 1 миллион нафарро ташкил кунаду онҳо рӯзе то 10 сомонӣ ба ин термаиналҳо пул гузаронанд, ин 3% - 30 дирам сари ҳар амалиёт, дар 1 рӯз ҳудуди 300 ҳазор сомониро таъсис медиҳад! Ин ҳисоби арифметикии оддӣ ва пулест, ки соҳибони терминалҳо танҳо аз мо мегирифтанд. Боз онҳо аз ширкатҳои мобилӣ низ % меситонанд, ки маблағаш номаълум аст. Яъне ин ширкатҳои соҳиби терминал садҳо ҳазор сомониро аз давлат пинҳон мекунанд!

 Чуноне ки бархе аз масъулони кумитаи андоз мегӯянд, дастури аз байн бурдани фоизҳо ҳангоми пулгузаронӣ дар терминалҳо аз ҷониби раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ дода шудааст. Агар дар ҳақиқат ин тавр аст, пас беҳтарин дастур ва иқдоми раиси нави пойтахт аст! Браво, Раис!

Ҷ. Ҳусейн

СССР

Ҷумъа, Фев 24 2017

Аз 18 то 20-уми марти соли 2017 дар ш. Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад. 

Ин ярмаркаҳо дар таваққуфгоҳи назди КВД «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» барои муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд, Агентии захираҳои моддӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот», майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар шаҳри Душанбе» барои муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Агентии захираҳои моддӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот», кӯчаи Ҳусейнзода, 36 (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмон) барои муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Агентии захираҳои моддӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот», қисмати ҷанубии Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо» барои муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон, Агентии захираҳои моддӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» баргузор мегарданд.

Чуноне ки ба мухбири СССР дар шӯъбаи таҳлилӣ ва иттиллоотии Ҳукумати ш. Душанбе хабар доданд, ин ярмаркаҳо бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ мебошад.

 

СССР

 

Панҷшанбе, Фев 23 2017

 Бо иқдоми бевоситаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро роҳбарияти заводи муштараки «Анзоб» барои тоза намудани роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок, минтақаи «Нақби Истиқлол» барои кормандоне, ки роҳро аз барф тоза мекунанд, ёрии моддӣ ва техникӣ расониданд. Чунончи, барои тоза кардани қисми мошингарди роҳ аз тарма ду адад техникаи роҳдорӣ ҷудо карда шуд.

 Бино ба хабари маркази матбуоти ВКД ҶТ, санаи 21-ум ва 23-юми феврали соли 2017 ба зиёда аз 200 нафар ронандагоне, ки дар километри 100-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок бинобар маҳкам будани роҳ истодаанд, аз номи Рамазон Раҳимзода хӯроки нисфирӯзӣ ба муносибати «Рӯзи Артиши миллӣ» ташкил гардид. Инчунин, кормандони Ситоди доимоамалкуданда, ки дар километри 72-юм ташкил ёфтааст, бо маводи озуқаворӣ таъмин карда шуданд.

Дар ин раванд кормандони милитсия дар байни иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, барои бартараф намудани офатҳои табиӣ чораҳои пешгирикунандаро роҳандозӣ менамоянд.

 

СССР

 

Панҷшанбе, Фев 23 2017

Дилбар Нурматова-директори маркази ташхисию табобатӣ дар вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо СССР афзуд, аз сабаби он, ки таҷҳизоти гаронарзиш дар Хатлон набуд аксарияти сокинон ба шаҳри Душанбе ва берун аз ҷумҳурӣ барои ташхиси томографии компютерӣ мерафтанд. Аз соли 2012 бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва Ҳукумати ҷумҳурӣ таҷҳизот дар маркази вилоят-шаҳри Қурғонтеппа, дар беморхонаи Қарияи боло насб гардид ва аз соли 2013 Маркази ташхиси табобатӣ-томографии компютерӣ таъсис дода шуд. Рӯзҳои аввал мо танқисӣ мекашидем, аз он сабаб, ки мутахассис набуд. Ҳоло бошад чунин мушкил надорем ва сокинон бе мушкил метавонанд табобат гиранд.

Баҳодур Уроқов,

хабарнигори СССР вилояти Хатлон

 

Панҷшанбе, Фев 23 2017

Наздики 10 рӯз рӯи захме аз ангушти пой азиятам медод, роҳ гашта наметавонистам. Дар оғоз фикр кардам, ки ангушти по лат хӯрда ё шикастааст, аз ин рӯ, ба духтурони шикастабанд муроҷиат кардам. Духтури нахустине, ки поямро дид, дарҳол тасмим гирифт, ки гӯё устухони ангушти хурди пой каҷ шудаву бояд дарҳол онро гипс намоям. Мутахассиси 2-юм низ таъкид мекард, бояд ҳатман ангушти пойро лангет кард, вале ман, ки ба гуфтаҳои боло мутмаин набудам, барои гипсу лангет розӣ нашуда боз чанд рӯзи дигар ба кор омадан гирифтам. Ҳоламро дида сардабирамон маро аз кор озод карда, 3 рӯз рухсатӣ ҳам дода афзуд:

-Поятро шифо бахшу дар ин бора матлабе навис...

Вале ман сарфи назар аз ин озодӣ боз ҳам лангида-лангида ба идора омада мерафтам. Мо Метавонем!

Тозагиву гармӣ 

3.02.2017. Соат бо вақти Душанбе 19:30 дақиқа. Пас аз дарду ранҷи бисёр ва муроҷиат ба бахшҳои шикастабандии бархе аз бемористонҳои пойтахт ва ҷанҷоли модар, тасмим мегирам ба Беморхонаи клиникии шаҳрии №3, ки бештар бо номи маркази ҷарроҳӣ ва сӯхтанӣ маъмул аст, биравам. Бо додарам Ҷамшед мошини ҳамсояро гирифта, озими ин беморхона мешавем.

3.02.2017. Соат бо вақти Душанбе 19:50 дақиқа. Барфи зиёд беист борида роҳҳоро пурбарф карда буд. Аммо масъулини он ба хотири амнияти беморон ва муроҷиаткунандагон рӯи зинаҳои лағжонаки даромадгоҳ 2 қабат порчаи махсусро андохтаанд, ки мо баҳузур гузарем. Дохили беморхона шуда шӯъбаи қабулро ҷустем. Дохили он хеле гарму бениҳоят тоза буд: чунин шароитро ман интизор надоштам! 

 Тоблу барои беморон

Чашмам ба таблои калони рӯи девори назди дари даромадгоҳ насбшуда афтид – дар он ба таври автоматикӣ ному насаби духтурони навбатдор ва беморон бо рақами ҳуҷраашон бо 2 забон-тоҷикиву русӣ дарҷ шудааст. Мисли таблои парвозу фуруд дар фурудгоҳҳо. Чунин таблоро дар ягон беморхона то ба имрӯз надида будам ё шояд аз чунин навовариҳои соҳаи тандурустии кишвар дер кардааму бехабар? Ҳарчӣ набошад, роҳандозии чунин лавҳаи электронии автоматӣ кори беморонро хеле осон мекунад: мо ба зудӣ шӯъбаи қабул ва номи духтури навбатдорро аз ин табло пайдо карда, наздаш рафтем. 

Язва!!! Ором бошед!

3.02.2017. Соат бо вақти Душанбе 20:00 дақиқа. Хоҳари шафқат, ки дар шӯъбаи қабул имшаб навбатдор буд, арзи маро шунида, варами пой ва захми ангуштро аз назар гузаронид. Баъдан ба духтури навбатдор Саидов Қутбиддин занг зада, хоҳиш намуд, ки 1 маротиба ба шӯъбаи қабул фарояд. Пас аз чанд лаҳза духтур ҳам омаду пас аз аҳволпурсӣ ба муоинаи захми ангушти поям сар кард. 

«Язва шудааст, ку!» -гуфт ӯ. Дарҳол пурсидам, ки язвааш чӣ асту оё магар он дар пой ҳам мешавад? Духтур Қутбиддин бароям маънидод кард, ки чунин захмҳоро язва мегӯянд ва аз ин бояд натарсаму наҳаросам. Язва-захм дар ангушти пой асосан аз зарбаи чизе пайдо мешавад, дар баъзе мавридҳо бошад ифлосӣ ва микробҳои пӯсти пастсифати кафш низ боиси сар задани он мегардад.

Духтур ба хоҳари шафқат дастур дод, ки маро ба утоқи муолиҷа бубарад ва барои ҷарроҳӣ омодагӣ бигирад. Ман аз калимаи ҷарроҳӣ хеле тарсидам, лек духтур бо нимтабассум гуфт, ки «Натарсед! То тӯй хуб мешавад!»

Дарди бадро давои бад

3.02.2017. Соат бо вақти Душанбе 20:10 дақиқа. Хоҳари шафқат захмро бо маҳлули спирт тозаву пок карда, духтур рӯи он каме мази «Левомикол» гузошту бо пораи докаи дар спирт таршуда печонида аз болои он бинт баст. «Ана, тамом!»-гуфт духтур Қутбиддин. «Чӣ хел тамом?» ҳайрон шудам ман ба сӯзиши по нигоҳ накарда.

«Бале, тамом, давои захми шумо танҳо 1 чиз аст-арақ! Дар муддати 3 рӯзи оянда пас аз ҳар 3-4 соат ҳамин корро дар хона анҷом дода, пас аз гузоштани мазу печонидани бинт рӯи он каме арақ мерезеду халос. Ин захм тез аз байн меравад! Саломат бошеду дигар бемор нашавед!»-гуфт духтур. 

Ман аз чунин муносибат хеле мутаассир гаштаму даст ба кисса андохта хостам ба духтур 10-20 сомонӣ диҳам, вале ӯ розӣ нашуд, гуфт, ки коре накардааст. Ба духтур гуфтам, ки журналист ҳастаму дар газетаи СССР кор мекунам ва ҳатман дар борааш хоҳам навишт. 

«Ба СССР саломи маро расонед, ман ҳам хонандаи шумоям!»-таъкид намуд духтур Саидов Қутбиддин ба ману баргашта ба ошёнаи боло баромада рафт. Мутаассифона, ӯ нагузошт, ки аксашро бигирам…

 «Гунҷишкро кӣ кушад? Қассоб!»

3.02.2017. Соат бо вақти Душанбе 20:30 дақиқа. Ман аз беморхона берун шуда пеши худ гуфтам, ки хуб шуд ба гапи шикастабандҳо гӯш накардам, вагарна поямро бесабаб лангету гипс мекарданду дардамро фузун. Аҷоиб духтурҳое! Захми инсонро хуб нафаҳмида дарҳол гипс мегӯянд. Ба ҳар ҳол гунҷишкро бояд қассоб кушад! Ё не!? Ва боз ҳам шод аз он шудам, ки давои ман ғайриоддӣ ва маҳлули арзону дастрас - арақ будааст. Аз мағозаи назди хона 1 шиша арақи «Тоҷикистон»-ро харида дар шкафи худам пинҳон намудам, охир ин доруи 3 рӯзи ояндаи захми пои ман аст! Давои духтурро пас аз 1 соат аллакай эҳсос кардам, ки дарди поям камтар шуд! 

Соате, ки ин матлабро пеши Раиси дафтар-Шаҳрзоди Амин мебурдам, аллакай лангон-лангон неву хиромон мерафтам.

Мо метавонем!

Мино Аминзода,

аз Беморхонаи клиники шаҳрии №3

махсус барои СССР

 

Сешанбе, Фев 21 2017

Набудани хатсайр ҳавоии Душанбе - Панҷакент, сокинони ин шаҳрро маҷбур кардааст, ки тариқи Хуҷанд ба Душанбе парвоз кунанд. Дар ҳоле, ки ягона роҳи заминӣ, ки шимоли Тоҷикистонро бо марказ мепайвандад, дар ҳолати басташавӣ ва хавфи фаромадани тарма қарор дорад, сокинон тариқи хатсайри Хуҷанд-Душанбе ба пойтахт ё ҷануби кишвар мераванд. Аммо Мӯминҷон Музаффаров, сардори фурудгоҳи Панҷакент дар сӯҳбат гуфт, ки хатсайри ҳавоии Душанбе-Панҷакент-Душанбе таъсис дода шудааст. Дар ин хатсайр парвози чархбол дар назар гирифта шудааст, вале аз сабаби набудани хоҳишмандон аз самти Душанбе парвоз то пайдо шудани мусофирон ба таъхир афтодааст. Нархи чипта дар самти Душанбе-Панҷакент 470 сомониро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест,ки арзиши чипта дар самти Душанбе-Хуҷанд зиёд шуда, аз 500 сомонӣ боло рафтааст.

Хуршед Фозилов

 

саҳ 91 аз 123

Китобҳо

Flag Counter