ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, Окт 18 2016

Қаҳҳорова Бибираҷаб-сокини шаҳри Панҷакент мегӯяд, ҳамсараш дар пайи фишори равонии нозири минтақавӣ бемор шуда, баъдан вафот кардааст.

Ҷумъа, Окт 14 2016

9.10.2016. Соат бо вақти Душанбе 13.30. Ба самти хонаи бародар Маҳмудҷон Муқимов, ки дар ҷамоати Чимтеппаи н.Рӯдакӣ воқеъ аст, меравам. Муқимов имрӯз дар Тоҷикистон ягона шахсест, ки ба собунпазӣ машғул ва собунҳои мушкини Тоҷикиро, ки падидаи нав аст, дар хонааш бо истифода аз асбобу ашё ва равғану хушбӯиҳои хос омода мекунад. Мо низ тасмим гирифтем меҳмони манзили ӯ гашта, барои пухтан ва омода намудани бастаи нави собунҳо барояш кӯмак кунем. Бояд гуфт, ки барои пухтани 1 бастаи нави собунҳо, ки дар маҷмӯъ 15 кг маҳсулоти табииро дар бар мегирад, на кам аз 8 соат вақт лозим будааст! 

Душанбе, Окт 10 2016

27.09.2016. Соат бо вақти Душанбе 13.30 дақиқа. Барои супоридани хун ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» медароям. Фикр мекунам, ана ҳозир медарояму 200 гр хунамро супорида баромада меравам, аммо ин фикрам хатои маҳз будааст! 

Душанбе, Окт 03 2016

Дар баробари 120 нафар ҷавононе, ки аз Панҷакент имрӯз ба сафи артиши миллии кишвар сафарбар гардиданд, 4 нафар ҷӯгиҳо ҳам буданд. Дар ин бора Муҳаммадсодир Сафаров, раиси комиссияи даъвати ҳарбӣ ба СССР иттилоъ дод.  Тибқи иттилои манбаъ, субҳи имрӯз 120 нафар ҷавонони ихтиёрӣ ба комиисариати ҳарбӣ омада, онҳо дар фазои тантанавӣ ба хизмати модар ватан гуселонида шуданд. Дар тантанаи гусели ҷавонон, хешу ақориби эшон, донишҷӯён ва сарбозон ширкат доштанд. Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, дар баромади хеш ҳангоми гусели наваскарон иброз дошт, ки хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ ин вазифа ва ифтихори ҳар як ҷавонмарди тоҷик аст. Ӯ барои ин наваскарон роҳи сафед ва хизмати содиқона таманно кард. Пас аз чорабинии расмӣ, тантанаи шӯъбаи фарҳанги ҳукумати шаҳри Панҷакент ва дастурхони идона барои ин наваскарон омода гардид. Лаҳзаи аҷиб дар ин даъват дар он буд, ки 4 нафар фарзандони лӯлиён низ дар баробари дигар сокинони Панҷакент ба хизмат рафтанд. 

Хуршед Фозилов

 

Ҷумъа, Сен 30 2016

Норасоии микроэлементҳои ғизоӣ яке аз проблемаҳои ҷиддӣ дар Тоҷикистон буда айни замон 24% занони сини репродуктивӣ ва 29% кӯдакони то сини 5 сола аз камхунии бо сабаби норасоии оҳан пайдо шуда азият мекашанд. Оқибатҳои манфӣ ва аксаран якумрии норасоии микроэлементҳои ғизоӣ барои саломатӣ, инкишофёбӣ, кори имунӣ ва репродуктивӣ, маҳсулнокӣ ва рушди зеҳнӣ харобиовар мебошанд. Дар ин бора ба журналистон Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии кишвар дар чаҳорчӯбаи семинари «Ғизои солим – насли солим», ки рӯзи 30.09.2016 дар Душанбе баргузор гашт,  хабар дод.

-  Норасоии микроэлементҳои ғизоӣ ба ҳамаи гурӯҳҳои сину солашон гуногун таъсир мерасонад, вале кӯдакон ва занони сини репродуктивӣ аз ҳама бештар осебпазир буда, бо сабаби норасоии микроэлементҳои ғизоӣ, наметавонанд аз тамоми имконияту қобилиятҳои худ ҳамчун хонанда, волидайн, коргар ва шаҳрванд ба пуррагӣ бархӯрдор бошанд. Равзанаи имконият барои беҳтар намудани ғизо хурд аст – аз оғози ҳомиладорӣ то 2 соли ояндаи кӯдак, яъне 1000 рӯзи муҳим, зеро зарар ба инкишофи ҷисмонӣ, рушд ва ташаккули мағзи сар, ки дар ҳамин давра рӯй медиҳад васеъ ва то ҳадди зиёд бебозгашт аст, - афзуд Шералӣ Раҳматуллоев.

СССР

 

саҳ 92 аз 112

Китобҳо

Flag Counter