ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Авг 04 2016

Хадамоти алоқаи ҶТ мегӯяд, дар Тоҷикистон нисбат ба моҳҳои аввали соли 2015 теъдоди корбарони интернет зери 1 млн нафар кам шудааст. Дар Тоҷикистон  аз ҳар 100 нафар истиқоматкунанда танҳо 34 нафарашон аз  интернет истифода мебаранду халос. Дар ҳоли ҳозир шумораи умумии истифодабарандагони интернет дар ҷумҳурӣ ба 2,8 млн. нафар мерасад.

 

Чоршанбе, Авг 03 2016

Ширкати «Таком», ки зери тамғаи Beeline дар Тоҷикистон хизматрасонии алоқаро ба муштариён пешниҳод мекунад, дар бораи роҳандозии хизмати нав бо номи «Бехатар инфо»эълон медорад. Ронандагони воситаҳои нақлиёт тавассути ин хизматрасонии нав дар бораи қоидавайронкунӣ ва ҷаримаҳои худ, ки системаи «Шаҳри бехатар» сабт кардааст, ба воситаи СМС – паёмак огоҳ хоҳанд шуд.

Чоршанбе, Авг 03 2016

Раёсати БДА ВКД ҶТ нархномаи хизматҳои пулакияшро дар сомонаи расмии ВКД ҶТ нашр намудааст.

Сешанбе, Авг 02 2016

Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, ки аҳолии кишвар маблағи истифодаи қувваи барқро сари вақт пардохт мекунад ва назар ба сокинон дар назди ширкати «Барқи тоҷик» бештар идораву корхонаҳои давлатӣ қарздоранд. Ӯ ин нуқтаро рӯзи 2 август зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.

Сешанбе, Авг 02 2016

ШСХК «Барқи тоҷик» дар якҷоягӣ бо Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи барқ ба хотири паст кардани сатҳи талафоти барқ ва сарфаи он тасмим гирифтааст дар нимсолаи дуюми соли 2016 дар шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ва Хуҷанд системаи биллингиро ҷорӣ намояд. Дар ин бора ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати «Барқи тоҷик» рӯзи 2 августи соли ҷорӣ иттиллоъ дод.

Сешанбе, Авг 02 2016

1285 биноҳои истиқомативу маъмурӣ ва иншоотҳои гуногуни шаҳри Душанбе дар мавсими зимистони оянда бо гармӣ ва оби гарм таъмин хоҳанд шуд. Дар ин бора ба мухбири СССР Усмон Ниёзов, сардори Маркази обу гармидиҳии шаҳри Душанбе хабар дод.

саҳ 94 аз 110

Китобҳо

Flag Counter