ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Сен 07 2016

Ин марказ дар назди Ташкилоти ҷамъиятии "Занони Шарқ" фаъолият намуда, бо кӯмаки молии Ҳукумати Ҷопон бунёд гардидааст.

Ҷумъа, Сен 02 2016

Тибқи иттилои М.Сафаров, муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент, ин роҳ бо ташаббуси ҳукумати шаҳри Панҷакент сурат гирифааст. Роҳи мазкур ба гуфтаи ронандагон тӯли даҳсолаҳо рӯи таъмирро надида буд. Аз ин рӯ убуру мурури нақлиёт дар ин роҳ мушкилоти зиёдеро пеш меовард. Аз масири мазкур хатсайрҳои №5,6 ва хатсайри деҳоти ҷамоати Хурмӣ  Панҷакент ҳаракат мекарданд. Ронандагони ин хатсайрҳо мегӯянд, акнун, ки ин ҷода таъмир гардид онҳо роҳат равуо хоҳанд кард. Мусофирон ҳам дигар ба ҳангоми равуо азият нахоҳанд кашид. 

Хуршед Фозилов

 

Ҷумъа, Сен 02 2016

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» рӯзи 1.09.2016 парвози нахустини хешро ба самти Душанбе – Сочи – Душанбе анҷом дод. Вақти парвоз аз Душанбе ба Сочи соати 11.30 бо вақти маҳаллӣ сурат гирифта, вақти фурудоӣ дар Сочи  соати 13.20 бо вақти маҳаллӣ амалӣ гашт. Ҳавопаймо соати 15.00 бозпас ба Душанбе парвоз намуда, соати 20.40 дар Душанбе фуруд омад. Хабарнигори СССР низ дар қатори мусофирони аввалини ин хатсайри ҷадид аз Душанбе ба Сочи парвоз намуда бо ҳамон хавопаймо рафту баргашт. Вақти парвоз 3 соати 40 дақиқаро дар бар гирифт.

Мусофирони аввалини хатсайри навро роҳбарияти ширкати «Сомон Эйр», аз ҷумла директори генералии он ҷаноби Томас В. Ҳаллам ва директори тиҷоратӣ Алишер Рустамов хайрамақдам гуфта ба эшон роҳи сафеду муваффақият орзу намуданд. Ба ҳар 1 мусофир ҳангоми бақайдгирии чипта аз номи ширкати мазкур тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуда мусофирон аз кулчақанди рамзии «Сомон Эйр» низ тавонистанд бичашанд. 

Бояд қайд намуд, ки хатсайри нав ба самти Душанбе – Сочи – Душанбе ба мусофироне, ки нияти сафар ба шаҳру навоҳири Қафқоз доранд ва дигар шаҳрҳои вилояти Краснодари Русия доранд, роҳи осону наздик ва хамзамони арзони сафар буда чиптаи рафту баргашт дар ин самт 3480 сомониро ташкил медиҳад. Парвоз дар ҳавопаймоии бароҳати Боинг – 737-800 сурат гирифта барои нафароне, ки мехоҳанд дар ин гӯшаи хушбодуҳаво ва сайёҳии Русия истироҳат намоянд, хеле мусоид аст.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» яке ширкатҳои комёби кишвар буда айни замон парвозҳои хешро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Русия ва Қазоқистон бо муваффақият анҷом дода истодааст. Пойгоҳи ширкати мазкур аз ҳавопаймоҳои Боинг – 737-300, -800 ва -900 иборат аст.

Гузориши аксии хабарнигори мо Ҷамила Ҳусейноваро аз ин сафар зар зер хоҳед дид.

 

Панҷшанбе, Сен 01 2016

Шаҳрдории Душанбе барои “ба асли аввала” баргардонидани айвон-балконҳои биноҳои баландошёна дар хиёбони С.Шерозӣ пардохтааст. Аммо сокинони ин биноҳо гила доранд, ки шаҳрдорӣ онҳоро аз ин тасмим дер огоҳ кард. Масъулини шаҳрдорӣ мегӯянд, сокинон айвонҳояшонро худсарона тағйир додаанд, ки ҳусни шаҳрро коста мегардонад, аз ин рӯ бояд ба ҳолати асл баргардонда шаванд. Дар бораи ба ҳолати асл баргардондани айвонҳо қарори раиси шаҳр имзо шудааст.

 

Сешанбе, Авг 30 2016

Сокинони шаҳри Панҷакент, ки тариқи бонкҳо маош мегиранд, нигаронӣ аз он доранд, ки маоши хешро саривақт ва пурра гирифта наметавонанд. Дирӯз ҳам чунин вазъ дида мешуд. Корафтодагон мегӯянд, кадом нафаре қарзашро ба "Агроинвестбонк" овараасту аз ҳамон ҳисоб маоши чанд нафар табибонро "доданд". Ба ҳамон чанд корманди тиб, ки дар навбат буданд, 100 сомонӣ сари ҳар нафар дода шудааст.

Панҷшанбе, Авг 25 2016

Ба ифтихори 25 –умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба анъаноти худ шаҳрдории Душанбе 1 зумра шаҳрвандонро аз категорияҳои низёманди шаҳр бо кӯмаки молиявӣ  сарфароз гардонид. 

саҳ 95 аз 113

Китобҳо

Flag Counter