ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Дек 22 2017



Маош зиёд мешавад!
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми хеш  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр  кард, ки бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1 сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад.
Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, инчунин музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Ба ибрози Пешвои миллат, дар ин раванд Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монад. Инчунин бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши ин гуна молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад.

Таъсиси Маркази омӯзиши пиряхҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки тибқи маълумот, аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудаанд, дар давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад. Бо дарназардошти чунин вазъ, Академияи илмҳо дар сохтори худ Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дода, мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишварро бояд ҷиддӣ ба роҳ монад. Ба таъкиди Сарвари давлат, муассисаҳои илмии Академияро зарур аст, ки таҳқиқотро доир ба гуногунии биологӣ, сарватҳои табииву зеризаминӣ, ҷустуҷӯи геологӣ, корҳои бостоншиносӣ ва омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷик идома бахшанд.

Масъалаҳои «Тоҷик эйр»-ро бояд ҳал кард!
Яке аз масъалаҳои ҳалталаб барои рушди сайёҳӣ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонию мусофиркашонӣ аз ҷониби Ширкати ҳавопаймоии давлатии “Тоҷик Эйр” ва Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” мебошад.
Куҳнаю фарсуда шудани парки техникӣ, номукаммалии сохтори идоракунӣ ва вазъи душвори молиявӣ садди роҳи инкишофи соҳаҳои зикршуда гардидааст.
Зарур мешуморам, ки ҷиҳати навсозии техникии ширкат ва корхонаи мазкур ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон воридоти ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои замонавии мусофиркаш пурра аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шавад.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон бо ин, ба Ҳукумати кишвар супориш дод, ки барои баланд бардоштани қобилияти рақобати ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” барномаи махсуси дастгирии давлатии онро таҳия ва амалӣ намояд.

Ҷавоби марги кӯдаки 3-соларо кӣ медиҳад?
Президенти кишвар таъкид намуд, ки ҳолатҳои аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон бо ҳар роҳу васила ба бозори истеъмолии кишвар ворид намудани маҳсулоти пастсифат зиёд ба назар мерасанд, ки ба саломатии шаҳрвандон зараровар аст.
- Тибқи маълумоти Прокуратураи генералӣ фаъолияти гурӯҳи корӣ вобаста ба санҷиши сифати маҳсулоти воридотӣ дар 196 ширкати тиҷоратӣ нишон дод, ки ба кишвар ҳамасола 500-600 тонна бозичаҳои гуногун аз 20 давлати дунё ворид мешаванд, ки 90 фоизи онҳо аз рӯи сифат ба талаботи бехатарӣ мувофиқ нестанд ва ба саломатии кӯдакон зараровар мебошанд. Дар баробари ин, технологияи нигоҳдории маҳсулоти гӯштӣ дар сатҳи зарурӣ ва тибқи меъёрҳои қабулшуда таъмин нагардидааст ва соҳибкоронро зарур аст, ки дар ин самт низ чораҷӯӣ намоянд. Чанд рӯз пеш дар н. Восеъ 1 оила аз хӯрдани ҳасиб заҳролуд шуд ва 1 кӯдаки хурдсоли ин хонавода талаф ёфт. Ҷавоби марги ин кӯдаки 3-соларо кӣ медиҳад? Сохторҳои назоративу тафтишотӣ ҳар шом намоиш медиҳанд, ки дар ин ё он гӯшаи кишвар фурӯши маҳсулоти бесифатро ошкор кардаанд, аммо ин маҳсулот чаро ба мамлакат ворид шуд? Худашон гузоштанд водри шавад, зеро назорат нест!,-таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷумъа, Дек 22 2017


Тибқи омор имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 15%-и (80%-и мамлакатҳои тарақикарда) аҳолии ҷаҳонро одамони маъюбиятдошта ташкил медиҳанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 150.000  маъюб зиндагӣ мекунанд, ки 2%-и аҳолиро ташкил медиҳанд. Хушбахтона маъюбони Тоҷикистон дар ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ фаъолона иштирок менамоянд. Мутаассифона дар баъзе маврид маъюбро ҳамчун шахси ниёзманд, дастнигар, талабанда ҳисобида, аз ҷомеа дур месозанд, ки ин шаъни шарафи маъюбро хеле паст месозад. Бояд қайд намуд, ки маъюбон қишри ҷудонашавандаи ҷомеа буда, бо нуқси ҷисмонӣ ва ақлонӣ наметавонанд аз ҷомеа дур бошанд. Ҷудонопазирии онҳоро Сарқонуни ҶТ оиди ҳуқуқи иҷтимоии маъюбон ва инчунин ҳуҷҷати байналхалқӣ Конвенсия оиди ҳуқуқи маъюбон кафолат медиҳанд.

Панҷшанбе, Дек 21 2017

Эрониҳо роҳро бастаанду шаҳрвандони ҶТ имкони мурдаҳоро гӯронидан надоранд, вале раиси ноҳия СССР-ро ба суд доданист…

Душанбе, Дек 18 2017


Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе дар бораи ба таври ройгон истифода намудани нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло аз нақлиёти мусофирбари истифодаи умум (ба истиснои  нақлиёти сабукрави таксӣ) қарори вежаеро ба тасвиб расонид.
Тибқи ин қарор аз 15 декабри соли 2017 хизматрасонӣ тавассути нақлиёти мусофирбари истифодаи умум (ба истиснои таксӣ) дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло бо пешниҳодиҳуҷҷати тасдиқкунанда чиптаи имтиёзноки солона ё корти имтиёзноки пардохти электронии роҳкиро) тариқи ройгон ба роҳ монда мешавад. Ин қарор бо мақсади дастгирии моддӣ-маънавии нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло бо инобати қарори маҷлиси васеи роҳбарону масъулини корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётии шаҳри Душанбе сурат гирифта, солхӯрдагон метавонанд кортҳои махсусро аз раёсатҳо ва шӯъбаҳои ичтимоии ноҳияи худ дастрас намоянд.

СССР


 

Душанбе, Дек 18 2017


Раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ тасмим гирифтааст барои пешгирӣ, ташхис, табобат, ҷарроҳии беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбоди дил дар пойтахт аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 700 ҳазор сомонӣ дар соли 2017 ва 800 ҳазор сомонӣ дар соли 2018 маблағ ҷудо намояд.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, ин маблағ ба Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ирсол гашта, ташхису табобат ва ҷарроҳии беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбоди дил низ дар ҳамин муассиса анҷом хоҳад ёфт.

СССР

Душанбе, Дек 18 2017


Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни иди «Соли нав»-и 2018 ва таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ, аз 20 то 30-уми декабри соли 2017 дар назди бозорҳои «Меҳргон», Ховарон», «Қарияи боло», «Ёвар» ва боғи «Дӯстии халқҳо» ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ташкил карда мешаванд.
Баргузории чунин ярмаркаҳо ба сокинони пойтахт имкон медиҳад маҳсулоти хушсифати кишоварзиро нисбат ба бозор арзонтар харидорӣ намуда, дастархони идонаи хешро ғанӣ гардонанд.

СССР

саҳ 98 аз 156

Китобҳо

Flag Counter