ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, Июл 19 2016

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ бо мақсади дастгириву ҳавасманд гардонидани волонтёрон дар рушд ва такомул додани фаъолияти худ ва ба ин васила ҷалби бештари шахсони ҷавон барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ, баланд бардоштани мақоми ихтиёрӣ ва инчунин мусоидат кардан ба беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ озмуни ҷумҳуриявии “Волонтёри сол-2016”-ро эълон менамояд.

Душанбе, Июл 18 2016

Даромади молиявии  филиали ҶСК «Тоҷиктелеком» дар шаҳри Панҷакент, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69% кам гардидааст. Ин нукта дар нишасти матбуотии раиси шаҳри Панҷакент зикр гардид.

Душанбе, Июл 18 2016

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» охири ҳафтаи гузашта бо пахши 1 муроҷиатнома, аз тамоми мусофиронаш, ки тайи чанд рӯзи гузашта бо сабаби таъхири ҳавопаймоҳо дучори мушкил ва асабоният шуданд, узр хоста умед дорад, ки мусофирон низ мушкилоти имрӯзаи ширкатро дарк хоҳанд кард.

Ҷумъа, Июл 15 2016

Дар ш.Панҷакент нишастҳои матбуотӣ оғоз гардид ва аввалин нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон бо раиси шаҳр Ислом Зиёзода баргузор шуд. Мавсуф дар масъалаи набудани ҷои оббозӣ барои ҷавонон ва сокинони шаҳру деҳот изҳори назар карда афзуд:

Панҷшанбе, Июл 14 2016

Мақомоти н.Бохтар аз марги Фотима Қосимоваи 48-сола ва Сафархон Шарифови 17-сола хабар додаанд, ки онҳо баъди газидани канаи гов ба бемории лихорадка (таби хунин) мубтало шуда, дар бемористон ҷон додаанд.

Панҷшанбе, Июл 14 2016

 Ҷарроҳии аввалини пайванди мағзи устухон дар таърихи тибби тоҷик расо баъди 2 моҳ дар Маркази илмии пайвандкунии аъзои бадан гузаронида мешавад. То ин дам марказ танҳо амалиёти ҷарроҳии пайванди гурда ва ҷигарро анҷом медод. Ба гуфти директори марказ Саидмаҳмуд Исмоилзода «арзиши ин гуна ҷарроҳии душвор дар ҷумҳурии мо аз $30 ҳазор боло нахоҳад буд  дар ҳоле, ки дар хориҷа нархи чунин ҷарроҳӣ 3 маротиба зиёдтар аст".

саҳ 100 аз 112

Китобҳо

Flag Counter