Ҷарроҳии аввалини пайванди мағзи устухон дар таърихи тибби тоҷик расо баъди 2 моҳ дар Маркази илмии пайвандкунии аъзои бадан гузаронида мешавад. То ин дам марказ танҳо амалиёти ҷарроҳии пайванди гурда ва ҷигарро анҷом медод. Ба гуфти директори марказ Саидмаҳмуд Исмоилзода «арзиши ин гуна ҷарроҳии душвор дар ҷумҳурии мо аз $30 ҳазор боло нахоҳад буд дар ҳоле, ки дар хориҷа нархи чунин ҷарроҳӣ 3 маротиба зиёдтар аст".
Нусратулло Салимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ дар мавриди теъдоди рӯзафзун ва ҷалби худсаронаи табибони чинӣ ба табобати шаҳрвандони кишвар изҳори нигаронӣ кард ва гуфт: “Мо ҳамагӣ ба 2 муассиса иҷозати истифода аз хидмати табибони чиниро додаем ва ман аз он, ки сафи онҳо бештар мешавад, қонеъ нестам”.
Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти директорони бозорҳои коммуналии шаҳрро дар моҳи шарифи Рамазон ва арафаи Иди саиди Фитр нокифоя арзёбӣ намуда, директори КВД “Бозори Шоҳмансур” Бахтиёр Лақаевро аз вазифа сабукдӯш кард.
Вориди боғи «Кӯли ҷавонон», ки дар маркази пойтахт, дар шафати Кохи «Наврӯзгоҳ», шаҳраки «Қатар Диёр» ва рӯбарӯи Қасри Миллат аст, мешавам. Аён, ки дар рӯзҳои гарми тобистон, алалхусус моҳи шарифи Рамазон сокинони пойтахт ба ин самт рӯ меоранду лаби обу зери дарахтони азими чанори ин боғ нишаста, истироҳат мекунанд. Шумораи зиёди ошхонаву ба ном қаҳвахонаҳо, дӯконҳои майдафурӯшӣ, мизҳои пур аз анвои нӯшиданиву хӯрдании зери офтоб ҷойгирифта, бозиҳои дилхушии кӯдакон сартосари боғро фаро гирифтаанду ба мардум хизмат мекунанд. Аммо чӣ гуна хизмат мекунанду дар чӣ шароит фаъолият доранд, инро ревизори СССР бо чашмаш дид.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар додааст, ки дар пайи заминҷунбии 1.07.2016 дар н.Рашт 11 хона пурра ва 18-тои дигар қисман хароб шудааст. Ба қавли ин кумита, бар асари зилзилаи 4,5 баллӣ асосан рустоҳои ҷамоати Иҷборак, Аскалон ва деҳаи Ҳазорчашма хисорот дидааст.
6.07.2016 донишҷӯи 19-сола дар вил.Суғд ҳини оббозӣ дар Баҳри Тоҷик ғарқ шуда, ҳалок шудааст.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Соли таъмири мактабҳо! Назар
- Юбилейи Маэстро… Назар
- Тоир Раҷабов: «Назарияҳои Нютону Эйнштейн аз танқид холӣ нест!» Назар
- Истаравшан: Баландошёна ҷойи «Гулбоғи адибон»… Назар
- ДИДОРҲО БА ҚИЁМАТ: ХОНАИ ОХИРАТАТ ОБОД БОШАД, ВАЛИҶОН! Назар
- Муаррифии китоби Зиҷи радиометеорҳои Тоҷикистон Назар
- “Юнистрим” ҳаққи хизматрасониро барои Тоҷикистон коҳиш дод Назар
- Нурали Хоркашев: РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ “МИЛЛӢ" -И ТОШКАНД… Назар
- БМТ: интиқоли маблағ дар тамоми кишвар тавассути операторони “Юнистрим” ва “Контакт” бемамониат ва бемаҳдудият дастрас аст! Назар
- Темурмалик: кӯдакон ба муассисаи томактабӣ ниёз доранд! Назар
- Ҷасорати адиб Назар
- 1.03.2020- рӯзи интихобот! Назар