ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Июл 25 2016

Хайрулло Раҳимов, директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» мегӯяд, ки ширкат дар оянда барои харидорӣ намудани ҳавопаймоҳои нав бо ширкати «Boeing» ҳамкорӣ хоҳанд кард, зеро ин ширкат дар бозори ҳавопаймоӣ алакай худро бо устувор ва боварибахш буданаш муаррифӣ кардааст ва ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳонӣ ба ин ширкат метавонанд эътимод намоянд.

Душанбе, Июл 25 2016

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздики 100 ҳазор тӯҳфаи хотиравӣ барои мусофирони хатсайрҳояш омода намуда сар аз 1.08.2016 ҳадяи тӯҳфаҳои брендиро дар дохили ҳавопаймоҳояш дар тамоми хатсайрҳо оғоз мекунад. Дар ин бора ба намояндагони воситаҳои ахбори омма Хайрулло Раҳимов, директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» рӯзи 25 июли соли ҷорӣ хабар дод.

Панҷшанбе, Июл 21 2016

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ  72645 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд, ки 45859 нафари онҳо ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 30 ҳазору 507 нафар расман мақоми бекорӣ дода шудааст.

Панҷшанбе, Июл 21 2016

Мувофиқи омори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, дар нимсолаи якуми соли 2016 аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар 308676 нафар ҳамчун муҳоҷирони меҳнатӣ сафар намуда аз ин теъдод 40682 нафарашон занон мебошанд. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки ба таври расмӣ худро дар сохтори бахши муҳоҷират номнавис кардаанд, дар соли ҷорӣ барои кор беш аз ҳама кишварҳо Русия ва Қазоқистонро интихоб намудаанд. Дар ин бора рӯзи 21.07.2016 ба намояндагони воситаҳои ахбори омма Тағойзода Сумангул Саид, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ иттиллоъ дод.

Панҷшанбе, Июл 21 2016

Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вил.Хатлон иттилоъ дод, ки 21.07.2016 дар ш.Кӯлоб «Иди харбуза ва кадуи Хатлон» баргузор мегардад. Дар иди мазкур аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, маҳсулотҳояшонро пешкаш менамоянд ва дар охир ғолибон бо мукофотҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

 

Панҷшанбе, Июл 21 2016

1 нафар аз сокини вилояти Суғд мегӯяд, дуруст будани нархномаҳоро дар беморхонаҳои вилоят барои ӯ муаммост.

саҳ 113 аз 126

Китобҳо

Flag Counter