ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Фев 23 2017

Дилбар Нурматова-директори маркази ташхисию табобатӣ дар вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо СССР афзуд, аз сабаби он, ки таҷҳизоти гаронарзиш дар Хатлон набуд аксарияти сокинон ба шаҳри Душанбе ва берун аз ҷумҳурӣ барои ташхиси томографии компютерӣ мерафтанд. Аз соли 2012 бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва Ҳукумати ҷумҳурӣ таҷҳизот дар маркази вилоят-шаҳри Қурғонтеппа, дар беморхонаи Қарияи боло насб гардид ва аз соли 2013 Маркази ташхиси табобатӣ-томографии компютерӣ таъсис дода шуд. Рӯзҳои аввал мо танқисӣ мекашидем, аз он сабаб, ки мутахассис набуд. Ҳоло бошад чунин мушкил надорем ва сокинон бе мушкил метавонанд табобат гиранд.

Баҳодур Уроқов,

хабарнигори СССР вилояти Хатлон

 

Панҷшанбе, Фев 23 2017

Наздики 10 рӯз рӯи захме аз ангушти пой азиятам медод, роҳ гашта наметавонистам. Дар оғоз фикр кардам, ки ангушти по лат хӯрда ё шикастааст, аз ин рӯ, ба духтурони шикастабанд муроҷиат кардам. Духтури нахустине, ки поямро дид, дарҳол тасмим гирифт, ки гӯё устухони ангушти хурди пой каҷ шудаву бояд дарҳол онро гипс намоям. Мутахассиси 2-юм низ таъкид мекард, бояд ҳатман ангушти пойро лангет кард, вале ман, ки ба гуфтаҳои боло мутмаин набудам, барои гипсу лангет розӣ нашуда боз чанд рӯзи дигар ба кор омадан гирифтам. Ҳоламро дида сардабирамон маро аз кор озод карда, 3 рӯз рухсатӣ ҳам дода афзуд:

-Поятро шифо бахшу дар ин бора матлабе навис...

Вале ман сарфи назар аз ин озодӣ боз ҳам лангида-лангида ба идора омада мерафтам. Мо Метавонем!

Тозагиву гармӣ 

3.02.2017. Соат бо вақти Душанбе 19:30 дақиқа. Пас аз дарду ранҷи бисёр ва муроҷиат ба бахшҳои шикастабандии бархе аз бемористонҳои пойтахт ва ҷанҷоли модар, тасмим мегирам ба Беморхонаи клиникии шаҳрии №3, ки бештар бо номи маркази ҷарроҳӣ ва сӯхтанӣ маъмул аст, биравам. Бо додарам Ҷамшед мошини ҳамсояро гирифта, озими ин беморхона мешавем.

3.02.2017. Соат бо вақти Душанбе 19:50 дақиқа. Барфи зиёд беист борида роҳҳоро пурбарф карда буд. Аммо масъулини он ба хотири амнияти беморон ва муроҷиаткунандагон рӯи зинаҳои лағжонаки даромадгоҳ 2 қабат порчаи махсусро андохтаанд, ки мо баҳузур гузарем. Дохили беморхона шуда шӯъбаи қабулро ҷустем. Дохили он хеле гарму бениҳоят тоза буд: чунин шароитро ман интизор надоштам! 

 Тоблу барои беморон

Чашмам ба таблои калони рӯи девори назди дари даромадгоҳ насбшуда афтид – дар он ба таври автоматикӣ ному насаби духтурони навбатдор ва беморон бо рақами ҳуҷраашон бо 2 забон-тоҷикиву русӣ дарҷ шудааст. Мисли таблои парвозу фуруд дар фурудгоҳҳо. Чунин таблоро дар ягон беморхона то ба имрӯз надида будам ё шояд аз чунин навовариҳои соҳаи тандурустии кишвар дер кардааму бехабар? Ҳарчӣ набошад, роҳандозии чунин лавҳаи электронии автоматӣ кори беморонро хеле осон мекунад: мо ба зудӣ шӯъбаи қабул ва номи духтури навбатдорро аз ин табло пайдо карда, наздаш рафтем. 

Язва!!! Ором бошед!

3.02.2017. Соат бо вақти Душанбе 20:00 дақиқа. Хоҳари шафқат, ки дар шӯъбаи қабул имшаб навбатдор буд, арзи маро шунида, варами пой ва захми ангуштро аз назар гузаронид. Баъдан ба духтури навбатдор Саидов Қутбиддин занг зада, хоҳиш намуд, ки 1 маротиба ба шӯъбаи қабул фарояд. Пас аз чанд лаҳза духтур ҳам омаду пас аз аҳволпурсӣ ба муоинаи захми ангушти поям сар кард. 

«Язва шудааст, ку!» -гуфт ӯ. Дарҳол пурсидам, ки язвааш чӣ асту оё магар он дар пой ҳам мешавад? Духтур Қутбиддин бароям маънидод кард, ки чунин захмҳоро язва мегӯянд ва аз ин бояд натарсаму наҳаросам. Язва-захм дар ангушти пой асосан аз зарбаи чизе пайдо мешавад, дар баъзе мавридҳо бошад ифлосӣ ва микробҳои пӯсти пастсифати кафш низ боиси сар задани он мегардад.

Духтур ба хоҳари шафқат дастур дод, ки маро ба утоқи муолиҷа бубарад ва барои ҷарроҳӣ омодагӣ бигирад. Ман аз калимаи ҷарроҳӣ хеле тарсидам, лек духтур бо нимтабассум гуфт, ки «Натарсед! То тӯй хуб мешавад!»

Дарди бадро давои бад

3.02.2017. Соат бо вақти Душанбе 20:10 дақиқа. Хоҳари шафқат захмро бо маҳлули спирт тозаву пок карда, духтур рӯи он каме мази «Левомикол» гузошту бо пораи докаи дар спирт таршуда печонида аз болои он бинт баст. «Ана, тамом!»-гуфт духтур Қутбиддин. «Чӣ хел тамом?» ҳайрон шудам ман ба сӯзиши по нигоҳ накарда.

«Бале, тамом, давои захми шумо танҳо 1 чиз аст-арақ! Дар муддати 3 рӯзи оянда пас аз ҳар 3-4 соат ҳамин корро дар хона анҷом дода, пас аз гузоштани мазу печонидани бинт рӯи он каме арақ мерезеду халос. Ин захм тез аз байн меравад! Саломат бошеду дигар бемор нашавед!»-гуфт духтур. 

Ман аз чунин муносибат хеле мутаассир гаштаму даст ба кисса андохта хостам ба духтур 10-20 сомонӣ диҳам, вале ӯ розӣ нашуд, гуфт, ки коре накардааст. Ба духтур гуфтам, ки журналист ҳастаму дар газетаи СССР кор мекунам ва ҳатман дар борааш хоҳам навишт. 

«Ба СССР саломи маро расонед, ман ҳам хонандаи шумоям!»-таъкид намуд духтур Саидов Қутбиддин ба ману баргашта ба ошёнаи боло баромада рафт. Мутаассифона, ӯ нагузошт, ки аксашро бигирам…

 «Гунҷишкро кӣ кушад? Қассоб!»

3.02.2017. Соат бо вақти Душанбе 20:30 дақиқа. Ман аз беморхона берун шуда пеши худ гуфтам, ки хуб шуд ба гапи шикастабандҳо гӯш накардам, вагарна поямро бесабаб лангету гипс мекарданду дардамро фузун. Аҷоиб духтурҳое! Захми инсонро хуб нафаҳмида дарҳол гипс мегӯянд. Ба ҳар ҳол гунҷишкро бояд қассоб кушад! Ё не!? Ва боз ҳам шод аз он шудам, ки давои ман ғайриоддӣ ва маҳлули арзону дастрас - арақ будааст. Аз мағозаи назди хона 1 шиша арақи «Тоҷикистон»-ро харида дар шкафи худам пинҳон намудам, охир ин доруи 3 рӯзи ояндаи захми пои ман аст! Давои духтурро пас аз 1 соат аллакай эҳсос кардам, ки дарди поям камтар шуд! 

Соате, ки ин матлабро пеши Раиси дафтар-Шаҳрзоди Амин мебурдам, аллакай лангон-лангон неву хиромон мерафтам.

Мо метавонем!

Мино Аминзода,

аз Беморхонаи клиники шаҳрии №3

махсус барои СССР

 

Сешанбе, Фев 21 2017

Набудани хатсайр ҳавоии Душанбе - Панҷакент, сокинони ин шаҳрро маҷбур кардааст, ки тариқи Хуҷанд ба Душанбе парвоз кунанд. Дар ҳоле, ки ягона роҳи заминӣ, ки шимоли Тоҷикистонро бо марказ мепайвандад, дар ҳолати басташавӣ ва хавфи фаромадани тарма қарор дорад, сокинон тариқи хатсайри Хуҷанд-Душанбе ба пойтахт ё ҷануби кишвар мераванд. Аммо Мӯминҷон Музаффаров, сардори фурудгоҳи Панҷакент дар сӯҳбат гуфт, ки хатсайри ҳавоии Душанбе-Панҷакент-Душанбе таъсис дода шудааст. Дар ин хатсайр парвози чархбол дар назар гирифта шудааст, вале аз сабаби набудани хоҳишмандон аз самти Душанбе парвоз то пайдо шудани мусофирон ба таъхир афтодааст. Нархи чипта дар самти Душанбе-Панҷакент 470 сомониро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест,ки арзиши чипта дар самти Душанбе-Хуҷанд зиёд шуда, аз 500 сомонӣ боло рафтааст.

Хуршед Фозилов

 

Ҷумъа, Фев 17 2017

Ахиран, дар мулоқоти худ бо аҳли ҷамоатчигиипойтахт президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар шаҳри Душанбе проблема ва мушкилоту масъалаҳои мубрам ва ҳалталаб хеле зиёданд. Ӯ зимни суханронии хеш диққати масъулини мамлакатро ба муҳимтарин мушкили имрӯзаи шаҳр ҷалб намуда онҳоро зикр кард.

Панҷшанбе, Фев 16 2017

Момои Давлатмоҳ Додоваи 116-сола, аз кӯҳансолтарин сокини ноҳияи Бохтар, насли 2 аср, бар асари 1 беморӣ даргузашт. Ӯ борҳо дар сӯҳбат бо СССР латифаҳо мегуфту “сирр”-и умри тӯлонии худро фош карда механдид ва мегуфт, ки намехоҳад доруву дармони пизишконро истеъмол кунад. Ӯ одат карда буд, ки дардҳояшро тавассути гиёҳҳо ва растаниҳои табиӣ дармон бахшад. «Мо дар кӯҳҳо зиндагӣ мекардем. Сабаби дарозумрии ман аввал Худо аст, баъд боду ҳавои софи деҳа, тановули гиёҳҳо ва алафҳои табиӣ мебошад. Агар шумо ҳам бештар гӯшти кабку оҳу, меваи хушк, туту зардолу ва гиёҳҳои шифобахш, мисли пудинаро истеъмол кунед, иншоллоҳ, ки дарозумр мешавед», мегуфт момо. Ӯро дар ноҳия ҳама мешинохтанду “холаи табаррук”-ӣ мегуфтандаш. Дуои момо ҳам ба кулли ихлосмандону аёдаткунандагонашон ин буд, ки “Худованд онҳоро ҳам ба 100-солагӣ расонаду хор нашаванд”.

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон

 

Панҷшанбе, Фев 16 2017

Ҳоло дар ҳудуди шаҳри Душанбе 73 масҷид, аз ҷумла 4 масҷиди марказии ҷомеъ, 16 масҷиди ҷомеъ ва 53 масҷиди панҷвақта, 1 ҷамоатхона, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ва 30 ташкилоти динии ғайриисломӣ фаъолият дорад. Илова бар ин, дар шаҳр соли оянда Масҷиди бузург ба истифода дода мешавад, ки маблағи сохтмони он қариб 700 миллион сомониро ташкил медиҳад.

 - Дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 1 шӯъба, 4 бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, 5 комиссияи доимӣ ва 1086 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд. Вале аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар фаъолияти шӯъбаву комиссияҳои доимии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он камбудиҳои зиёд ба назар расида, то ба имрӯз аксари комиссияҳои ҷамъиятии ташкилоту муассисаҳо дуруст фаъолият намекунанд ва робитаи шӯъбаву бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо раисони маҳаллаҳо тибқи талабот ба роҳ монда нашудааст. Чунин ҳолат сабаби риоя нашудани муқаррароти қонунгузории танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҳудуди шаҳр гардида, мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ соли 2016 қариб 13 ҳазор ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст, - қайд намуд президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дирӯз зимни мулоқоти хеш бо фаъолони ш. Душанбе.

Ғайр аз ин, мақомоти судӣ 127 парвандаи ҷиноятиро баррасӣ намуда, нисбат ба вайронкунандагони талаботи қонун қарорҳои дахлдор баровардаанд.

Инчунин, бисёр ҳолатҳои аз меъёри муқарраршуда зиёд ҷалб намудани воситаҳои нақлиёт ҳангоми тӯйҳои арӯсӣ ва бо суръати баланд ҳаракат кардани онҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳаракати муназзами дигар воситаҳои нақлиётро халалдор сохта, боиси ташвиши сокинони пойтахт гардидаанд.

 

СССР

 

 

саҳ 124 аз 156

Китобҳо

Flag Counter