ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, Авг 23 2016

Бо дарназардошти саҳми пайваставу масъулияти баланди занон - кормандони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр дар ободу хуррам нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Сарраёсати молияи шаҳр дастур фармудааст, ки ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба ҳар кадоми онҳо кӯмаки молиявии якдафъаина расонида шавад.

Ҷумъа, Авг 19 2016

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки бинобар омодагиҳо ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тайёрӣ ба гузашти низомӣ аз санаи 19-уми август то 8-уми сентябри соли равон, ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз соати 18:00 то 22:00 дар хиёбони Рӯдакӣ аз буриши кӯчаи И. Сомонӣ-хиёбони Рӯдакӣ, то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ-кӯчаи Айнӣ, дар кӯчаи Шероз аз сероҳаи кӯчаҳои М. Турсунзода-Бухоро то чорроҳаи кӯчаҳои Бухоро-Шевченко ва дар кӯчаҳои Ф. Ниёзӣ, Ш. Шотемур, Ш. Руставели, Теҳрони пойтахт маҳдуд карда мешавад.

РБДА ВКД ҶТ аз тамоми ронандаҳои воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки реҷаи зикргардидаро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.

 

 

 

Чоршанбе, Авг 17 2016


Вақте саг одамро мегазад, ин навигарӣ нест. Навигарӣ ин аст, ки вақте одам сагро мегазад!
(афоризми аврупоӣ дар боби журналистика)

Душанбе, Авг 15 2016


Газетаи мардумии СССР то ин дам якчанд маротиба дар бораи терминали байналмилалии фурудгоҳи Душанбе матлабҳои танқидӣ навишта буд. Аз ҷумла, ҳам аз тарафи мухбирони мо ва ҳам аз тарафи хонандагони газета вазъи ошхонаи миллӣ ва нуқтаи фурӯши хурди дигаре, ки дар умум ба ягон талабот ҷавобгӯ набуданду дар дохили терминали нав бо маҳсулоти пастсифати хеш ба фурӯш машғул буданд, зери танқид гирифта шуданд. Ба ғайр аз ин, хонандагони СССР борҳо дар мавриди таваққуфгоҳи назди фурудгоҳ, ки кайҳо кӯҳна шудаву аз талаботу хизматрсонии замонавӣ қафо мондааст, дар саҳфаҳои газета шиква мекарданд.

Душанбе, Авг 15 2016


Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳо аз рӯйи самти Душанбе-Лоҳур-Душанбе ва Душанбе-Кобул-Душанберо бекор намуд. Чуноне ки дар маркази матбуоти ширкати мазкур хабар доданд, чунин тадбир хусусияти муваққатӣ дошта, бо сабаби кам будани теъдоди мусофирон вобаста мебошад. Ширкати ҳавопаймоӣ оиди барқарор кардани парвозҳо ба Лоҳур ва ба Кобул Шуморо қаблан огоҳ хоҳад кард.

Панҷшанбе, Авг 04 2016

1 сайёҳе, ки ба минтақаи Кӯлоб меояд, ҳамагӣ 43 сомонӣ фоида меорад. Маблағи воридотии 1 сайёҳи дохилӣ бошад, ҳамагӣ 7 сомонист.

саҳ 139 аз 156

Китобҳо

Flag Counter