ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Авг 11 2021

 

    Ҳукумати Федератсияи Росия тасмим гирифтааст аз 01.09.2021 барномаи мобилии «Сафар бидуни Covid-19» ("Путешествую без COVID-19»)-ро барои мусофирони хориҷӣ роҳандозӣ намояд. Яъне, ҳамакнун мусофироне, ки ба шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия парвоз мекунанд, бояд ин барномаро ба телефонҳои мобилии худ насб карда, натиҷаи озмоиши QR-коди хешро, ки озмоишгоҳҳо пас аз ташхис медиҳанд, ба он искан кунад. 

    Ба ин барнома ҳама озмоишгоҳҳои давлатҳои дар феҳрист ҷойдодашуда ворид буда, мусофирон метавонанд аз рӯи он як озмоишгоҳро интихоб карда, рафта тест супоранд. Дар ҳолати мусбат баромадани натиҷаи ташхис онро бо QR-код дар телефон акс гирифта ба барнома ворид менамоянд. 

Боргирӣ ва насб

    Ба ин барнома ба давлатҳои Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Тоҷикистон шомил буда, шаҳрвандон метавонанд барномаи "Путешествую без COVID-19» - ро аз мағозаҳои интернетӣ AppStore, GooglePlay ва AppGallery боргирӣ намуда, ба телефонҳои худ насб намоянд.

    Ба ин тариқ мусофирон метавонанд аз тафтишу назоратҳо бе мамоният гузашта, танҳо ҳамон QR- коди мавҷударо аз барномаи дар телефон буда искан менамоянд. Бояд қайд намуд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ ин қоидаи нав аз 21 сентябри соли 2021 ба амал бароварда шуда, доштани он ба ҳама шаҳрвадони сафаркунанда ба Россия ҳатмӣ мебошад.

Баҳори Мубориз, 

СССР

 

 

 

Чоршанбе, Авг 04 2021

 

Салом ба СССР-и гиромӣ! Мехоҳам дар бораи 1 мушкили ҷиддӣ дар н.Темурмалик бигӯям, то масъулон ба он расидагӣ кунанд. Агар имрӯз ин проблема ҳалли худро наёбад, пагоҳ дер хоҳад шуд. 

   Мушкил он аст, ки чарогоҳҳои ноҳия, алалхусус Ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишевро одамони пулдор гирифта, ба манфиати шахсии хеш истифода бурда истодаанд. Моли мардуми оддӣ оҳиста-оҳиста бе ҷой монда истодааст. Ба ягон кас гап зада намешавад. Молатро чаронданӣ ба чарогоҳ бурдӣ, зуд «соҳибаш» меояду аз он ҷо меронад. Охир дар ҷое, ки бояд гову мол бичарад, шахсе ҳуқуқ дорад, онро харида гандум ё ҷав бикорад? Дар ин сурат молҳои мардум дар куҷо чаранд? 1 буз ё 2 гов даромад тамом, ё зада маъюб мекунанд ё «зиндонӣ». Ин хел рафтан гирад, пагоҳ дар сари чарогоҳ барои 1 буз ё гов задухӯрд пеш меояд.

   МИҲД н.Темурмалик бояд ба ин қазия назар карда, чарогоҳҳои мардумро баргардонад, ки дигар бо «заминдорон» дастбагиребон нашаванд. 

Меҳрдоди Меҳроб,

Темурмалик

 

Чоршанбе, Июл 28 2021

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ, дар ш.Панҷакент ҳамагӣ барои 1 нафар эҳтиёҷманд қарори раиси шаҳр барои тақсимоти замини наздиҳавлигӣ ба тавсиб расидаасту  халос. 

Абдухолиқ Холиқзода, раиси ш. Панҷакент дар нишасти матботӣ гуфт, ки мо дар ин муддат танҳо ба 1 нафар ятими кулл замин ҷудо намудаем. Дар ҳоле, ки тӯли ин муддат беш аз 200 парванда вобаста ба замин омода гардидаву мунтазири қарорҳои раиси шаҳр мебошанд. Имзо нашудани қарорҳои вобаста ба замин ва ё тақсим нагардидани замини наздиҳавлигӣ ба эҳтиёҷмандон, боиси нигаронии сокинони Панҷакент гардидааст.

Масъалаи замин дар минтақа мушкилоти рақами 1 мебошад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода беш аз 70 %-и  муроҷиати сокинон вобаста ба мушкилоти замин аст. Дар ин вақт дар кумитаи идораи замини ш.Панҷакент низ 3 роҳбар иваз гаридааст.

 

Хуршед Фозилов, барои СССР, 

ш.Панҷакент 

 

Чоршанбе, Июл 21 2021

- Эҳтимолан 30% сокинони вилояти Хатлон рӯзғорашонро бо мусофиркашонӣ пеш мебаранд. Дар муддати 1 моҳ нархи сӯзишвории гази моеъ 2 маротиба баланд шуда, ваъзи иқтисодӣ, иҷтимоию молиявии мо ва сокинони эҳтиёҷманд боз ҳам бадтар шуд. Хадамоти зиддиинҳисории кишвар магар дар хобби ғафлат аст, ки ин қиматиро намебинад? 

Анвари Мирзоалӣ, сокини н.Ҷ.Балхӣ 

 

Панҷшанбе, Июл 15 2021

Дуруд ба аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР! Ман сокини Ҷамоати деҳоти Эсанбойи н.Рӯдакӣ буда, бо тақози кору фаъолият дар деҳоти дурдасти ноҳия зиёд мегардам. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои ободонӣ вусъат гирифта, иншоотҳои гуногун бунёд шудаанд ва инро дида шодии кас меояд. Бо иваз шудани раиси ноҳия мо низ фикр кардем, ки ҳамакнун таваҷҷӯҳ ба ҷамоатҳои дур аз маркази ноҳия меафзояд, вале ин тавр нашуд. Мисли раисони қаблӣ раиси нав низ барои обод намудани маркази ноҳия кӯшиш карда истодаасту ҷамоатҳои дур аз маркази ноҳия ба ҳоли худ мондаанд.

Дур намеравем, бубинед вазъи роҳҳои ҷамоатҳои Эсанбой, Чорряккорон, Қиблаӣ, Зайнабобод, Роҳатӣ, Султонобод, Чортеппа, Чимтеппа ва Сарикиштиро. Роҳҳо вайрону валангор, дастрасӣ ба об нест-мардум обро мехаранд, инфрасохтори дар замони шӯравӣ бунёдшуда ҳоли табоҳ доранд. Он бунгоҳҳои тиббие, ки солҳои охир сохта шудаанд, алакай таъмирталабанд. 

Ноҳияи Рӯдакӣ калонтарин ноҳияи ҷумҳурӣ буда, пойтахти кишварамон-шаҳри Душанберо пурра иҳота кардааст ва айб аст, агар сокинони ноҳияи наздиктарин ба пойтахт обро харанду барои партов ҷой надошта бошанд.

Зулфия Шодиева, н.Рӯдакӣ

 

Чоршанбе, Июл 07 2021

Мутаассифона, имсол боду ҳавои номусоиди баҳору аввали тобистон дар ҷануби кишвар боиси офатҳои табиӣ ва дар шимол сабаби хушксолӣ гардид. Дар талу теппаҳо алафҳои табиӣ нарӯид ва ҷаву гандуми баҳорӣ ба молҳои сарҳуй хӯронда шуд. Ин омилҳо ба нарху навои чорво дар бозорҳо таъсири худро расонд. 

Нархи гови ширдеҳу гӯсолаҳо нисбати соли гузашта 4000-5000 сомонӣ арзон шуд. Агар 1 адад (пресс)-и пахоли гандуми соли гузашта дар бозори ш. Истаравшан 10-15 сомонӣ буд, имсол 20-30 сомонӣ шудааст. Дар замони советӣ дар ин гуна мавридҳо аз ҷануби кишвар ба шимол ё худ аз ФР ба тариқи роҳи оҳан алафҳои гуногуни хушк ворид мешуд. Имрӯз ҳам мошинҳо аз ноҳияҳои  вилояти Хатлон ба Суғд алаф оварда истодаанд, азбаски ба 1 баста алаф 10 сомонӣ шуд, 1 кг кунҷора низ то 5-5,50 сомонӣ баромад….

Ҷумабой Яҳёев, н.Деваштич

саҳ 18 аз 156

Китобҳо

Flag Counter