ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Апр 02 2020

  Айни замон тамоми биноҳо, утоқҳои кории ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ, кӯчаю хиёбонҳо, хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, ошхонаҳо, муассисаҳои динӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ дар н.Кушониён аз тарафи мутахассисон пурра бо маҳлули «Гиперхлорид» безарар гардонида шуда истодаанд. 

   Тавре дар сӯҳбат бо мухбири СССР Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи мазкур иброз дошт, ин амал дар асоси супориши Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон оид ба гузаронидани чорабиниҳои дезинфексионӣ, ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз тарафи кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия ва Маркази мубориза бо бемориҳои тропикӣ ва шуъбаи дезинфексияи профилактикӣ гузаронида шуда, ин тадбирҳо баҳри саломатии аҳолӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ равона гаштаанд.

   Дар ноҳия аз тарафи масъулин корҳои фаҳмондадиҳӣ, тақсимоти буклетҳо, маводҳои чопӣ оид ба пешгирии бемории сироятӣ ва безараргардонӣ бо маром идома дорад.

 

Баҳодури Абдусалом, СССР, Хатлон

 

Панҷшанбе, Апр 02 2020

   Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  иттилоъ медиҳад, ки то ба имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

   Тибқи иттилои маркази матбуоти ин вазорат, аз 1  феврал то 2 апрели соли равон 6 ҳазору 272  нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардида буданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин  фаро гирифта шуданд. Имрӯз, 2.04.2020  2 ҳазору 359  нафар шаҳрвандон баъд аз 14 рӯзи дар карантин қарор доштан ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, 3 ҳазору 913 нафари дигар ҳоло таҳти назорати карантинӣ мебошанд. 

 

Чоршанбе, Апр 01 2020

   27.03.2020 телефони боварии Маркази иттилоотии зиддибӯҳронии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ ва назорати сирояти Covid-19 таҳти рақами 511 фаъол гардид.

   Шаҳрвандон метавонанд вобаста ба масъалаҳои коронавирус ба рақами мазкур занг зада, посухи саволҳои хешро бигиранд. Телефони мазкур 24 соат фаъол мебошад.

 

 

Чоршанбе, Апр 01 2020

   Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  ҶТ аз 1 феврал то 30 марти соли равон 6159 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.

   Тавре маркази матбуоти ин вазорат хабар медиҳад, аз ин шумора то санаи зикргардида 2146 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 4013  нафарашон дар  беморхонаҳои сироятии мамлакат  дар карантин қарор доранд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  то имрӯз, 30 марти соли равон дар кишвар ягон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

 

 

Душанбе, Март 30 2020

 

Бо супориши редаксия ҳафтаи гузашта барои кандани дандон ба якчанд стоматологияҳои ш.Душанберо равона шудам. Қаблан аз бархе дӯстону ҳамкурсон пурсидам, ки барои муолиҷа ва кандани дандон ба кадом стамотологияҳо муроҷмиат мекунанду мераванд. Маълум гардид, ки сокинону меҳмони пойтахт бештар ба  Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷоғу рӯй”-и ш. Душанбе(1-ум Советский) муроҷиат менамудаанд.  Аз ин рӯ мо хостем ба ин муассиса назар карда, сатҳи хизматрасониро дар ин даргоҳи тиббӣ бубинем. 

Нархи ягона

Ҳангоми даромад ба ин муассиса посбоне бо ниқоби сафед назди дар истода, ҳамаи беморонро ба қайд мегирифт. Ман низ худро ба қайд гирифта, назди духтуре даромадам ва дар кадом вазъият будани дандонамро гуфтам. Духтури ҷавон дандонҳои маро аз назар гузаронда гуфт, ки бояд рентген кунем то ин ки сабаби дард карданашро муайян намоем. Сипас аз рӯйи натиҷаи рентген табобати дандони ман оғоз гардид. Ин духтури ҷавон хело нозукона ва бодиққат кор мекард Анвар Шерхонов ном дошта, донишгоҳи тиббии Украинаро хатм намудаву нав ба кор шӯруъ кардааст. Мавриди зикр аст, ҳаққи хизмат барои тоза кардани дандонҳо пеш аз пломба задан бо ҳисоби ҳама таҷҳизотҳои якбор истифодашаванда 47 сомонӣ ва нархи пломбаи оддӣ 107 сомониро ташкил медиҳад. 

 

Ҳама чӣ зери назар!

Ҳама кормандон бо ниқобҳои тиббӣ дар роҳравҳо мегаштанд. Барои боз ҳам дақиқтар намудан аз шароит ва муомилаи дигар духтурони клиникаи мазкур ба якчанд палатаҳо бо ҳар баҳонае даромадем ва бори бигар бовари ҳосил намудем, ки ҳама тоза ва таҷҳизотҳои наву замонави барои беморони дандон ва ҷоғу рӯй муҷаҳаз гардонида шудааст. 

Назди утоқи кории мудири клиника пур аз шаҳрвандон буд ва онҳо бо мушкилиҳои гуногун онҷо ҳозир шудаанд. Мудир ҳама шаҳрвандонро қабул намуда, дархосту муроҷиатҳои онҳоро ба назар мегирифт. Бо якчанд муроҷиаткунандаҳо ҳамсуҳбат шудем. Модаре бо кӯдакаш барои табобат омада буданду, аз муомилаи духтурон ва шароити клиника розӣ. Қосимов Маҳмадулло, мудири ин даргоҳи шифо ҳамаи шаҳрвандони наздашон даромадаро шахсан гусел намуда, маро низ ҳамчун бемор қабул намуд. Нахуст шуда диққати моро дар дар утоқи кории роҳбарият ин монитори калони насбшуда ҷалб намуд. Дар экран ҳама роҳравҳои калидӣ ва якчанд ҳуҷраҳои хизматрасонии беморон аён буд. Аз ин бар меояд, ки роҳбарият кори ҳамаро хуб назорат мекунад ва мебинад, ки духтурон бо беморон чӣ гуна муносибат доранд. 

 

Имтиёзҳои клиника

Дар сӯҳбат бо мо Маҳмудулло Қосимов гуфт, ки ба ин Пажуҳишгоҳ беморон аз тамоми гӯшаву канори кишвар меоянд.

   -Баъзан вақт ман хело рӯҳафтода аз он мешавам, шаҳрвандон имконияти табобат кардани дандонро надоранд. Масалан, ҳозир пеш аз шумо даромадан якчанд нафари дигар аз н.Айнӣ омада, гуфтанд, ки мо он маблағе, ки ба муолиҷаи дандон лозим аст, надорем. Дар муассисаи мо духтурони донишманд ва ботаҷриба кор мекунанд. Ҳамарӯза талаботҳои гигиению санитариро хуб назорат мекунем. Аз он рӯзе, ки хатари коронавирус тамоми дунёро фаро гирифтааст мо ҳар рӯз роҳравҳоро чанд маротибаи бо хлор ва дигар маҳлулҳо тоза мекунем. Кӯдаконӣ то 1 сола, калонсолони аз 80 боло, иштирокчиёни ҷанги Афғонистону Чернобил, ятими яктарафа ва гурезаҳоро клиникаи мо ройгон табобат мекунад. Ҳамзамон дар хуҷраи ёрии таъҷилӣ-5120 бемор ба маблағи 148480 сомонӣ хизматрасонии стоматологии ройгон расонида шуд, ки маблағи умумии он 265.578 сомониро ташкил медиҳад, - иброз медорад Маҳмадулло Қосимов.

Дар баробари фаъол будани шӯъбаҳои клиника боз шӯъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй фаъолона кор карда, дар давоми соли 2019 бо маблағи 8052 сомонӣ 19 нафарро ройгон ҷарроҳӣ намудаанд.  Хулас, то ҷое ки дастамон мерасад ба ҳамаи беморон кӯмак мерасонем, зеро ин вазифаи ҳар як табиб аст”- мегӯяд директори Муасисаи давлатии пажуҳишгоҳии “илмию клиникии стоматология ва ҷоғу рӯй” номзади илмҳои тиб Маҳмадулло Қосимов. 

 

Шералӣ Давлатов, СССР

 

Панҷшанбе, Март 19 2020

   Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат дар робита ба ҷорӣ гардидани маҳдудияти вуруд ба Федератсияи Россия ва қатъ гардидани парвозҳо дар баъзе хатсайрҳо хабар медиҳад, ки бо мақсади  пешгирии паҳншавии бемории коронавируси нав-СOVID-19 Ҳукумати Федератсияи Россия қарор қабул намуд, ки аз 18 марти соли 2020 то 1 майи соли 2020 вуруди шаҳрвандони кишварҳои хориҷиро ба ҳудуди худ муваққатан манъ намояд.

Гуфта мешавад, ки маҳдудияти мазкур нисбат ба ронандагони автомобилҳои боркаш, сарнишинони ҳавопаймову қатораҳо, шахсоне, ки аз гузаргоҳҳои транзитии фурудгоҳҳои Федератсияи Россия мегузаранд ва ё ба Федератсияи Россия вобаста ба вафоти хешу табори наздик сафар менамоянд, татбиқ намегардад.

Дар асоси қарори қабулгардидаи Ҳукумати Федератсияи Россия, вуруди мусофирон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Россия сафар менамоянд, муваққатан манъ карда шудааст. Ин амал ба он оварда расонидааст, ки шумораи мусофироне, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия тариқи нақлиёти ҳавоӣ бояд сафар мекарданд, кам гардида, ба ин васила ширкатҳои ҳавопаймоии ҷонибҳо як қисми парвозҳои хатсайрҳои худро муваққатан қатъ карданд. 

Дар робита ба ин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд чиптаҳои ҳавопаймоии худро, ки қаблан дастрас намудаанд, ба муҳлати дертар аз 1 майи соли 2020 иваз намоянд, ё ин ки метавонанд аз нуқтаҳои чиптафурӯшӣ, ки чиптаҳои ҳавопаймоиро дастрас намудаанд, маблағи пардохтнамудаи худро бозпас гиранд.

Дар сурати пайдо шудани саволҳои иловагӣ ё мушкилот шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои 222-22-36, 222-22-39, 222-22-35, 222-22-43 бо мутахассисони Агентии авиатсияи гражданӣ дар тамос шаванд.

 

 

 

 

саҳ 4 аз 124

Китобҳо

Flag Counter