ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июл 10 2019

    Саидпошо Қаҳҳорова, сокини 86-солаи ш.Бохтар тасмим гирифтааст ба ҷойи сафари Ҳаҷ яке аз кӯчаҳои шаҳрашро таъмир намояд. Айни ҳол дар к.Абдусалом Қаҳҳорови маҳаллаи Сарчашмаи ш.Бохтар бо ташаббуси ин зан 1,5 км роҳ таъмир шуда истодааст. 

   Мавсуф 1 маротиба зиёрати хонаи Худоро дошт ва маротибаи дуюм фарзандон барои сафари Ҳаҷ барояш маблағи муайяне омода намуданд. Саидпошо Қаҳҳорова бо дастгирӣ аз сиёсати хирадмандона ва роҳнамоиҳои Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифт, ки маблағи сафари Ҳаҷро дар таъмири роҳи ҷойи истиқоматаш харҷ намояд. Ин тасмими модарро фарзандон дастгирӣ карда, алакай дар ин росто кор шурӯъ шудааст. Дар оғози кори нек масъулини ҳукумати шаҳр барои ин амали хайр аз номи раиси ш. Бохтар Исмоилзода Абдуаллим ба пиразани накӯкор изҳори миннатдорӣ карданд.

 

Баҳодури Абдусалом, СССР, вилояти Хатлон

 

Ҷумъа, Июл 05 2019

 

    Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст ба зарардидагони офатҳои табиӣ, аз ҷумла обхезӣ ва селҳои пайдарпай, ки дар аввали моҳи июни соли ҷорӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба амал омаданд, кӯмаки башардӯстона ирсол намояд. Кӯмаки бевоситаи Иттиҳоди Аврупо, ки маблағи 70 ҳазор евроро ташкил медиҳад, ба 2750 шахсони бештар зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Суғду Хатлон расонида мешавад.

   Чуноне ки ба мухбири мо дар намояндагии ИА дар Тоҷикистон хабар доданд, кӯмаки фаврӣ аз ашёҳои таомпазӣ ва асбобҳои маишӣ, ашёи омода намудани хӯрок, кӯрпача, кампал, рахти хоб, сатил ва тентҳои пластикӣ иборат аст. Ғайр аз ин, ба оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра хароб шудааст ва ё зарари ҷиддӣ дидаанд, кӯмакпулии бебозгашт пардохт гардида, ин амал имкон медиҳад то онҳо талаботҳои зарурии хешро қонеъ намоянд.

   

 

Панҷшанбе, Июн 20 2019

   Сар аз 15.06.2019 ҳар 1 сайёҳе, ки ба Тоҷикистон меояд, аз ширкати Tcell барои 10 рӯз SIM-корти сайёҳии ройгон ва бе бақайдгирӣ мегирад. Чунин созишнома аз ҷониби милитсияи сайёҳии Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД ҶТ  ва оператори телекоммуникатсионии Tcell ба даст оварда шуд. 

   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, SIM-корт ба ҳамаи сайёҳони болиғ дар шуъбаи милитсияи сайёҳӣ, дар Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе ва дар ҳамаи нуқтаҳои наздисарҳадӣ дода мешавад, инчунин барои гирифтани SIM-корти сайёҳӣ ба идораи милитсияи сайёҳӣ муроҷиат кардан мумкин аст. Ҳамчунин сайёҳон метавонанд пеш аз омадан ба кишвар тавассути ширкатҳои сайёҳӣ барои гирифтани SIM-корт ба милитсияи сайёҳӣ ариза фиристанд. Дар тавозуни ҳар 1 корт 100 дақиқа вақт барои зангҳои телефонӣ ва 100 мегабайт интернет барои истифода дар давоми 10 рӯз мавҷуд аст. Ҳамчунин соҳибони чунин кортҳои сайёҳӣ метавонанд пурра ройгон ба телефони милитсияи сайёҳӣ занг зананд. 

   Гуфта мешавад, ки операторҳои маркази дархостӣ ба сайёҳон бо якчанд забонҳои хориҷӣ маълумот медиҳанд: русӣ, англисӣ, чинӣ ва ғ. Илова бар ин, соҳибони SIM-кортҳои сайёҳӣ ба SMS-огоҳонии чорабиниҳои асосии фарҳангӣ ё ҳолатҳои рафънопазир, офатҳои табиӣ дар кишвар пайваст карда шудаанд, ки дар бораи рӯйдодҳои охирин дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. 

   Барои гирифтани SIM-корти сайёҳӣ, шаҳрвандони хориҷӣ бояд шиноснома ва раводиди электрониро пешниҳод кунанд (агар SIM-корт пешакӣ дархост карда шавад). Рақами телефони милитсияи сайёҳӣ дар назди Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: 770 55 55 55

 

Сешанбе, Июн 18 2019

   Беш аз 100 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ш.Бохтар бо роҳбарии ноиби ректор Муҳаммад Шодиён рӯзи шанбеи гузашта ба деҳаи «Меҳнатобод»-и ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи н.Хуросон рафта, барои ба тартиб овардани хонаҳои аз боронҳои шадиду сел зарардида, кӯмак намуданд. 

   Бояд гуфт, ки шаби 2 ба 3 июни соли ҷорӣ дар натиҷаи боронҳои шадид ва омадани сел ба ин деҳа беш аз 200 хона зарар дида, заминҳои ёрирасон низ қисман хароб гаштанд.

 

  Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

 

Душанбе, Июн 17 2019

   Рузи 15.06.2019 хонум Эмине Эрдуғон, ҳамсари президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон дар ифтитоҳи Маркази тавонбахшии маъбон дар «Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии «Шифобахш» дар ш. Душанбе ширкат намуд. Хонум Эмине Эрдуғонро Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолӣ ва Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии кишвар ҳамроҳӣ намуданд.

   Бояд қайд намуд, ки маркази мазкур аз тарафи Сарраёсати Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) бунёд гардида, сохтмони он соли 2018 пас аз ба имзо расидани протокол миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва Сарраёсати Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА)  дар давоми 1 сол идома ёфта, айни замон мавриди истифода қарор гирифт. 

Дар ин маркази замонавӣ физиотерапевтҳо ва эрготерапевтҳои касбӣ, ки дар самти тавонбахшии маъюбон дар хориҷи кишвар таълим гирифтаанд, ба кор ҷалб карда мешаванд.

 

Ҷумъа, Июн 14 2019

   Дар рӯзҳои баргузории ҷаласаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки рӯзҳои 15-16 июни соли ҷорӣ пойтахти кишварамон-ш.Душанбе баргузор мегардад, бозори «Корвон»у маркази савдои «Садбарг» ва дигар мағозаву марказҳои савдое, ки бо фурӯши сарулибосу ашё сарукор доранд, баста мешаванд.

   Чуноне ки ба мухбири мо дар ҳукумати ш.Душанбе хабар доданд, фаъолияти бозорҳои хӯрока, амсоли «Саховат»-у «Деҳқон» ва «Меҳргон» тибқи реҷаи муқаррарӣ сурат гирифта, ба хотири ғановати дастархони сокинон ин бозорҳо кор мекунанд.

   

 

саҳ 7 аз 111

Китобҳо

Flag Counter