Душанбе, Май 07 2018


Борони сел ва шамоли сахт дирӯз дар н.Вахш боиси ҷон додани 2 кӯдаки наврас ва хароб шудани 7 хонаи истиқоматӣ гашт.
Абдуллозода Саидбек, муовини раиси н.Вахш дар сӯҳбат бо мухбири СССР ин хабарро тасдиқ карда гуфт, ки дирӯз 6.05.2018 дар деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти «20 солагии Истиқлолият» боришоти зиёди борон ба сел мубадал гашта, ба 7 хона осеб расониду афтодани дарахти калон ҷони 2 кӯдаки наврасро бурд. Ин кӯдакон, ки бо чаронидани чорво машғул буданд, фориғ аз нигоҳубини чорво дар қубури обгузари калон оббозӣ мекарданд, ки ба болояшон дарахти калон меафтад. Маҳмадалӣ Саидбеков ва Рустам Давлатов зери дарахт монда, ҷон аз даст медиҳанд. Навраси 3-юм дар беморхона дар ҳолати вазнин қарор дорад.
Айни замон тамоми масъулини мақомоту сохторҳои марбутаи кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.

Баҳодур Уроқов, СССР, в.Хатлон

Душанбе, Май 07 2018


 Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ҳамкорӣ бо Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид, ки рӯзи 29-уми моҳи шаъбон, мутобиқ ба 15-уми майи соли 2018 соати 1648рӯйдоди ҳодисаи “Моҳи нав” рух медиҳад, ки дар ин вақт имкон надорад, то дар уфуқ моҳ мушоҳида шавад. Аз ин лиҳоз, моҳи шаъбон 30 рӯз ҳисобида шуда, 16-уми май ба анҷом мерасад ва 17-уми май рӯзи аввали моҳи шарифи рамазон фаро мерасад.
 Дар ин бора сомонаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ итилло мерасонад.

Чоршанбе, Май 02 2018


   Дар арафаи Рӯзи Ғалаба 9 май шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст барои ҳавасмандгардонии иштирокчиёни ҶБВ аз ҳисоби фонди захиравии Раиси ш.Душанбе 720 ҳазору 300 сомонӣ ҷудо намояд.
   Бино ба итиллои расида, Рустами Эмомалӣ дар робита ба ин иқдом қарори лозимаро имзо намуда, дастур додааст, ки кӯмаки яквақтаинаи молӣ ба ҳар 1 нафар то 4.05.2018 бурда расонида шавад. Дар асоси қарори мазкур ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ-и солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони ҷанговарони дар ҶБВ ҳалокгардида ба ҳар кадоме 1500 сомонӣ кумаки якдафъаина расонида мешавад. Инчунин ба шахсони дар давраи ҶБВ дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ҳарбӣ сарфарозгардида, шахсони дар давраи ҶБВ дар ақибгоҳ коркарда, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба андозаи 800 кумаки молиявӣ аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе расонида мешавад.


Ҷумъа, Апр 27 2018


   Депутатҳои думаи вилоятии Маскав бо ворид намудани тағийроту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои мусофирони фурудгоҳҳои вилоят, аз ҷумла «Домодедово», «Шереметево» ва «Жуковский» 1 қатор қоидаҳои навро пешбинӣ намуданд. Минбаъд барои мусофирон хобидан дар болои курсиҳои дохили бинои аэровокзал, нишастан дар рӯи фаршу дастаки курсиҳо манъ аст. Барои вайрон намудани ин талаботи нав ҷарима дар ҳадди 100 рубли русӣ муайан шудааст.
   Бино ба итиллои хабаргузориҳои русӣ, ҳамчунин ҷарима онҳоеро интизор аст, ки сумкаҳои хешро дар рӯи курсиҳои толори интизорӣ ё эскалатор мегузоранд. Давидан дар болои эскалатор, дар дохили бинои аэровокзал гаштугузор бо ролликҳо, велосипед, моносикл ва гироскутер низ манъ карда шудааст. Барои шунидани мусиқӣ ва радио бе гӯшмонакҳои махсус, ворид шудан ба дохили аэровокзал бо либоси бадбӯй ва ифлос низ дигар мумкин нест.
«-Аз фурудгоҳ меҳмонхона сохтан лозим нест ва онро бояд тозаву озода ва бо тартиб нигоҳ дошт!»-чунин гуфтаанд депутатҳои маскавӣ зимни қабули тағийротҳои нав.




Ҷумъа, Апр 27 2018


 Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст аз 1.05.2018 фаъолияти микроавтобусҳои «Старекс»-ро дар пойтахт қатъ науда, ба ҷойи онҳо автобусҳои навро вориди хатсайрҳо намояд.
   То ба имрӯз «Старекс»-ҳое, ки дар хатсайрҳои №№13, 25, 28, 8 ва 2 фаъолият мекарданд, аз хатсайр берун карда шуданд. Ба роҳбарони ширкатҳои нақлиётӣ ва ронандагони «Старекс»-ҳо тавсия шудааст, ки дар хатсайрҳои беруназшаҳрӣ фаъолияти хешро идома бидиҳанд.
   Чуноне ки ба мухбири СССР дар МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» итиллоъ доданд, барои фаъолияти минбаъда дар хатсайрҳои зикршуда ҳукумати ш.Душанбе 100 адад автобусҳои нав харидорӣ намуда, шурӯъ аз 1.05.2018 онҳоро дар хати сайрҳо истифода хоҳад бурд.

Душанбе, Апр 23 2018


Абдуалим Исмоилзода, раиси ш.Бохтар 22 апрелро дар ин шаҳр Рӯзи ятимони кулл эълон намуд. Дар ин рӯз Абдуалим Исмоилзода 17 нафар ятимони куллро ба ҳузураш даъват намуда, дар баробари оростани дастархони идона ва ташкили сайругашт ба ҳар яки онҳо ба андозаи 500 сомонӣ кӯмаки молӣ намуд.
Раис ш.Бохтар зимни мулоқоти хеш бо кӯдакон қайд намуд, ки ба номи хар яки онҳо дар бонки давлатии «Амонатбонк» суратҳисоби махсус боз карда шуда, ала-кай маблағи муайане дар ин суратҳисобҳо гузошта шудааст. Кӯдакон дар оянда метавонанд аз ин суратҳисоб ба хотири пешбурди зиндагӣ ва таҳсил истифода бу-баранд.

Баҳодур Уроқов, СССР, мухбири минтақавӣ дар в.Хатлон



саҳ 85 аз 156
Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase