ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Июн 12 2020

    То соати 18:00 дақиқаи 11.06.2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4834 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то ба имруз дар мамлакат 3062 (63,3%) нафар шифо ёфтаанд. 

   Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар медиҳад, ки то 11 июни соли равон дар мамлакат 887 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар 1 шабонарӯзи охир 115 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Шумораи фавтидагон бошад то ин дам 49 нафарро ташкил менамояд.

 

 

 

 

Чоршанбе, Июн 10 2020

(Human story)

28.05.2020. Соат ба вақти Душанбе 12:48 дақиқа. Барои аспсаворӣ ба н. Хуросон сафар кардем. Ҳавои салқину гуворо ва тару тоза, насими гулу гиёҳи атромез рӯҳу равонро оромӣ бахшида, ба вежа дар ин рӯзҳои худкарантинӣ ба кас тавоноӣ мебахшид. Дар деҳаи Ғаллаобод аспсаворонро дида шод гаштем, чун мо тасмим гирифта будем, ки ҳатман савори асп мешавем. Вале ҳайрати мо канора надошт, чун соҳиби асп гуфт, бар ивази миллион сомонӣ низ моро савор намекунад. Зеро-афзуд ӯ-дар ин гармои тоқатфарсо, ситам бар аспи безабон нахоҳад кард. Мо маҷбур шудем, ки барои саворӣ то поин шудани шиддати гармо сабр кунем. Мо метавонем!

Ба 1 мард 20 асп кам аст!

28.05.2020. Соат ба вақти Душанбе 17:48 дақиқа. Бо ҷавонмарди ҷасури аспбоз, ки худро  Қурбонов Давлтмурод Бобомуродович муаррифӣ кард, суҳбати хотирмоне намудем. Ӯ гуфт, “20 сол мешавад бо аспон сару кор дорам ва ҳоло соҳиби 24 асп ҳастам. Аспон моли хусурбурда, додарарӯсам мебошанду мо ман галабон. Шахсе, ки дар деҳот зиндагӣ мекунад, заҳматҳои маро мефаҳмад. Галлабонӣ подабонӣ нест! Малакаи махсус талаб мекунад. Зеро ҳар асп шахсият аст, диду назар ва хислати вежаи худро дорад!”.

Даромад аз асп

Давлатмурод Қурбонов афзуд, ки аз рӯи аспсавории туристон ва меҳмонон касби маоши рӯзгор мекунад: “Рӯзҳои шанбе ва якшанбе 4 аспи боқуватро аз он тарафи кӯҳ ба инҷо меоварам. 1 соат аспсаворӣ 150-200 сомонист. Дар айни мавсими аспсаворӣ, ки ба мавсими хочу гулу гиёҳу баҳор рост меояд, рӯзе то 700-800 сомонӣ даромад дорем. Бо ин маблағ ҳам харҷи рӯзгор, ҳам ҷаву коҳи аспон ва низ ғизои хонаводаро фароҳам меорем. Яъне  рӯзгори худро таввасути аспдавонӣ ба пеш мебарам. 

Аспи хонагӣ ва адирӣ

Ба гуфтаи қаҳрамони репорти мо, аспе, ки дар хона ва барои саворӣ тарбият мегирад дигар асту аспи човандозӣ дигар ва аспони адирӣ, ки барои насланд тамоман чизи дигар. Ӯ гуфт: “ин асбҳоро ман дар хона худам нигоҳу бин менамоям ва фоидаи хуберо ба даст меорам. Аспҳои  хонагӣ танҳо дар хона парвариш мешванд. Онҳо танҳо коҳ, алаф, ҷав, юнучқа истеъмол менамоянд. Аспҳои хонагӣ ва дастомуз аз одамон дида бомеҳртаранд. Инро аз таҷруба мегӯям. Зеро аз қадим то ҳол авлоди мо ба аспбонӣ машғул аст. Дар муддати тӯлонӣ, аспҳо аз ҷумлаи муҳимтарин ҳайвоноти хонагӣ барои одамон буданд, аммо аҳамияти онҳо аз сабаби рушди механизатсия коҳиш ёфтааст. Қариб дар ҳама кишварҳо зотҳои зиёди аспони хонагӣ маълуму машҳуранд.  

Аспони сухангӯ

-Ман аз парвариши аспон роҳат мебарам-мегӯяд амаки Давлатмурод- вақте ки ман ба чашмони аспони худ назар менамоям баҳри дилам кушода мешавад. Ҳар саҳар аввал ба аспонам ҷав медиҳам, баъд худам наҳор мехӯрам. Ман забони аспонро мефаҳмам. 

- Забони аспонро мефаҳмед? Магар асп забон дорад???

- Чаро не? Забони аспон бисёр забою ғанӣ, нарм ва шевост. Мо фикр дорем, ки танҳо одамон гап мезананд. Вале асп низ бо соҳибаш сухан мекунад ва ҳар шаб то саҳар пеши Худо зикр менамояд ва саломатии соҳибашро дуо мекунад! Нафаре асп дорад, ҳамеша солим аст. Зеро аспаш ҳар шаб дар ҳаққаш дуо мекунад!

Деҳотиён бузургтар аз моянд

28.05.2020. Соат ба вақти Душанбе 18:17 дақиқа. Бори дуввум аст, дар тӯли моҳи ахир ба деҳа меравам ва бо чашми сар мебинам, ки қишлоқиҳо дар нисбат ба мо-шаҳриён бузургтаранд, одамитаранд, меҳнату меҳмондӯстанд, бо обилаи даст нони худро ҳалол меёбанд. Вақте ману бародарам аспи Саманди Давлатмурод Қурбоновро, пас аз салқинии ҳаво, зин задаву савор шудем, дидам, ки ӯ бо чашмони дурахшон ба бодпои худ менигарист. Асп низ сӯяш нигоҳ дошт. Галабон ба гӯши асп хам шуда, бо меҳр гуфт:

 -Инҳо шаҳриянд, наафтонишон-а, эҳтиёт кун...

Асп гӯё ӯро шунид, дарк намуд ва ба мулоиматӣ ҳаракат карда, шиҳае заду чароғпоя шуд ва моро ба домани кӯҳсор кашид. Мо метавонем!

Омиронаи Сайёф 

Махсус барои СССР

 

Панҷшанбе, Июн 04 2020

   Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ аз паҳншавии  сирояти коронавируси COVID-19 дар ҶТ, ки ба он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода роҳбарӣ мекунад,  имрӯз ба аҳолии  кишвар дар мавриди пӯшидани ниқоб ва фосила гирифтан аз ҳамдигар Муроҷиатнома паҳн кардааст.

   Дар муроҷиатнома  чунин омадааст:  

   «Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба маълумоти сокинони мамлакат мерасонад, ки дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ хуруҷ карда,  ҳукуматдорони ин давлатҳоро барои тадбирандешиҳои иловагӣ дар мубориза бар зидди ин беморӣ водор сохтааст. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии  Халқии  Хитой,  Ҷумҳурии  ӯзбекистон, Арманистон, Олмону Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо баъди коҳиш ёфтани сатҳи гирифторшавии аҳолӣ ба ин беморӣ бинобар риоя нагардидани қоидаҳои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ, хусусан риоя нагардидани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷаъмиятӣ, инчунин бе ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ гаштугузор намудани одамон аллакай паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 бештар гардидааст.

Бо назардошти ин, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тамоми шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки  қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷаъмиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар  ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ  аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ  фосилаи  байни  ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ доранд».

   Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва  пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар ҶТ ҳамчунин  аз тамоми  сокинони  мамлакат, ки аз минтақаҳо ва  шаҳру  ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ ба ш.Душанбе меоянд, даъват ба амал меорад, ки  бе зарурат ба пойтахти мамлакат сафар накунанд  ва дар акси ҳол аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ҳатмӣ истифода намуда, қоидаҳои  гигиенаи  шахсию ҷамъиятӣ ва қоидаҳои фосилаи иҷтимоиро қатъиян риоя намоянд.

    Ҳамчунин Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тамоми сокинони мамлакат бори дигар даъват ба амал меоварад, ки аз гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳо, ҷашну маросим ва маъракаҳои хурсандиву азодорӣ то ба эътидол омадани вазъияти эпидемиявӣ худдорӣ намоянд.

    Дар сурати иҷро нагардидани талабот ва қоидаҳои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19  дар  мамлакат  нисбате  нафароне,  ки  ин  қоидаву  тартиботро иҷро намекунанд, чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

 

Панҷшанбе, Июн 04 2020

   То соати 17:30 дақиқаи 3 июн дар кишвар 4191 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2347 (56%) нафар шифо ёфтаанд. Шумораи фавтидагон аз ин беморӣ бошад то ба имрӯз 48 нафарро ташкил менамояд. 

    Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ то шоми 3 июни соли равон дар мамлакат 1463 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар 1 шабонарӯзи охир 321 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

 

 

Чоршанбе, Июн 03 2020

Мутахассисони тиб тавсия медиҳанд, ки дар ҳамин шабу рӯзи хуруҷи бемории сироятии COVID-19 шаҳрвандон аз истеъмоли ғизои ранги сурхдор ва ба бар кардани сарулибоси сурх худдорӣ намоянд. 

Алихон Нуралиев, собиқ сардухтури беморхонаи марказии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов дар сӯҳбати махсус ба мухбири СССР дар вилояти Хатлон гуфт, ки сокинон аз хӯрдани меваю сабзавот ва маводи ғизоии сурхранг ва пӯшидану ба бар кардани сарулибоси сурх, хосса ниқобҳои сурх худдорӣ намоянд. 

- Гарчанде, ки корона худ микроби сироятии ранги сурх дошта аст, ӯ бештар ба рангҳои сурх, яъне маводи ғизоӣ ва сару либоси ҳамрангаш таваҷҷӯҳ мекунад. Барои пешгирии ин вабои аср ба ҳама сокинон тавсия медиҳам, ки ниқоб ва сару либоси сурхро ба бар накунанд ва аз меваю сабзавоти сурх, яъне олуча, олу, помидор, қулфинай-клубника ва он чизе ба сурх монанд аст, то аз байн рафтани ин беморӣ умуман нахӯранд ва истифода набаранд. 

-Аксарияти сокинон, ки ба ин бемори сироят меёбанд, бештар дар ҷойи серодам мегарданд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии ҶТ шоми рӯзи 24.05.2020 хабар дод, ки шумораи беморони гирифтори коронавирус ба 3000 расидааст, ки аксарият сокини шаҳрҳоянд. Эҳтимолан 2-3 % онҳо аз деҳотанду сину соли онҳо аз 60 боло ва бемориҳои гуногун ба мисли қанд, қалб ва асаб доранд. Бигзор дар деҳот кӯдакон ва наврасон дар ҳавои гарми сояи дарахтон тӯли 30-40 дақиқа ба бозӣ машғул шаванд, чунки ин микроби сироятӣ ба ҳавои гарм ва нурҳои офтоб мутобиқ нест. Бо боварии калон метавон гуфт, ки 50% аз ин ваборо ҳавои гарми Тоҷикистон мағлуб хоҳад кард, - таъкид медорад доктор Алихон Нуралиев.

Баҳодури Абдусалом, СССР

 

Панҷшанбе, Май 28 2020

   То шоми рӯзи 27.05.2020 дар кишвар 3424 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин беморӣ то ба ҳол дар ҷумҳурӣ 1575 нафар шифо ёфтаанд. Шабонарӯзи гузашта ягон нафар аз ин беморӣ вафот накардааст.

   Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, то 27 майи соли равон дар мамлакат 2501 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар 1 шабонарӯзи охир 385 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд. Шумораи фавтидагон дар кишвар то ба имрӯз 47 нафарро ташкил медиҳад. 

 

саҳ 5 аз 128

Китобҳо

Flag Counter