ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Май 27 2020

Фахриддин Ганҷов, сокини деҳаи Оби-сангбури н.Файзобод ва ҳамзамон имоми масҷиди деҳаи мазкур вобаста ба нашри шикояти сокини ҳамин деҳа Нуралӣ Қурбонов, ки ҳафтае қабл дар газета рӯи чоп омада буду мавсуф аз ғасби чарогоҳ шикоят мекард, изҳори нигаронӣ намуд.

-Соли 2014 аз тарафи хоҷагии ҷангали н.Файзобод 101 га заминро, ки ба хоҷагии ҷангал маҳсуб ва ба деҳаи Оби-сангбур вобаста гардида буд, ба Нуралӣ Қурбонов тариқи шартнома доданд. Бо гузашти вақт эшон бо ин қаноат накарда, боз 200 га замини чарогоҳи деҳаро низ иҷборӣ аз худ карду ба муроҷиати сокинони деҳа, ки ӯро аз ин кораш огоҳ намуданд, беэътиноӣ намуд. Идораи хоҷагии ҷангал, Кумитаи замини ноҳия ва ҳатто раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода низ сари замин рафта, исбот намуданд, ки номбурда ин заминҳоро худсарона ғасб карда, дигар ба мардум доданӣ нест. Мардум ҳиссаи худро талаб доранду Нуралӣ Қурбонов бошад саркашӣ карда, кораш фақат навис-навис. Чунин рафтори ӯро дида, хоҷагии ҷангал шартномаашро бекор кард, ки сабабаш огоҳӣ ва санадҳои бешумор буд, ки Қурбонов онҳоро иҷро ва риоя намекард. Бо интихоби дастаҷамъонаи сокинони деҳа 101 га замин ҳамчун шахси боваринок ва бо истифодаи оммавӣ ба ман супорида, ҳуҷҷат карда шуду ҳоло моли ҳама дар ҳамин чарогоҳ мечарад, дигар ягон мушкил дар инҷо нест! 

 

Панҷшанбе, Май 21 2020

Рӯзи гузашта, 20.05.2020 Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар ҶТ Коҳир Расулзода аз фаъолияти 1 қатор иншооти таъиноти соҳаи тандурустии кишвар дар пойтахт шинос шуданд.

Тавре дафтари матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад, Сарвари давлат дар ш.Душанбе аз шароити Беморхонаи муваққатӣ, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб”-и Кумитаи ҷавонон ва варзиш таъсис ёфтааст, оғоз гардида, гуфта мешавад, ки он дар 1 ҳафта созмон дода шуда, барои фаро гирифтани 350 нафар бемор пешбинӣ гардидааст.

Инчунин, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳо дар хобгоҳи нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба беморхонаи муваққатӣ табдил дода шудааст, шинос шуданд. Иншооти мазкур аз 12 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он тибқи дастури Пешвои миллат 650 кати хоб барои қабул ва табобати шахсони мубталои бемории нави сироятӣ ҷой дода мешавад.

Дар саҳни ҳавлии хобгоҳи ДМТ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди Беморхонаи шаҳрии касалиҳои сироятӣ дар маҳаллаи Гипроземи н.Синои пойтахт шинос шуданд. Беморхонаи мазкур бо ғунҷоиши 1500 кати хоб ба нақша гирифта шуда, дар марҳилаи авввал барои қабули то 640 бемор омода мегардад.

Пасон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода ба Гимназияи ҳарбии ба номи “Ворисони Куруши Кабир”-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ ташриф оварда, аз вазъи иншоот, ки ҳамчун беморхонаи сироятии муваққатӣ барои қабули беморон ташкил гардидааст, шинос шуданд. Дар беморхонаи сироятии муваққатӣ барои бистарӣ кардан ва ба муолиҷа фаро гирифтани маризон 16 ҳуҷра бо 110 кати хоб таъмин мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар беморхона 4 кати функсионалӣ,  10 кати муолиҷаи шиддатнок бо хати оксиген ва 18 адад кати эҳёгарӣ тайёр буда, 2 адад оксигенатор, 1 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 2 дастгоҳи балғамкашакии барқӣ ва 2 дастгоҳи дефибриллятор барои муолиҷаи беморон мавҷуд аст. Беморхонаи сироятии муваққатӣ дорои шуъбаи мардона бо 55 кат ва занона бо 37 кат буда, дар он ҳуҷраи безараргардонӣ низ бо таҷҳизоти зарурӣ фаъолият менамояд.

Баъдан, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода ҳамчунин аз беморхонаи сайёр, ки дар варзишгоҳи “Бофанда” ташкил шудааст, боздид намуданд.

Ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот дар ин муассисаи тандурустӣ, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат анҷом дода шуд, таҳти назорати бевоситаи Раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор дошт.

Дар асоси нишондоди лоиҳа, беморхона дар масоҳати 3600 метри мураббаъ сохта шуда, барои муолиҷаи гирифторони бемории сироятии коронавирус пешбинӣ шудааст. Беморхонаи сайёр бо муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз шуда, барои табибон ва беморон шароитҳои лозима фароҳам гардидааст. Ҳар як контейнер аз як ё ду ҳуҷраи хурд иборат мебошад, ки дар он барои табобат ва зист шароити лозима мавҷуд аст. Дар контейнерҳо вобаста ба ҳаҷмашон 4 ва 6 нафарӣ бемор ҷойгир хоҳанд шуд ва дар маҷмуъ имкон аст, ки 984 нафар ба табобат фаро гирифта шаванд.

Мавриди зикр аст, ки айни ҳол дар ш.Душанбе беш аз 30 беморхона бо 5 ҳазору 284 кат ва беш аз 5 ҳазору 390 нафар табиб ва кормандони соҳаи тиббӣ ба беморони гирифтори коронавирус хизмат мерасонанд.

 

 

Чоршанбе, Май 20 2020

Ҳавопаймои хатсайри махсуси ширкати «Тоҷик эйр», ки шоми 19.05.2020 ба фурудгоҳи «Домодедово»-и Маскав парвоз карда буд, субҳи имрӯз бо 213 мусофир ва 28 тобути шаҳрвандони тоҷик ба Душанбе баргашт.

Тавре Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад, тамоми мусофирон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пас аз ихроҷ-депортатсия дар боздоштгоҳҳои махсуси ин кишвар нигоҳ дошта мешуданду бо ибтикори сафорати ҶТ дар Россия ба рӯйхати ягона ворид карда, бо мусоидати сафорат барои парвоз ба Ватан роҳнамоӣ гардидаанд. Ҳамаи мусофирон пас аз бозгашт ба муддати 14 рӯз ба карантин фаро гирифта мешаванд.

Инчунин, бо ин парвоз инчунин маводди доруворӣ ва муҳофизатӣ бо шумули доруҳои зиддивирусӣ, ниқобҳои тиббӣ, дастпӯшҳо ва айнакҳои тиббӣ аз ҳисоби ҳамватанони саховатпешаи муқими Русия ба Тоҷикистон таҳвил дода шуд. 

 

 

Чоршанбе, Май 20 2020

Эй тоҷикони ориёинажоди озодаву шарафманду сарбаланду боғурур ва тоҷикистониёни азиз! Обу ҳаво, офтоб, гиёҳҳо, сабзавоту меваҳои ватанамон ҳамаашон табобативу шифобахшанд. Мо бояд шукрона намоем, ки чунин Ватани биҳиштосо дорем ва дар он зиндагонӣ менамоем. Аз ин вирусу бактерияву воҳимаҳо наҳаросед! 

Бузургтарин бало тарс ва ноумедист

Аксарияти ҳоло беморшудагон аз риоя накардани гигиенаи шахсӣ ва тарсу ҳарос, яъне бими марг (страх смерти) бемор шудаанд. Имрӯз дар тамоми расонаҳо фақат хабари негатив оиди коронавирус ин бемориро машҳур кардааст. Дар ковокии даҳон, бинӣ, бронхҳо, шушҳо ва рӯдаҳо дар ҳолати нормалӣ микробу вирусҳо ҳастанд, ки онҳо шартан зараровар (условно-патогенние микробы) мебошанд. Дар ҳолати тарс, ноумедӣ, шамолкашӣ, норасоии витаминҳо ва мондашавии ҷисм (аз меҳнати фикрӣ ва ҷисмонии зиёд) сатҳи иммунитет паст мешавад, дар ҳамин ҳолат микробу вирусҳои худи организм бо микробу вирусҳои аз берун дохилшуда якҷоя (ассосиатсия) шуда, сирояти дуюмро (вторычная инфекция) ба вуҷуд оварда, инсонро бемор месозанд. Масалан, пневмонияи шушҳо дар натиҷаи сирояти дуюм ба вуҷуд омадааст. 

Ниқоб - маска душмани саломатӣ

Ҳар вақте нафас мегирем ва нафас мебарорем 1 миқдори муайяни ҳаво дар шушҳо боқӣ мемонад. Нафаси мекашидаамон 21% оксигену нафаси мебаровардаамон 16% оксиген дорад. Дар ҳолати девор ё монеа (ниқоби тамизнашуда) будан барои нафаскашӣ, ҳавои омехта бо вирусу микробҳои зиёди худи организм, боз ба роҳи нафас баргашта, бемориҳои зиёдро ба вуҷуд меорад. Дар кӯҳу саҳро ва лаби дарё ниқоб умуман зарурият надорад. Истифодаи ниқоб дар ҳолате дуруст аст, ки агар ҳар 2 соат бо тамизшудааш иваз карда шавад. Дар акси ҳол ниқоби чиркин аҳолиро боз бемортар мегардонад. На ҳар оила қудрати иваз намудани ниқобро дорад. На ҳар пешниҳоди ташкилотҳои байналхалқии саломатӣ ба менталитети мардуми мо созгор аст. Норасоии оксиген – гипоксия ба тамоми ҷисм зарар оварда, ҳатто ҳуҷайраҳои мағзи сарро ба тағйиротҳои ҷуброннопазир меоварад. Нафаскашии дуруст аз ҳавои тоза, ханда, хайру саховат, ҷасорат, имони комил, хӯроки серғизо, меҳрубонӣ, меҳнати ҷисмонӣ дар ҳавои тоза, мусиқии дилчасп, пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек ва тозагии ҷисму рӯҳ тамоми бемориҳоро шифо мебахшад, ҳатто коронавируси “қаҳрамон”-ро! Зиёда аз 80%-и беморони мубталои коронавирус бемориро номаълум мегузаронанд. 16% дар сатҳи миёна, 4% - и боқимонда дар ҳолати табобат нагирифтан мумкин вазнинтар гузаронанд. Аз тамоми беморшудагон фавт на бештар аз 2% мебошад.

Аз Беларусия ибрат гирем!

Бояд мо ба мисли Ҷумҳурии Беларус ба карантини нарм гузарем ва зиндагӣ ба маҷрои муқарарӣ баргардад.  Мо тоҷикон бояд ҳамеша фахр дошта бошем, ки чунин фарзонафарзанди оламшумул – Сино дорем. Табибони олам омада, аз мо– ворисони Синои бузург таҷриба омӯзанд. Китоби “Ал-Қонун”-и А. Сино 500 сол китоби рӯимизии табибони аврупо буд. Символи тибб дар ҷаҳон аз ривояти ҷом ва мори Сино гирифта шудааст. Медитсина – мадади Сино мебошад. Худи Сино гуфтааст “Агар аз вабо натарсед, ӯ аз шумо мегурезад”.

Шаҳрвандони азиз! Аз мушкилиҳо наҳаросед, пушти сар мешавад, фақат нотарсу сарҷамъ ва бо сабру меҳрубон бошед! Мо бояд новобаста аз чи касбу вазифа доштан, беш аз ҳарвақта дар атрофи Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, боғайрату меҳнатдӯст бошем ва Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо намуда, ба ҳифзи Ватан ҳамеша омода бошем!!! Кори мо некисту ростӣ ва Худованд бо мост! Ва Мо Метавонем!

 

Рустам Шеров,

доктор ш. Панҷакент тел: 927299977

 

Ҷумъа, Май 01 2020

Соати 8-и субҳи имрӯз ҳавопаймои хатсайри махсуси ширкати «Сомон эйр» озими ш.Франкфурт лаби Майни Олмон шуд. 

   Гуфта мешавад, ки ин ҳавопаймо ҳангоми бозгашт кӯмаки башардӯстонаи Барномаи рушди СММ барои ҶТ, аз ҷумла таҷҳизоти тиббӣ барои муолиҷаи бемориҳои сил ва роҳи нафас, ваксинаҳои кӯдакона ва хилъатҳои махсус барои табибонро хоҳад овард.

   Инчунин, қарор аст бо ин парвози махсус шаҳрвандони ҶТ, ки дар Олмон ҳастанд, ба Ватан баргардонида шаванд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар саҳифаи худ хабар додааст, ки шаҳрвандони хоҳишманд барои парвоз ба Ватан метавонанд то соати 11-и имрӯз ба фурудгоҳи ш.Франкфурт лаби Майн ҳозир шаванд.

 

Ҷумъа, Май 01 2020

   Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ  аз паҳншавӣ ва интиқоли сирояти коронавирус ( CОVID-19) барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар аз худ  шудани барномаҳои таълимӣ аз 4-уми майи соли 2020 таътили тобистона эълон карда шуд. 

   Гуфта мешавад, ки имтиҳоноти тобистонаи ин донишҷуён аз рӯйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда мешавад. Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти интиҳоноти давлатии хатм то 15-уми майи соли 2020 пешбинӣ шудааст. 

   Ситоди ҷумҳуриявӣ  ҳамчунин бинобар ҳатмӣ будани истифодаи  ниқобҳои тиббӣ барои аҳолӣ қарори вижаро қабул кард.

 

саҳ 6 аз 128

Китобҳо

Flag Counter