ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Март 13 2020

   Бояд гуфт, ки то 12.03.2020 1594 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Эрон, Афғонистон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Италия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, ба  карантин фаро гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 1237 нафарашон ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон 357 нафари онҳо дар карантин қарор доранд.

   Дар робита ба пешгирӣ аз хуруҷи корнавирус Намояндагии барномаи USAID дар ҶТ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти  муҳофизати шахсӣ тақдим намуд. Маводи тақдимшуда аз ниқобҳо, дастпӯшакҳо ва хилъатҳо барои кормандони соҳаи тандурустӣ иборат буда, ҷиҳати фаъолият дар пешгирии сирояти коронавирус хеле муҳим мебошанд.

Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии кишвар хабар медиҳад, Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати номбурда ба Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, хусусан ба барномаи USAID, ки яке аз шарикони стратегии  вазорат дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад, миннатдорӣ баён намуда, афзудааст, ки то имрӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон нишонаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. 

  - Вале тавре мегӯянд, “илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ”. Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикитон ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар  дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона намуда истодаанд, - таъкид доштааст муовини вазир.

 

Ҷумъа, Март 06 2020

   Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба сокинони мамлакат муроҷиат намуда, таъкид медорад, ки ба овозаҳои беасос ва ҳангомаҳои баъзе тоҷирони манфиатдор вобаста ба кам шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти асосӣ бовар накарда, ба эҳсосот дода нашаванд ва барои аз эҳтиёҷоти истеъмолии худ барзиёд харидорӣ намудани маҳсулоти хӯрокворӣ худдорӣ намоянд. Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шакар, тухм ва сабзавот дар сатҳи зарурӣ ва баъзе намуди онҳо аз меъёрҳои тавсиявии истеъмолӣ зиёдтар таъмин мебошанд. 

   Дар баёнияе, ки вазорати мазкур рӯзи 5.03.2020 нашр намуд, гуфта мешавад, ки мувофиқи омори расмӣ, маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шакар, тухм ва сабзавот дар сатҳи зарурӣ ва баъзе намуди онҳо аз меъёрҳои тавсиявии истеъмолӣ зиёдтар таъмин мебошанд.

   Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли ғалла дар дохили мамлакат 1,4 млн. тонна, аз ҷумла гандум 836,2 ҳазор тонна ва воридоти он 1,1 млн. тоннаро ташкил дод. Истеҳсоли орд (бо назардошти коркарди гандуми воридотӣ) тибқи ҳисобҳо тахминан ба 1,5 млн тонна баробар гардид, ки нисбат ба соли 2018 132 ҳазор тонна зиёд аст.

Ҳаҷми истеҳсол ва воридоти равғани растанӣ соли 2019 то 120 ҳазор тонна ё нисбат ба соли 2018 28 ҳазор тонна зиёд шуд.

   Соли 2019 истеҳсол ва воридоти гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 168,3 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 11 ҳазор тонна зиёд ва тухм ба 766 млн. дона баробар гардид (аз ҷумла 726 млн дона истеҳсоли дохилӣ ва 40 млн дона воридот), ки нисбат ба соли 2018 281 млн. дона афзоиш ёфтааст.

   Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо инчунин зикр карданд, ки «овозаҳо оид ба манъи воридот асос надоранд. Зеро ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон соли 2019 нисбат ба соли 2018 106,3 фоиз, аз ҷумла моҳи январи соли 2020 нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта 120 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи воридоти маҳсулоти хӯрокӣ дар ҳаҷми умумии воридот аз Чин ночиз, яъне ҳамагӣ 0,3 фоиз аст, чунки маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла гандум ва орд асосан аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид мегарданд».

 

 

Панҷшанбе, Март 05 2020

    Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба хабару овозаҳое, ки имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба сирояти коронавирус  нашр мешаванд, ба самъи шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки то имрӯз дар мамлакат ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашуда, танҳо чораҳои пешгирии он  рӯз то рӯз пурзӯр карда шуда истодааст. 

    Роҳандозии чораҳои пешгирикунанда аз сирояти ин беморӣ набояд шаҳрвандони мамлакатро ба таҳлука андозанд. Бояд таъкид намуд, ки  танҳо ва танҳо чораҳои роҳандозикардашуда, аз ҷумла худдорӣ намудан аз иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо вируси мазкур ба қайд гирифта шудааст, муваққатан худдорӣ намудан аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо, ба истиснои намози ҷаноза ва манъи муваққатии чорабиниҳои оммавӣ ба хотири пешгирии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

    Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз ВАО-и мамлакат даъват ба амал меорад, ки  оид ба ин масъалаи ҳассос танҳо маълумоти расмӣ ва санҷидашударо нашр намуда, ба шаҳрвандони мамлакат маълумоти воқеиро расонанд.

    Чунин ба назар мерасад, ки як гурӯҳ одамон бо истифода аз шабакаи интернет аз нашри ҳар гуна хабарҳои дурӯғ ва беасос вобаста ба он ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, манфиатдор буда, бо ин роҳ мехоҳанд мардумро ба тарсу ҳарос андозанд.

    Бо мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ  тавсия дода мешавад, ки ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, дастонро бояд тез-тез бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯянд.  Барои иммунитети худро мустаҳкам намудан бештар меваҷоту сабзавот истеъмол намоянд. Инчунин дар ҷойҳои серодам камтар гашту гузор намуда  ё ҳангоми будан дар чунин ҷойҳо аз ниқоб истифода намоянд. Ҳамзамон як муддат  аз дастӣ салом кардан ва ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, бӯсобусӣ намудан худдорӣ намоянд.

    Айни замон шаҳрвандоне, ки аз 5 кишвар-Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Афғонистон ва Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд.

 

 

Панҷшанбе, Март 05 2020

   Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ аз намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, ки дар ҶТ намояндагӣ доранд, тақозо кардааст, ки бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии короновирус фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо ба шаҳрвандони бархе аз кишварҳои бештар аз коронавирус сироятёфта, муваққатан манъ намоянд. 

   Тибқи мактуби нави Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ, ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз намояндагии ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост шудааст, ки фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба хатсайрҳои парвози ҳавопаймоҳо ба самтҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Италия ва ба мусофироне, ки аз кишварҳои зикргардида нияти сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, муваққатан манъ карда шавад. 

 

 

 

 

Панҷшанбе, Март 05 2020

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ иҷозатдиҳӣ барои корро ба шаҳрвандони кишварҳое, ки дар онҳо сирояти зиёди коронавирус ба қайд гирифта шудааст, қатъ намуд.

   Тавре маркази матбуоти вазорати номбурда хабар медиҳад, барои пешгирӣ аз бемории коронавирус дар дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои вазорат, бахусус дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ гӯшаҳои иттилоотӣ ташкил шуда, барои муваққатан манъ кардани додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони кишварҳое, ки дар онҳо шумораи зиёди коронавирус ба қайд гирифта шудааст, худдорӣ намудан аз сафарҳои хизматии кормандон ба давлатҳои хориҷие, ки сатҳи мубталошавӣ ба ин вирус зиёд мебошад, тасмим гирифта шуд.

    Гуфта мешавад, ки риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ ва меъёрҳои тозагию беҳдоштӣ дар ҷойҳои корӣ, бурдани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, хусусан дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, талаб намудани маълумотномаи тиббӣ зимни дастрас гардидани иҷозати корӣ пешбинӣ шудааст. 

 

Чоршанбе, Март 04 2020

Яке аз масъалаҳои мубрам ва ҳассоси имрӯза, ин зиёд гардидани ҷудошавии оилаҳои ҷавон мебошад. Ин дар ҳоле, ки дар тамоми ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳо  ҳатто дар ҷамоату маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ  рафта истодааст. Вале ин тадбирҳо на ҳамавақт натиҷаи мусбат дода истодааст. Дар вилояти Суғд бошад ин муаммо боз ҳам нигаронкунанда аст. Тибқи маълумоте, ки аз Агентии омори  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати омори Демографӣ шуғли аҳолӣ ва омори иҷтимоӣ дар вилояти Суғд дастрас намудем, дар соли сипаришудаи 2019 дар вилояти Суғд 21585 оила барпо ва 4272  оила расман ҷудо шуданд. Ин дар ҳоле, ки соли 2018-ум 22742 нафар никоҳ баста, 4046 адади он  бекор карда шуд. 

Никоҳ каму талоқ беш шуд!

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи 2018 никоҳ 1157 адад кам шуда, талоқ 226 адад зиёд гардидааст. Аз рӯи таҳлилҳои  Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Суғд омилҳои асосии вайроншавии оилаҳо  ин якдигарнофаҳмӣ, беморӣ доштани  яке аз тарафҳо, дахолати волидон, таҳаммулнопазирӣ, хиёнати ҳамсарон, муҳоҷирати меҳнатӣ, бефарзандӣ, вазъи пасти иқтисодии оилаҳо мебошад. 

Ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд дар соли гузашта 444 адад ҳодисаи  ҷудошавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин дар ҳамин давраи соли 2018 77 адад зиёд бекоршавии никоҳро нишон медиҳад. Муқаддас Шодибоева сармутахассиси шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии шаҳри Хуҷанд мегӯяд, барои пешгирии ҷудошавӣ байни оилаҳо шӯъбаи кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и шаҳри Хуҷанд корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуда истодааст. Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд  гурӯҳи корӣ ташкил намуда хонаводаҳоеро, ки тасмими ҷудошавӣ доранд бо фаҳмондадиҳии мушкилоташон оштӣ дода истодаем. Яъне, ба ғайр аз барномаҳои амалкунанда ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳаллаҳо, инчунин роҳи оштӣ додани зану шавҳар ва волидони онҳоро корбарӣ менамоем, ки он  натиҷаи хуб дода истодааст. Масалан бо роҳи фаҳмондадиҳии оштинамоӣ моҳи январи соли 2020 ду оиларо ба ҳам оштӣ додем. 

 

Интернет, хушдоман ва муҳоҷират

Оила дар мардуми Шарқ бахусус барои мардуми мусулмон ва халқи тоҷик пайванди муқаддас ба ҳисоб меравад. Аммо имрӯзҳо кӯчактарин муаммо байни ҷавонон бо хотимаи он ва ҷудошавӣ анҷом ёфта истодааст. Сабабҳои ҷудошавии оилаҳо зиёд аст. Аз ҷумла истифодаи интернет, аз байн рафтани маданияти шарқиёна байни ҷавонон, муҳоҷирати меҳнатӣ, тафоҳуми хонаводаҳо, муаммои келину хушдоман низ сабаби боиси  ҷудошавии оилаҳо гардида истодааст. Пас чи бояд кард? Фардо бо ҷомеаи мо чӣ хоҳад шуд? Худ қазоват намоед.

Сумани Набиҷон

Хуҷанд, махсус барои СССР

 

саҳ 10 аз 128

Китобҳо

Flag Counter